Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский ба намояндаи ҳизби Тимошенко мақоми баланд дод


Президенти Украина Владимир Зеленский бо имзои як фармон вакили порлумон аз Ҳизби "Баткившина" Владислав Бухаревро раиси Хадамоти иктишофи хориҷии ин кишвар таъйин кард.

Владислав Бухарев пас аз тағйири қудрат дар Украина дар соли 2014 муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар шуда буд. Ӯ тирамоҳи он сол аз ҳисоби Ҳизби "Баткившина"-и сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко вакили порлумон интихоб гашт.

Ба иттилои расонаҳои украинӣ, Бухарев бо медали "Барои ҳамкории низомӣ"-и Хадамоти федеролии амнияти Русия қадрдонӣ шудааст. Худи ӯ гуфт, медалро барои мусоидат дар пешгирии интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир аз Амрикои Лотинӣ ба Аврупо дарёфт кардааст.

Владимир Зеленский рӯзи сешанбе фармони таъйини раҳбарони як қатор ниҳодҳои дигари давлатиро низ имзо кард. Раисони 15 вилоятро иваз карда, ду муовини раиси Хадамоти амнияти Украинаро ба истеъфо фиристод. Ӯ ҳамчунин аз порлумон хост, додситони кул Юрий Лутсенкоро аз мақомаш барканор кунад.

Додгоҳи конститутсионии Украина рӯзи сешанбе ба баррасии фармони Зеленский дар бораи пароканда шудани порлумон ва эъломи интихоботи нав оғоз кард. Як қатор вакилони порлумони Украина бар инанд, ки фармон хилофи Конститутсия аст.

XS
SM
MD
LG