Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфт, кӯдаконро бо компютер машғул надоред, вагарна...


Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавсия додааст, ки кӯдакони аз 2 то 4-сола набояд, набояд дар як рӯз бештар аз як соат, телефон, телевизион, ё комютер бубинанд.

Ба гуфтаи созмон, кӯдакони 1-сола аслан набояд бо ин абзор машғул дошта шаванд. Ин муасссаи Созмони Милал нахустин дастуруламал дар бораи истифодаи кӯдакон аз телефону дигар абзори электрониро рӯзи 24-уми апрел нашр кард.

Дар он омадааст, ки кӯдакони то 5-сола бояд, серҳаракат бошанд ва ба қадри кофӣ бихобанд, то бо одатҳои дурусти зиндагӣ бузург шаванд, аз фарбеҳӣ ва дигар бемориҳо дар калонсолӣ эмин бошанд. Дар баёнияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ омадааст, “Фаъолиятҳои солими ҷисмонӣ, беҳаракатӣ, шеваи хоб дар марҳилаи аввали зиндагӣ, одатҳои замони кӯдакӣ, ноболиғӣ ва бузургсолиро шакл медиҳанд.

Ба қавли созмон, кӯдакони аз 1 то 4-сола бояд дар як рӯз на камтар аз се соат фаъолиятҳои ҷисмонӣ дошта бошанд. Кӯдакони то яксоларо аслан набояд бо телефону бозиҳои компютерӣ ва назди телевизион машғул нигаҳ доранд ва имкон диҳанд, ки онҳо рӯи замин бо бозиҳои худ саргарм бошанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, камҳаракатӣ яке аз омилҳои асосии маргу мир ва фарбеҳии афзоянда дар саросари ҷаҳон аст.

Гузоришҳои видеоӣ

"Толиби амрикоӣ" озод мешавад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG