Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия: "Ду санади муҳим" дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми апрел бо як сафари расмӣ озими Русия мешавад.

Сафаре, ки муҳоҷирони тоҷик ва аҳли хонаводаи онҳо аз натиҷаҳои он интизориҳои зиёд доранд ва умедворанд, ки раиси ҷумҳур масъалаи беҳбуди вазъи онҳоро ба ҳамтои русаш дар миён мегузорад. Мақомоти тоҷику рус мегӯянд, муҳоҷират аз масъалаҳои калидии гуфтугуи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои русаш Владимир Путин хоҳад буд.

"Русия мепурсад, мо мутахассис мефиристем"

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷират аз масъалаҳои муҳими сафари Эмомалӣ Раҳмон аст ва дар ин бора ду созишномаи нав ба имзо мерасад. Ҷаноби Фролов гуфт, яке аз ин созишномаҳо дар бораи интиқоли созмонёфтаи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба Русия мебошад.

Муҳоҷират барои давлати Тоҷикистон, ки қудрати таъмини шаҳрвандонашро бо ҷойи кор дар дохил надорад, масъалаи муҳим аст.

Сафири Русия ин созишномаро як "санади муҳиме" ном бурд, ки ба раванди муҳоҷирати корӣ заминаи беҳтари ҳуқуқӣ мегузорад. Бо вуҷуди он, ки масъала барои даҳҳо ҳазор хонаводаи тоҷик ва ҳам муносибатҳои байни ду кишвар муҳим шумурда мешавад, сафир Лякин-Фролов дар бораи ҷузъиёти ин санад ва пешомадҳои эҳтимолии масъала суҳбат накард.

Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, созишнома дар бораи муҳоҷират асосан он муҳоҷиронеро дар бар мегирад, ки аз суи идораҳои расмӣ барои кор ба Русия фиристода мешаванд. Як ҳамсуҳбати мо дар мақомоти Тоҷикистон, ки аз раванди омадагиҳои сафари президент ба Русия огоҳ аст, гуфт, баъд аз имзои созишномаи нави муҳоҷират, Русия ба Тоҷикистон руйхати мутахассисонеро, ки барояш лозим аст, мефиристад.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.

"Аз руи он дар Тоҷикистон мутахассисон омода карда мешаванд. Баъди омода шудан ин гурӯҳи муҳоҷирон аз ҷониби Оҷонсии бакортаъминкунӣ дар хориҷи кишвар ба Русия фиристода мешаванд,”-гуфт манбаъ. Ҳамсуҳбати мо дар Вазорати меҳнат гуфт, созишномаи дуввум мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои бахши муҳоҷирати ду кишвар дар Маскав ва Душанберо ба танзим меорад.

Мақомоти тоҷик дар ҳоле мехоҳанд муҳоҷирон "муташаккилона" аз тариқи ниҳодҳои зертобеи Вазорати меҳнат ба Русия раванд, ки чунин таҷриба дар гузашта ба чолишҳои зиёде рубарӯ шуда буд. Аз ҷумла, моҳи марти имсол як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик, ки тариқи ниҳодҳои давлатии меҳнат ба Русия рафта буданд, аз афтидан ба шароити ғуломӣ шикоят карда буданд.

Ин гуруҳи муҳоҷирон, ки беш аз даҳ нафар буданд, мақомоти шуғли меҳнатро дар Тоҷикистон ба "ваъдахилофӣ" муттаҳам карда, гуфта буданд, бо кӯмаки мақомот ба Русия барои кор рафта, вале дар шароити сахту сангин қарор гирифтанд.

Ин гуруҳи муҳоҷирон аз шароити сангини кор, маҳрум шудан аз шиносномаҳо ва даромади камтар назар ба он чӣ ки ваъда доданд, шикоят карданд. Аммо мақомот иддаои ин муҳоҷиронро бепоя хонда буданд.

