Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ хост, иҷозаномаи кори Барот Юсуфиро баргардонанд


Як созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон аз мақомоти Тоҷикистон хост, иҷозаномаи кори Барот Юсуфӣ хабарнигори Радиои Озодӣ баргардонанд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар Ню Йорк рӯзи 1-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ ҳамчунин гуфт, мақомот бояд истифодаи иҷозаномаро (акредитатсия) ба ҳайси васила барои сензура бас кунанд.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар кумита дар ин баёния гуфтааст: “Ҳукумати Тоҷикистон пайваста иҷозаи кор ба ҳайси абзоре барои монеъ шудан ба нашри гузоришҳои танқидӣ ва назорат бар нашри иттилло истифода кардааст.”

Ӯ афзудааст: “Ба ин усул бояд хотима дода шавад ва вазорати умури хориҷӣ бояд фавран иҷозаномаи кори Барот Юсуфиро баргардонад ва иҷоза бидиҳад, ки ӯ озод кор кунад.” Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, аз вазорати умури хориҷӣ ва дафтари матбуоти он расман шарҳ хостааст, вале то кунун посухе нагирифтааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ Барот Юсуфиро рӯзи 26-уми июн аз ҳаққи кор маҳрум кард. Дар ин рӯз намояндагони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба вазорат даъват шуданд ва ба онҳо гуфтанд, ки иҷозатномаи кории Барот Юсуфӣ муваққатан боздошта шудааст, "зеро ӯ чанд дафъа дар гузоришҳояш Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро зикр кардааст."

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, дар изҳороти рӯзи 27-уми июн гуфт, “иҷозатнома набояд ба унвони як василаи назорати муҳтаво ё маҳдуд кардани ҷараёни иттилоот истифода шавад. Аз мақомот мехоҳам, ки эътиборномаи кори Барот Юсуфиро барқарор кунанд ва ба ҳамкорони ӯ иҷозаи фаъолият диҳанд."

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG