Дар чанд ҷумла
Эътирози якка зидди сиёсати молиявии “Агроинвестбонк”
Бино ба як аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, зоҳиран муштарии “Агроинвестбонк” - бонки гирифтори буҳрон - бо шиоре ба кӯча баромада, эътирози худро аз кори бонк баён доштааст.
Дар шиори дасти ӯ аз он изҳори норизоиятӣ шудааст, ки кормандони бонк ҳамоно музди баланд мегиранд, дар ҳоле ки гӯё 600 ҳисоби пиронсолон, модарон ва маъюбон баста буда, ба онҳо моҳе 50, 100 ва 300 сомонӣ медиҳанд.
Ба эҳтимоли зиёд дар ин навишта аз бахши бонки мазкур дар шаҳри Хуҷанд сухан меравад ва гуфта мешавад, дар он 5 ҳисобдор, ҳар кадом бо моҳонаи 3000 сомонӣ, хазинадор 5000 сомонӣ кор мекунанд ва моҳонаи раҳбари бахш номаълум аст.
Ҳуввияти эътирозгар ва кай рух додани пикети якка маълум нест, вале акс рӯзи 18-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.
“Агроинвестбонк” ҳамроҳ бо “Тоҷиксодиротбонк” – яке аз ду бонки бузурги Тоҷикистон аст, аз соли 2015 ба сӯ гирифтори мушкиланд. Давлати Тоҷикистон барои наҷоти ин бонк 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ кумак кардааст.
Гуфта мешавад, бонкҳои мазкур ба сабаби додани вомҳои бузруг ва мушкилситон ба ин ҳол афтодаанд. Муштариёни ин бонкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори норизоиятӣ мекунанд, вале бори аввал аст, ки дар ин робита пикети якка сурат гирифтааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Агрегати ҳафтуми нирӯгоҳи Норакро бозсозӣ карданд
Дар Тоҷикистон таҷдиди яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи асосии кишварро ба поён расонданд, ки ба гуфтаи мақомот, ба афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ мусоидат мекунад.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 24-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки расми ба кор андохтани агрегати 7-уми нерӯгоҳи Норак, ки дар солҳои дароз фарсуда шуда буд, бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Тармими агрегат ду солро дар бар гирифта ва барои он тақрибан 40 миллион евро харҷ шудааст. Дар баёния омадааст, ки акнун тавоноии агрегат афзоиш ёфтааст ва он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намояд.
Навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки ҳоло таъминкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон аст, соли 2019 оғоз ёфт ва то кунун се чархаи онро иваз кардаанд.
Дар маҷмӯъ барои навсозии он, ки то соли 2023 идома меёбад, ба гуфтаи мақомот, 750 миллион доллар харҷ мешавад. Нерӯгоҳи Норак айни замон бо тавоноии 3 ҳазор мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи Тоҷикистон ба шумор меравад, вале ҳамроҳ бо даҳҳо нерӯгоҳи миёнаву хурди дигар қодир ба таъмини кишвар бо нерӯи барқи кофӣ нест.
Ҳар сол сар аз тирамоҳ то баҳор бисёре аз мардуми Тоҷикистон нерӯи барқи кофӣ надоранд ва ҳукумат ҳамеша барои нотавонӣ дар таъмини ин ниёзи асосии мардум танқид мешавад.
Хушдоманро барои "ба худкушӣ расонидани арӯс" дастгир карданд
Мақомоти интизомии Тоҷикистон як модари 44-соларо барои то ба худкушӣ расонидани арӯси хонавода дастгир кардаанд, ки аломати дигаре аз ҳамчунон зиёд мондани зӯроварӣ ба зан кишвар дониста мешавад.
Вазорати умури дохилӣ рӯзи 23-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба сабаби ҷабру зулми пайвастаи ин зан, келини 21-солаи онҳо рӯзи 2-уми апрел худро ба рӯдхонаи Зарафшон андохта, худкушӣ кардааст. Дар баёния омадааст, “гумонбаршаванда аз моҳи декабри соли 2023 то инҷониб нисбати келинаш ҷавонзани 21-сола сокини ноҳияи Айнӣ муомилаи бераҳмона ва мунтазами шаъну эътиборашро паст задааст, ки аз ҷабру зулми хушдоманаш ҷабрдида 2-юми апрели соли 2025, дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ худро ба дарёи «Зарафшон» андохтааст.“
Исми зани гумонбар ваё мавқеи ӯ ба ин ҷиноят нашр намешавад ва маълум нест, то куҷо ӯ воқеан ҳам худро гунаҳгор ҳисоб мекунад.
ВКД мегӯяд, ба зидди ин зан бо иттиҳоми “расондан ба худкушӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар сурати исбот шудани гуноҳ мумкин аст, ӯро аз 3 то ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд.
Ба иттилои Камитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд. Мақомоти ин ниҳод ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо меноманд.
Як таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ мегӯяд, тақрибан 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон рух медиҳанд. Онҳо бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро пайваста танқид мекунанд, ки барои ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ ба занону духтарон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳанд.
Баъди шикоят ба мақомот волидон духтарро ба ҷавони дӯстдоштааш ба шавҳар доданд
Як ҷавони тоҷик бо муроҷиат ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз он шикоят кардааст, ки волидони духтари дӯстдоштааш ин фарзандашонро иҷборан ба каси дигар ба шавҳар додан мехоҳанд.
Вай гуфтааст, мехост бо духтар оила бунёд кунад, вале наздикони духтар зидданд. Ин ҳолатро омбудсмени тоҷик дар гузориши махсуси худ оид ба “Вазъи риояи ҳуқуқ, баробарӣ ва барҳам додани ҳама навъҳои табъиз” нақл кардааст.
Дар гузориш, ки соли равон нашр шуд, омадааст, ваколатдор бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо волидони духтар сӯҳбат ва онҳоро аз "паёмадҳои қонунии нақзи баробарҳуқуқии шаҳрвандон" огоҳ кардаанд. Баъд аз дахолати мақомот, ҷавон бо дӯхтари дӯстдоштааш издивоҷ кардааст.
Назари волидони духтар маълум нест. Омбудсмени тоҷик дар пай аз монеагузории шахсони сеюм ба издивоҷи занону мардоне, ки ба синни никоҳӣ расидаанд, нигаронӣ кардааст.
Дар гузориш омадааст, ки ҳарчанд тибқи сарқонун, мардону занон дар ин син ҳаққи интихобу издивоҷи озодро доранд, аммо ба гуфтаи ӯ, гоҳе шахсони саввум дар ин маврид қонунро зери по мекунанд.
Дар маҷмӯъ дар соли гузашта 15 нафар ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз табъиз ва нобаробарӣ шикоят кардаанд.
Тоҷикистон мехоҳад, ду миллиард дарахт нишонад
Дар Тоҷикистон мехоҳанд, то соли 2040 ҳудуди 2 млрд дарахт нишонанд. Дар ин бора Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи 23 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Саммити минтақаии экологӣ, хабар дод.
Вай гуфт, пиряхҳо дар Тоҷикистон бо суръат об мешаванд, ҳаво гармтар ва олудатар мешавад, хушкӣ бештар мегардад. Барои пешгирӣ аз оқибатҳои ин тағйирёбӣ, дар Тоҷикистон ин теъдод дарахтро менишонанд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар нишасти Остона гуфтанд, нишондани дарахт аз соли 2024 шуруъ шудааст ва то соли 2040 идома хоҳад кард.
Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона 22 апрел шуруъ шуда ва имрӯз, 24 апрел ба поён мерасад, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои ҳифзи муҳити зисти минтақавиву байналхалқӣ ва коршиносон ширкат карданд.
Дар ин нишаст масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ шуд.
Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.
Агарчӣ баҳсҳо фурӯ нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар, сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.
144 низомии рус аз хидмат фирор карда, ба куштор даст задаанд
Аз оғози ҷанги Русия бо Украина дастикам 144 низомии рус аз хидмат фирор карда, ба куштор даст задаанд. Дар ин бора тарҳи "Север.Реалии"-и Бахши русии Радиои Озодӣ бо такя ба омори додгоҳҳои Русия хабар додааст.
Бино ба ин оморҳо, соли 2024 бисту шаш сарбоз ва соли 2025 аллакай 86 сарбози рус баъд аз фирор аз артиш ба куштор айбдор шудаанд. Гунаҳкоронро аз 8 то 13 сол ба маҳкум ба зиндон карданд.
Аз ин пеш лоиҳаи OSINT- Frontelligence Insight гузориш дода буд, ки мизони фирор аз артиши Русия дар соли 2025 ба фарқ аз соли пеш ду маротиб бештар шудааст.
Сокинони зиёде дар минтақаҳои ин кишвар ҳам аз афзоиши куштору ҷиноятҳои вазнин шикоят мекунанд.
Ба гуфтаи сокинон, ҷинояткорӣ маҳз пас аз баргаштани иштирокчиёни ҷанг аз Украина ба шаҳру деҳоти онҳо авҷ гирифтааст.
Мақомоти тоҷик ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ машварат медиҳанд
Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе мақомот бо муҳоҷирони баргашта аз Русия ва онҳое, ки азми сафар ба ин кишварро доранд, суҳбату мулоқот мегузаронанд.
Бинои ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳадаф аз ин сӯҳбатҳо, ки акнун ҳамарӯза доир мешаванд, ҷалби муҳоҷирони баргашта ба ҷойҳои кори холӣ ва ба марказҳои касбу забономӯзӣ дар дохили кишвар будааст.
Ҳамчунин ба онҳое, ки роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд, машварат дода мешавад, ки барои гузаштан аз санҷиши шадид дар Русия, омодагии ҷиддӣ бинанд.
Намояндагони Хадамот дар фурудгоҳ ҳамчунин ба муҳоҷирон таъкид мекунанд, ки пеш аз сафар дақиқ кунанд, ки оё ҳаққи вуруд ба Русияро доранд ё на.
Барои ин ба таъкиди Хадамот, муҳоҷирон бояд ба намояндагии "Хадамоти шиносномавию раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе муроҷиат кунанд.
Ба муҳоҷирон ҳамчунин дар бораи қоидаву қонунҳои нави Русия маълумот дода мешавад.
Ин сӯҳбатҳо ва даъвати ҷавонон ба кор дар дохили кишвар дар ҳолест, ки муҳоҷирон борҳо гуфтаанд, ки ба далели маоши кам дар кишвар, маҷбуранд дар ҳар шароит роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.
Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар ҳамлаи Исроил
Нерӯҳои имдодрасони Лубнон эълон карданд, ки ҷасади Омол Халил, хабарнигори лубнонӣ, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби ин кишвар кушта шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе, 22 апрел аз зери вайронаҳо берун кашида шуд.
Дафтари расонаҳои Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон эълон кард, имдодгарон "муваффақ шуданд ҷасади Омол Халил, хабарнигори кушташударо, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар хонае дар шаҳри Ат-Тайри ҷон бохта буд, пайдо кунанд".
Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор , ки ин хабарнигор барои он кор мекард, кушта шудани ӯро тасдиқ кардааст.
Вазорати иттилораъсони Лубнон низ бо тасдиқи хабари кушта шудани Омол Халил гуфт, ки ӯ дар ҳоли таҳияи гузориш аз минтақаҳои ҷанубӣ буд, ки "ҳадафи ҳамлаи артиши Исроил" қарор гирифт ва кушта шуд.
Онҳо ин ҳамларо нақзи қонунҳои байналмилалӣ донистанд.
Пештар мақомҳои лубнонӣ гуфта буданд, як гурӯҳи имдодрасон, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва нишони Салиби Сурх, дар ҳоли талош барои интиқоли ду хабарнигор аз маҳали ҳамлаи ҳавоии Исроил буданд, ҳадафи "оташи барқасдона"-и артиши Исроил қарор гирифтанд.
Артиши Исроил ҳадаф қарор додани рӯзноманигоронро рад карда, монеи ҷустуҷӯи гурӯҳҳои имдодӣ дар минтақа шудааст. Артиши Исроил ҳамчунин дар вокуниш гуфтааст, ки "ин ҳодисаро баррасӣ мекунад".
Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 90% иҷро шудааст
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 рӯзи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш, қариб 90 дарсади нақша иҷро шудааст.
Ин ниҳод рӯзи 22 апрел дар сомонааш хабар дод, ки аз миёни минтақаҳои кишвар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Нақшаи даъват дар вилояти Суғд беш аз 78 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 76 дарсад иҷро шудааст. Мақомот аз афзоиши сафи ихтиёриён ба артиш мегӯянд.
Ҳарчанд имсол дар мавсими даъват шикоят аз "облава"-и ҷавонон дар роҳу хиёбонҳо ҳам зиёд нест, аммо сокинони бархе минтақаҳо аз фишор ба хонаводаи даъватшавандаҳо хабар медиҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, мақомот бо ин роҳ онҳоро маҷбур месозанд, ки фарзандонашро ба хидмат фиристанд.
Даъвати баҳории ҷавонон аз 1-уми апрел шурӯъ шуда, то охири моҳи май идома мекунад ва ҷавонони солҳои таваллудашон 1997-2008 ба сафи артиш ҷалб мешаванд.
ВКД-и Русия: ҷинояткорӣ аз сӯи хориҷиҳо кам шудааст
Дар Русия мизони ҷинояткорӣ аз сӯйи шаҳрвандони хориҷӣ якбора коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар 3 моҳи соли равон муҳоҷирон 40 дарсад камтар ҷиноят содир кардаанд. Мақомоти Русия сабабро ба пурзӯр шудани назорат аз болои муҳоҷирон ва истифода аз технологияҳои рақамӣ рабт медиҳанд.
Масъулини Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷумла, роҳандозии замимаи "Амина"-ро яке аз омилҳои коҳиши ҷиноят хондаанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирон пайваста аз мушкил дар истифода ва сабти номи худ тариқи замимаи мобилии "Амина" шикоят мекарданд.
Дар гузориш омадааст, ки сохтакории ҳуҷҷатҳо дар вилояти Маскав тақрибан 77 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилои пулиси Русия, ҷиноятҳои вазнин аз сӯйи муҳоҷирон 44 дарсад ва қочоқи маводи мухаддир беш аз 60 дар сад кам шудааст.
Қаблан муҳоҷирони зиёд, махсусан ронандаҳои таксӣ аз он шикоят мекарданд, ки бо туҳмат ин ҷиноят бар сарашон бор карда мешавад.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бо ин роҳ маъмурини пулис муҳоҷиронро ба имзои қарордод бо Вазорати дифоъ маҷбур мекарданд.
Парванда зидди 200 тан дар Тоҷикистон барои қочоқи инсон
Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, дар муддати ду сол ба зидди тақрибан 200 нафар, аз ҷумла 80 зан бо иттиҳоми қочоқи инсон ва аз ҷумла, водор кардани духтарон ба танфурӯшӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар як гузориши тозаи ҳукумат ба Созмони Милал, ки Радиои Озодӣ ҳам онро имрӯз дид, омадааст, ки ин афродро аз солҳои 2023 то соли 2025 ба ҷавобгарӣ кашидаанд ва дар ин муддат 55 парванда дар додгоҳҳо баррасӣ шуда ва аз ҷумла 38 зан барои ин ҷиноят ҷазо гирифтаанд.
Дар муддати ин солҳо бештар аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба ҷое барои танфурӯшӣ ва ё кор бурда ва истисмор шудаанд.
Мақомоти расмӣ вақтҳои ахир дар бораи ба кишварҳои арабӣ бурдану ба танфурӯшӣ маҷбур кардани духтарони тоҷик мегӯянд ва чанде пеш як овозхони начандон шинохта дар кишварро бо айни иттиҳом дастгир кардаанд.
Созмонҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз истисмори шаҳрвандон ва қочоқи онҳо кофӣ нест ва бояд дар ин бештар саъй кунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Миёна гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдиди камобӣ дар Осиёи Марказӣ, ки хонаи тақрибан 85 миллион нафар аст, ибрози нигаронӣ карда, хостори таҳкими ҳамкориҳо дар истифодаи босамари об дар минтақа шудааст.
Ӯ рӯзи 22 апрел зимни суханронӣ дар ҳамоиши минтақавии зистмуҳитӣ, ки дар шаҳри Остона сурат мегирад, гуфтааст, обшавии пиряхҳо, дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон, суръати бештар мегирад ва ин "ба вайроншавии тавозуни об, таҳдидҳо ба муҳити зист ва афзоиши фалокатҳои табиӣ оварда мерасонад".
Дар нишасти минтақавӣ, ки дар шаҳри Остона се рӯз идома мекунад ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳузур доранд, масоили ташкили сиёсати муштарак барои ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари об ва муҳофизати олами набототу ҳайвоноти минтақа баррасӣ мешаванд.
Тоҷикистону Узбекистон, Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон дар чанд соли гузашта сари тақсими об дар минтақа баҳсҳои зиёде доштанд.
Агарчӣ баҳсҳо фӯру нишастаанд, вале ихтилофоти назар боқӣ мондааст ва аз тарафи дигар сиёсатҳои худи ҳукуматҳо мушкилоти зиёди зистмуҳитӣ, аз қабили норасоии об, табоҳшавии замин, коҳиши ҷангалзорҳоро ба вуҷуд овардааст.
Идомаи таҳқиқи қатли як сокини Ванҷ
Муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ҳодисаи куштори Саломатшо Ғалчаев, як сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷро таҳқиқ доранд.
Ҳодиса шаби 17-уми март дар деҳаи Рохарви Ванҷ бар сари робитаи Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки хеши ҷавони кушташуда аст, рӯй дода буд.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 21-уми апрел дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, муфаттишон рӯзи ҷумъаи гузашта ба манзили бародараш омада, бо ҳамсару хоҳараш дар бораи ҷузъиёти ҳодисаи шаби 17 март сӯҳбат карданд.
Ба қавли Неъмат Ғалчаев, муфаттишон гуфтаанд, ки парванда такмил шудааст ва эҳтимол дорад ҳафтаи оянда ба додгоҳ фиристода шавад. Ӯ умедворӣ кард, ки мурофиаи парвандаи куштори бародараш, ки соҳиби шаш фарзанд аст, мунсифона сурат мегирад ва афсари пулис ҷазои сазовор хоҳад гирифт.
Алайҳи Ивазмад Қодиров, командири ротаи фаврии таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷ бо ҷурми "куштори одам" ва ҳолатҳои дигар, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳоли ҳозир мавқеи ӯ ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
"Русия мумкин аст убури нафти Қазоқистон ба Олмонро қатъ кунад"
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 21 апрел ба нақл аз се манбаъ гузориш дод, ки Русия қасд дорад аз аввали моҳи май интиқоли нафт аз Қазоқистон ба Олмонро аз тариқи хати лӯлаи "Дружба", қатъ кунад.
Манбаъҳои "Рейтерз", ки нахостанд номашон ошкор шавад, гуфтанд, ки ҷадвали ислоҳшудаи содироти нафт ба Олмон ва Қазоқистон фиристода шудааст.
"Рейтерз" қатъи интиқоли нафтро ба танишҳо байни Маскав ва Берлин бинобар ҷанги Русия дар Украина, рабт додааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия гуфтааст, аз қатъи интиқоли нафт хабар надорад ва бояд ин суолро аз ширкатҳои зирабт пурсид.
Хабаргузории русии "Интерфакс" ба нақл аз Песков навишт, "ман дар ин бора маълумоте надорам. Шумо бо ширкатҳои дахлдор тамос бигиред. Мо талош хоҳем кард вазъро рӯшан кунем, аммо ман омода нестам ҳеч посухе бидиҳам".
Ба гузориши "Рейтерз", Вазорати энержии Қазоқистон ва ҳукумати Олмон ба дархостҳо барои ибрози назар, посух надодаанд.
Дар соли 2025 содироти нафт аз Қазоқистон ба Олмон аз тариқи хати лӯлаи Русия ба тақрибан 43 ҳазор бушка дар рӯз расид, ки нисбат ба соли 2024, 44 дарсад бештар буд.
Саудӣ қоидаҳои қабули зоирон ба ҳаҷро сахттар кард
Арабистони Саудӣ қоидаи қабули зоирон дар мавсими ҳаҷ барои соли 2026-ро сахттар кард ва сар аз 13 апрел онҳо танҳо бо иҷозатнома ё визаи махсус ҳаққи даромадан ба Маккаро хоҳанд дошт. Шарти нав барои сафар ба ҳаҷро Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи 21 апрел эълон кард.
Бино ба қоидаҳои нав, аз 18 апрел то 31 майи соли равон барои дорандагони тамоми навъҳои виза, аз ҷумла раводиди сайёҳӣ ва умра ба ҷуз аз визаи махсуси ҳаҷ, ворид шудан ба Макка ва маконҳои дигари муқаддас манъ аст. Зоироне ҳам, ки бо ҳадафи адои ҳаҷҷи умра дар Макка қарор доранд, бояд то рӯзи 18 май он ҷоро тарк кунанд.
Ширкатҳои миёнрав ё ташкилкунандагони сафари ҳаҷ, барои вайрон кардани ин қоидаҳо 26 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд. Ҳамчунин роҳи онҳо барои 10 сол ба ин кишвар баста мешавад.
Моҳи равон Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки аз сафар бо роҳҳои ғайрирасмӣ худдорӣ кунанд. Қарор аст гусели аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба ҳаҷҷи фарзӣ дар соли равон аз 6 май шурӯъ шавад.
Нархи ҳаҷ имсол 53 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамасола беш аз 5 ҳазор нафар аз Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Шаш ҳазор муҳоҷир аз Русия ронда мешаванд
Дар пайи як рейд ё амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия, боз 6 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ берун карда мешавад. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар хабар додааст. Ба гуфтаи вай, ин натиҷаи тафтиши саросарӣ дар моҳи март аст.
Ирина Волк гуфтааст, моҳи гузашта маъмурини пулис якҷо бо ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар беш аз 130 ҳазор нуқта, аз ҷумла, бозору анборҳо ва маҳалли зисти муҳоҷирон рейд ё тафтиш гузаронданд.
Дар ин амалиёт бо ширкати даҳҳо ҳазор корманди пулис, муҳоҷиронро бо сагҳои хизматӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷустуҷӯ ва тафтиш кардаанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Русия, дар натиҷаи ин маърака ҳудуди 1000 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, зиёда аз 48 ҳазор қонуншикании маъмурӣ аз сӯйи муҳоҷирон ошкор шудааст.
Ҳамчунин 26 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, қарори ихроҷи 6 ҳазор нафар содир шудааст.
Аз ин пеш, раиси Думаи давлатӣ Вячислав Володин, шумори муҳоҷирони рондашуда дар моҳи мартро 14 ҳазор нафар гуфта буд.