"Барои як гуноҳи майда депорт мекунанд"

Ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия пеш аз ҳама аз ҷониби муҳоҷирон ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон ҷиддӣ пайгирӣ мешавад. Русия кишвари умдаи мизбони муҳоҷирони кории тоҷик аст ва ин қишри аҳолӣ аз ҳар сафари Эмомалӣ Раҳмон интизори беҳбуд ёфтани вазъи худ мебошанд.

Дар роҳ ба сӯи муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ.
Дар роҳ ба сӯи муҳоҷират. Акс аз бойгонӣ.

Муҳсин, як муҳоҷири 30-солаи тоҷик мехоҳад зимни сафари президент ба Русия мушкили сабти ном ва гирифтани патенти ӯ ва даҳҳо ҳамтоёнаш сабуктар шавад. Муҳсин дар шаҳри Новосибирски Русия кор мекунад ва мегӯяд, дар вазъе қарор гирифтаанд, ки мақомоти Русия метавонанд барои ҳар мушкили кӯчак онҳоро депорт ё ихроҷ кунанд.

"Ҳар сол баробари расидан ба Русия маҷбурем бо 25-30 ҳазор рубл ҳуҷҷат кунем. Барои патент гирифтанд қариб як моҳ сарсон мешавем. Боз агар берун аз ҷое, ки худатро ба қайд гузошта, зиндагӣ кунӣ, ҷарима ва ҳатто ихроҷ мекунанд. Мо баъзан маҷбурем, ки ба ҷои дуртар ба кор равем. Ин масъаларо илтимос бинанд ва камтар аҳволи моро сабук кунанд",-гуфт ҳамсуҳбати мо. Ин муҳоҷири тоҷик афзуд, ба вазъи ҳамкорони қирғизаш ҳасад мехурад, ки мисли ӯ сарсонӣ надоранд.

Даъват ба афви муҳоҷирон

Ҳомиёни ҳуқуқ низ даъват доранд, ки дар сафари президенти Тоҷикистон ба Русия инчунин масъалаи авфи муҳоҷирони кории тоҷик низ ҳал карда шавад. Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, масъалаи авфи 226 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ҳастанд, дар баррасии ҷиддии мақомоти ду кишвар қарор дорад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров, ин гуруҳи муҳоҷирон муштоқи кушодани вурудашон ба Русия ҳастанд. Ҷаноби Ёров афзуд, мушкили ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳалли масъалаҳои нафақа аз масъалаи дигари бахши муҳоҷират аст, ки ҳалли худро мехоҳад. Ба таъкиди ин ҳомии ҳуқуқ, "масъалаи асосии калон ин аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон муҳофизат кардан аст, ки то ба ҳол дар як дараҷаи паст ва қариб ба сифр баробар аст. Рӯз ба рӯз ҳоли муҳоҷирони тоҷик бад шуда истодаасту беҳ не".

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони тоҷик аз мақомот дархост доранд, то санади марбут ба муҳоҷирон, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав имзо мешавад, маҳдуд ба як гуруҳи муҳоҷирон набошад. Муҳоҷирон мегӯянд, ҳамаи онҳо наметавонанд тариқи ниҳодҳои зертобеи Вазорати меҳнат ба Русия раванд ва дар аксар ҳолат маҷбуранд мустақилона ба муҳоҷират раванд.

Муҳоҷират барои давлати Тоҷикистон, ки қудрати таъмини шаҳрвандонашро бо ҷойи кор дар дохил надорад, масъалаи муҳим аст. Аз Тоҷикистон ба хориҷ солона беш аз як миллион нафар ба муҳоҷират мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо чархаи аслии иқтисоди кишвар гуфта мешавад. Аксари муҳоҷирон танҳо таъминкунандаи рӯзгори оилаҳояшон дар Тоҷикистон мебошанд ва ба ҳамин хотир, омода мешаванд дар сангинтарин шароит кор кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG