Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ саъй карданд, мардум ва милисаро оштӣ диҳанд


Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳукумати маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 3-юми июн масъалаи тақвияти боварии мардум ва мақомоти интизомиро баррасӣ карданд.

Дар доираи иҷроӣ кардани тарҳи “Ҳамкории милиса бо ҷомеа дар доираи ислоҳоти милиса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Хоруғ мизи гирд доир шуд, ки баррасии масъалаи муколомаи милиса ва мардум бахшида шуд.

Чорабинӣ бо пуштибонии молии созмони Saferworld баргузор гардида, 5 созмони ғайриҳукуматиеро, ки дар ҳудуди Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон фаъолият мекунанд ва намояндаҳои маъмурият ва шӯроҳои маҳал, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ихтиёриён ва ҷавонони маҳаллӣ бо ҳам омада буданд.

Шӯроҳои иртиботӣ

Лоиҳаи мазкур бо ташаббуси Saferworld ва бо пуштибони мустақими молии он дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон аз соли 2016 амалӣ мегардад. “Дар назди шуъбаи корҳои корҳои дохилии ҳар ноҳия ва вилоят ва ҳамчунин дар назди ниҳодҳои дигар шӯроҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ амал мекунанд, ки дар онҳо ихтиёриён кор мекунанд. Мо тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ талош мекунем, ки ин шӯроҳоро аз нигоҳи фаннӣ ва молиявӣ дастгирӣ кунем, то ёриии онҳо ба барқарор кардани равобити танготанг миёни ҷомеа ва милиса сабаб шавад”, -- мегӯяд ҳамоҳангсози лоиҳаи Saferworld Олимҷон Бахталиев.

Дар ҳудуди вилояти Бадахшон шарики асосии Saferworld – созмони “Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир” мебошад, ки аз соли 2016 аъзои Шӯроҳои ҷамъиятии идораи корҳои дохилии Ишкошим, Ванҷ ва водии Язгуломро омӯзиш додааст. Дар ин маҳаллҳо бо ёрии молии донорҳо Марказҳои ҳамкории миллиса бо ҷомеа сохта шудааст.

“Ба ин гунаи марказҳо дастрасии озод доранд, метавонанд ҷамъ шаванд ва мушкилотро бо кормандони нозири минтақавӣ муҳокима кунанд”, -- мегӯяд корманди “Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир” Некрӯз Наврӯзов.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз ёрии фаннӣ, созмони онҳо ба аъзои Шӯро ҳамчунин равишҳои муайян кардани мушкилот, баҳогузории он, навиштани лоиҳа барои идомаи он ба донор (Saferworld), ки дар навбати худ омодааст барои ҳалли мушкилоти гуногун маблағ ҷудо кунад, омӯзондааст.

Наврӯзов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир баррасиҳо дар бораи ташкили чунин як марказ дар Хоруғ давом доранд, ки дар ин ҷо сатҳи эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба боло бурдан ниёз дорад.

Бар хилофи қолабҳо

Дар ҳамин ҳол, сохтани марказҳо ягона ҳадафе нест, ки лоиҳаи “Ҳамкории милиса бо ҷомеа дар доираи ислоҳоти милиса дар Тоҷикистон” пеши худ гузоштааст. Ба гуфтаи Бахталиев, ҳамчунин эҷоди пойгоҳҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи созмонҳои фаъол, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар амал мекунанд, баррасӣ мешавад. Ва таҷрибаи фаъолсозии онҳо алакай дар ВМКБ ба назар мерасад.

Дар мизи гирде, ки дар Хоруғ баргузор шуд, созмонҳо бар асоси таҳлилҳои худ ба бархе аз тарҳҳо таъкид карданд. “Иштирокчиён таъкид карданд, ки ҷанбаҳои мусбати ҳаёти ҷавонони Бадахшон ба ҳадди лозим бозтоб намеёбад. Ба ҷойи ин, дар расонаҳо хабарҳои манфӣ дар бораи ҷавонон бештар аст, ки ин ба шаклгирии қолабҳои бепояе оварда мерасонад. Ва насли ҷавон дигар барори рушд ҳавасманд намешаванд”, -- мегӯяд Наврӯзов.

Барои ҳалли ин мушкил, таъкид мекунад он, наворҳое, ки доир ба ҷавонҳои муваффақ сабт шуда буданд, ҳамчуни манбаи ҷойгузини ахбор нишон дода шуданд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳамаи ин чораҳо ҳамчун василаҳои барқарор кардани эътимод байни мардум ва милиса пешниҳод шуданд.

“Вазъ рӯ ба беҳбудӣ дорад”

Муовини раиси дастгоҳи иҷроияи вилояти Бадахшон Қаландарбек Алихонов, ки ҳамчунин дар мизи гирд ширкат намудааст, ба Радиои Озодӣ дар бораи муҳимияти иҷроӣ шудани тарҳ гуфт. Вай афзуд, “бо ин лоиҳа кор аз соли 2016 оғоз шуд, вале бино ба аризаҳое, ки ба унвонии мақомоти милиса навишта шудааст эътимоди мардум ба ин ниҳод боло шуда истодааст.”

Ба қавли ӯ, агар пештар ба милиса муроҷиат намекарданд ва бештар ба худдоварӣ бартарӣ медоданд, ҳоло дар вилоят вазъ тағйир мекунад.

Дар айни замон Алихонов эътироф мекунад, ки мушкил ба андозаи кофӣ боқист ва бо як лоиҳа намешавад онро ҳал кард ва раванди ислоҳот хеле вақт кор дорад.

Бояд гуфт, равобити мутақобили сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мардум дар вилояти Бадахшон хеле ҳассос аст. Баъди амалиёти махсуси ҳукумат дар солҳои 2012-2014, ки ба қурбониҳо дар миёни мардуми мулкӣ ва оташ задани биноҳои додгоҳу додситони вилоятӣ ва ШКД овард, коршиносон сатҳи эътимод миёни мардум ва ҳукуматро дар сатҳи хеле паст баҳогузорӣ намуданд.

Созмони Saferworld як ниҳоди мустақили байналмилалист, ки ба пешгирии низоъҳои хушунатбор сару кор мегирад. Дар Тоҷикистон фаъолияти он тавонмандсозии раванди ислоҳоти милиса ва пуштибонии ҳузури занон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст.

XS
SM
MD
LG