Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Олимтой"- и ҷанҷолиро аз роҳи Кӯлоб-Душанбе бардоштанд


Акс аз бойгонист.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як посгоҳи ҷанҷолӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлобро аз байн бардоштааст, чун ба гуфтаи мақомоти вазорат натиҷаи кораш хуб набуд.

Посгоҳи “Олимтой” дар яке аз шоҳроҳҳои аслии кишварро, ки то ба Вилояти Бадахшон мерасад, баъд аз танқиди Қоҳир Расулзода бастаанд. Як манбаъ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дидбонгоҳро нимаи моҳи апрел бастанд ва баъд аз онки Қоҳир Расулзода гуфт, ки дар роҳҳои минтақа посгоҳ бисёр зиёд аст.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, нахуствазир, ки аз соли 2018 то кунун чанд дафъа ба Кӯлоб рафтааст, дар як ҷаласаи корӣ дар шаҳр аз теъдоди зиёди посгоҳҳо танқид карда ва гуфтааст, дар даромадгоҳи шаҳр вуҷуд доштани посгоҳ хуб нест.

Ӯ афзуд: “Як сол шуд, ки сарвазир ба минтақаи Кӯлоб ба мошин рафта меояд ва медонад, ки дар куҷо посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳаст. Аз 10-уми апрел сафар дошт ва дар Кӯлоб ҷаласаи калон доир шуд. Дар он тамоми сохторҳо ҳузур доштанд ва аз посгоҳҳои зиёд интиқод кард, ки қариб дар даромадгоҳҳои ҳамаи ноҳияҳои минтақа ҳаст, аз ин рӯ посгоҳро баъди суханронии сарвазир бастанд.”

"Чун кораш хуб набуд, бастем"

Дар вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, посгоҳро барои он бастанд, ки натиҷаи хуби корӣ нишон надод ва вазорат будани онро зарур надонист. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки посгоҳ бо мақсади муайян гузошта мешавад, то натиҷаи хуб нишон диҳад.

Ӯ афзуд, на танҳо посгоҳи “Олимтой”-ро бардоштанд, балки чанд посгоҳи дигар аз ҷумла дар ноҳияи Фархор ба айни сарнавишт, дучор омаданд. Умарҷони Эмомалӣ гуфт, дар баробари санҷидани санадҳои ронандагон, назорат бар риояти қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, посгоҳҳо бояд дар ошкор кардани қонуншиканиҳо ҳам саҳм дошта бошанд.

Умарҷони Эмомалӣ гуфт: “Посгоҳи Олимтой ба натиҷаи хуб ноил нагашт, зеро ҳар посгоҳ бо мақсади муайян гузошта мешавад, ки натиҷаҳои корӣ дошта бошад. Мисол, вобаста ба ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ҷинояту ҷинояткорӣ аст, ки натиҷаи хуб нишон надоданд. Барои ҳамин вазорат посгоҳи Олимтойро зарур нашуморид ва корашро қатъ кард.“

Фаъолияти посгоҳи “Олимтой”, ки номаш бо ришвахорӣ ва ё худсарии нозирон маъруф ҳам шудааст, бори аввал нест, ки қатъ мешавад. Дар гузашта низ онро чанд маротиба бардоштанд, вале дигарбора пайдо шуд.

Соли 2013 вазорат гуруҳе аз нозирони «Олимтой»-ро танбеҳ дод, чун ба гуфтаи мақомот худсарона дар онҷо истода ва бо манъу тафтиши беасоси ронандагон сабаби хашму норизоятии онҳо шудаанд.

Ронандагон ҳам мегӯянд, ки ҳар гоҳи гузаштан аз посгоҳ “ҳаққи нозири роҳро бояд бидиҳанд”, ҳарчанд худи маъмурони милиса мегӯянд, иддаои ришваситонии онҳо беасос аст.​

"Хурсандем, аммо муваққатӣ набошад”

Ҳоло ду ҳафта мешавад, ки дигар посгоҳи “Олимтой” нест ва ронандагон, ки аз Душанбе ба ин самт меоянд, хурсанданд. Ҷамшед Муродов, яке аз ин ронандагон ба Радиои Озодӣ гуфт, хушҳол аст, ки як посгоҳ кам шуд.

Ӯ афзуд, ҳарчанд дар ин самт зиёд рафтуомад мекунанд ва нозирон ҳам хуб ӯро мешиносанд, вале ҳар дафъа, мошинашро нигаҳ медоранд ва тафтиш мекунанд.

Ҷамшед Муродов гуфт: “Аз Кӯлоб мебароӣ, мебинанд, ҳуҷҷат мепурсанд ва боз ҳамон нафароне, ки як рӯзи пеш дар даромади Кӯлоб буданд дар он минтақа меистанд ва моро медонанд ва боз манъ мекунанд ва месанҷанд. Ростӣ мо хурсандем, агар муваққатӣ набошад.”

Ҳоло мақомот мегӯяд, баъди бастани “Олимтой” дар минтақаи Кӯлоб ду посгоҳ мондааст. Аммо ронандагон мегӯяд, ки дар канори роҳи Кӯлоб-Душанбе дар чанд мавзеъ, нозирон бо суръатсанҷ истода ва ҳаракати мошинҳоро назорат мекунанд.

Фаъолияти посгоҳҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон ҳамеша масъалаи доғе будааст. Ронандагон мегӯянд, ҳар сари қадам нигаҳ доштани онҳо зоеъ кардани вақт аст.

Ришваситонӣ дар байни нозирон афсонаву достон ҳам шудааст. Ҷанҷол бо нозирони роҳ, гиребонгирӣ ва то ба додгоҳ рафтани ронандагон барои даъво бо нозири роҳ ҳам дар кишвар кам нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG