Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви ҲНИТ Раҳматуллои Раҷаб дар зиндон муҷозот шудааст


Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби мамнуъи Наҳзати исломӣ рузи 20-уми май бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас муҷозот шуда, ба ҳуҷраи ҷазо ё ПКТ интиқол дода шудааст.

Наздикони Раҳматуллои Раҷаб рӯзи 22 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин маълумотро аз сардори маҳбаси рақами 1 Идибек Муҳтоҷзода гирифтаанд.

Як манбаъи дигар дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Раҳматуллои Раҷаб қоидаҳои зиндонро поймол кард ва аз иҷрои дастури зиндонҳо саркашӣ намуд. Пайвандони маҳбус мегӯянд, Раҳматуллои Раҷаб ба расондани хабарҳои марбут ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат айбдор шудааст. Мақомоти зиндон ин кори ӯро "таблиғ" маънидод кардаанд.

Аммо наздикони маҳбус ин иттиҳомотро рад мекунанд ва мегӯянд, гӯш додан ба радио ва нақли хабарҳо ба дигарон дар маҳбас мамнуъ нест. Онҳо афзуданд, як баҳонаи дигари зиндонбонҳо ин аст, ки аз ҷойи хоби Раҳматуллои Раҷаб асал пайдо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматуллои Раҷаб як моҳ пеш сактаи мағзӣ шуда буд ва ҳолаш хуб нест. Гуфта мешавад, шароит дар боздоштгоҳи ҷаримавии мавсум ба ПКТ хеле шадидтар аз ҳамаи бахшҳои дигари муҷозотист ва қарор аст, маҳбус ба баъзе иттилоъ 15 рӯз ва иттилои дигар ду моҳро дар ин ҷо гузаронад. Дар ин муддат ба вай хондани рӯзнома, гуш кардани радио ё қабули ғизое, ки наздиконаш меоранд, манъ аст ва дар як руз танҳо барои ним соат ҳавои кушод бароварда мешавад.

Раҳматуллои Раҷаб ҳамчун фаъоли Ҳизби наҳзати исломӣ дар аввали моҳи июли соли 2016 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро соли 20015 мамнӯъ ва онро террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Ҳизб ва аъзои он ин иттиҳомро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG