Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои дурӯғгӯӣ дар бораи муҳоҷирони тоҷик ба нафъи нашрияи русӣ анҷомид. САДО


Муҳоҷирон дар Якутск

Додгоҳе дар Ёқутистони Русия парвандаи нахустинро бар асоси моддаи "хабари дурӯғ" (fake news) баррасӣ кард, вале шикояти Вазорати корҳои дохилиро нисбат ба нашрияи "Якутск вечерний" қонеъ накард. Парвандаи маъмурӣ моҳи апрел қатъ шуд.

Нашрияи "Якутск вечерний" моҳи марти имсол, дар авҷи эътирозу ошӯбҳои зидди муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон, хабареро дар саҳифаи аввали худ бо чунин сарлавҳа нашр кард: "Як нафари дигар? Гастарбайтере аз Тоҷикистон боздошт шуд, ки ба духтари 14-сола ҳамла кардааст"

Вазорати умури дохилии Ёқутистон нашрияро дар пахши хабари дурӯғ муттаҳам кард ва Кумитаи тафтишот гуфт, ки ҳодиса тоза нест ва тирамоҳи соли 2018 рӯй додааст.

Масъулони нашрия ба дурустии хабари худ пойфишорӣ доранд. Онҳо гуфтанд, азбаски модари духтар рӯзи 21 март аризаи худро ба полис дода, дар он шаҳрванди Тоҷикистонро ба дастдарозӣ ба номуси духтараш муттаҳам кард, ҷоиз донистанд, хабарро чоп кунанд.

Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, чопи матлаб дар бораи "ҷинояткории як шаҳрванди хориҷӣ" дар шабурӯзи муқовимати онҳо бо мавҷи эътирозҳои зидди муҳоҷирон "як иғвогарӣ" аст, ба вижа, ки дуруст санҷида нашудааст.

Дар Якутск чӣ гузашт?

Шаҳри Якутск – маркази маъмурии Ҷумҳурии Саха-Ёқутистон – чаҳор рӯз пеш аз нашри ин матлаб шоҳиди эътирозҳои бузурги сокинони маҳаллӣ зидди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шуд. Сабаби эътироз – хабари гӯиё дар таҷовуз ба номуси зани маҳаллӣ гумонбар шудани се муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ буд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00
Линки мустақим

Рӯзи 18 март Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, се нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса боздошт карда, таҳқиқро оғоз кардааст. Ҳамон рӯз чанд ҳазор сокини Ёқутистон, ки аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро ба варзишгоҳи марказӣ даъват шуданд, аз раиси ҷумҳурӣ талаб карданд, то чора андешад.

Баъди ин, дар Ёқутистон ошӯбу ҳамла ба зидди муҳоҷирон сар шуд ва даҳҳо зодаи Осиёи Миёна, ки ба ҳайси ронандаи мусофиркаш кор мекарданд, ба кор набаромаданд. Моҷаро бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷамъиятҳои милливу дипломатҳо ва ҳукумати маҳаллӣ пахш карда шуд.

Даря Гускова, хабарнигори "Медиазона", як вебсайти мустақили хабарӣ дар Маскав, ин мавзӯъро таҳқиқ кардааст. Ӯ рӯзи 14 май ба Радиои Озодӣ гуфт, қонуни баҳсбарангези нав дар бораи нашри хабарҳои дурӯғин дар матбуот 29 март ба иҷро даромад ва ҷониби айбдоркунанда – ВКД-и Ёқутистон ҳамин қонунро истифода карда, нашрияро дар пахши хабари дурӯғин муттаҳам намуд.

Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран додгоҳ далелҳои полисро кофӣ надонист ва баррасии қазияро қатъ кард. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Гускова, "матлаби нашршуда ҳам хеле шитобзада навишта ва чоп шудааст. Аз ин матлаб, ки як воҳима эҷод мекунад, дуруст чизе фаҳмида намешавад".

Ҷиноят буд ё набуд?

Кумитаи тафтишот дар Ҷумҳурии Ёқутистон рӯзи 22 март хабаре нашр кард ва гуфт, ҳодисаи чопшуда дар матлаби “Якутск вечерний”, ки санаи содир шудани ҷинояти ахлоқиро нашр намекунад, моҳи ноябри соли 2018 рух додааст.

Модари духтари 14-солае ба полис гуфтааст, дар рафтори духтараш тағйирот мушоҳида кард ва муроҷиати ӯ ба духтури занона собит кард, ки наврас муносибатҳои маҳрамона доштааст. Дар сӯҳбат бо духтараш дар моҳи ноябр зан ба хулосае омадааст, ки наздикии ҷинсии ӯ бо шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон “бидуни хоҳиши духтараш” рух додааст.

Вале ҷавони боздоштшуда ба полис гуфтааст, муносибатҳои ҷинсии ӯву духтари ноболиғ “бо ризоияти ду тараф” сурат гирифт. Инро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 22 март Музаффар Сангалиев, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Ёқутистон низ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар бозпурсиҳои аввали ин ҷавони тоҷик ширкат дошт.

"Ин духтару писар якдигарро дӯст медоштаанд. Модари ӯ ба мақомот муроҷиат карда буд, мо дар рафти тафтишот ҳузур доштем. Духтар иброз дошт, ки ҷавонро дӯст медорад ва ҳама чиз бо хоҳиши ду ҷониб сурат гирифтааст”, -- афзуд ӯ.

Айсен Николаев, раиси Ёқутистон дар субат бо эътирозгарон
Айсен Николаев, раиси Ёқутистон дар субат бо эътирозгарон

Сангалиев гуфт, нашри маводе ба ин мазмун дар шабурӯзи эътирозҳои зидди муҳоҷирон амали "иғвобарангез" буд. Феълан ҷараёни тафтишот ва ҳам хулосаҳои пешакии муфаттишон аз рӯи ин парванда маълум нест.

Ношири гузориш ба ҳақ будани худ бовар дорад

Виталий Обедин, муовини сардабири нашрияи “Якутск вечерний” масъули нашри хабари баҳсбарангези рӯзи 22 март аст. Ин нашрия мегӯяд, ғайридавлатӣ буда, 30 ҳазор нусха нашр мешавад ва дар ҷумҳурӣ “бисёр маъруф аст”.

Обедин рӯзи 14 май дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки мурофиаи додгоҳии ВКД-и Ёқутистон зидди нашрия, “ба фоидаи ӯ” анҷомид. Ӯ гуфт, хабари нашркардааш “дурӯғ набуд” ва аз тасмимаш дар пахши хабар ҳимоят кард.

Обедин гуфт, чопи матлаб дар бораи содир кардани ҷиноят аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон ба нооромиҳои иҷтимоии Якутск “рабт надорад” ва ӯ “танҳо вазифаи касбии худро иҷро кард”.

Ӯ гуфт: “Баъзеҳо аз ман интиқод мекунанд, ки хабарро дар авҷи танишҳои миллӣ пахш кардем. Яъне, онҳо мегӯянд, ки мо бояд миллати ӯро наменавиштем, чунки матлаб эҳсоси миллатбадбиниро бедор мекард. Як сабаби ин ки мо ба ин кор даст задем он буд, ки кори сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба низоми омодабош гузаронида шуд. Вазир амр дод, ба ҳодисаҳое, ки бар асоси бадбинии миллӣ рух медиҳанд, вокуниши сахт нишон диҳанд. Мо ба ин хулоса омадем, ки дар замони реҷаи шадиди кори полис ин хабарро нашр мекунем. Агар мо ин хабарро як ҳафта баъд чоп мекардем, вазъ ба ҳолати пешина бармегашт.”

Обедин мутмаин аст, ки кори худро бар асоси меъёрҳои касбӣ анҷом дод, хабарро сари вақт нашр кард ва чопи исму шаҳрвандии “ҷинояткор” ва “педофил” вазифаи касбии ӯ буд. Обедин гуфт, худаш аз волидони русу чуваш ба дунё омадааст ва миллатгаро ваё душмани муҳоҷирон нест ва аз нашри матлаби ӯ “набояд хулосаҳои нодуруст” гирифт.

Марзи сензураву озодии баён кадом аст?

Муҳаққиқи ин мавзӯъ Даря Гускова ба ин бовар аст, ки нақши матбуот ва расонаҳои хабарӣ дар пахши матолиб ба вижа дар шароити ихтилофҳои миллӣ ва қавмӣ эҳтиёткориро тақозо мекунад. Ба гуфтаи ӯ, марзи миёни сензура ва озодии баён хеле нозук аст ва журналистон, агар махсус набошад, пас, нохудогоҳ метавонанд ба оташи низоъҳои қавмӣ равған резанд.

Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, ки дар матлаби Гускова ҳам нашр шудааст, аз миёни 117 ҳодисаи таҷовуз ба номус дар Ёқутистон дар соли 2017 – дар 6 ҳолат ва соли 2018 аз 296 ҳодисаи таҷовуз ба номус – дар 4 ҳолат шаҳрвандони хориҷӣ айбдор шудаанд.

Сергей Михеев, як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маркази зиддитабъйизи “Мемориал” мегӯяд, ҳодисаҳое, ки дар Ёқутистон рух дод, ҳосили сиёсати куллии муҳоҷирситезии ҳукумати марказии Русия аст. Ба гуфтаи ӯ, дар консепсияи охирини давлатии ин кишвар нисбат ба муҳоҷирон шеваи бархӯрд бо коргарони хориҷӣ ба самти шадидтар шудани муқаррароту шароити кору зиндагиашон таҳия шудааст.

Михеев ба Радиои Озодӣ рӯзи 14 май гуфт: “Вақте мо заминаҳои ихтилофҳои зиддимуҳоҷирон дар Ёқутистонро таҳлил кардем, дарёфтем, ки ин ҳодисаҳо ба ҷуз чанд баҳонаи маишии ихтилоф бо муҳоҷирон, мисли дарёфти ҷои кор, решаҳои амиқ надорад. Инро ба мо мақомоти маҳаллӣ ҳам дар сӯҳбатҳо тасдиқ карданд. Ин мавҷро миллатгароҳо барангехтанд ва ин посух ба иқдомҳои Маскав дар амри ба танзим даровардани муҳоҷират мебошад”.

Даҳ рӯз баъди низоъҳо, раиси ин минтақа ҳам як қарори сареи худро нашр кард: бар асоси қарори Айсен Николаев, ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар 33 бахш, аз ҷумла, тиҷорат, нақлиёти ҷамъиятӣ, ғизо, сохтмон ва хадамоти таксиву дигарҳо мамнӯъ эълон шудааст. Ин қарор ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ, яъне шаҳрвандони Қирғизистон рабт надорад.

Дар Ёқутистон, ба иттилои ҷомеаи тоҷикон, 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва бар асоси омори расмӣ, дар соли 2019 шумори муҳоҷирон дар ин минтақа дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG