Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ихроҷи 140 шаҳрвандашро аз Финляндия тасдиқ кард


Сафорати Узбекистон дар Рига тасдиқ кард, ки 140 шаҳрванди кишвараш бо гумони пешниҳоди дипломҳои сохта аз Финляндия ихроҷ карда шуданд.

"Масъулони сафорат қазияро таҳти назорат гирифта, барои дарёфти маълумоти бештар дар ин замина бо мақомоти расмии Финляндия дар тамосанд",-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Ёдрас мешавем, телевизиони "Yle"-и Финляндия рӯзи панҷшанбеи гузашта хабар дод, ки Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар 140 шаҳрванди Узбекистонро ихроҷ мекунад. Онҳо ба он айбдор мешаванд, ки шаҳодатномаи сохтаи хатми таълимгоҳи сохтмониеро пешниҳод кардаанд. Ин таълимгоҳ дар соли 1993 аз кор монда, санаи дарёфти дипломҳо аз соли 1997 то 2016 нишон дода шудааст.

Дар Финляндия бештари муҳоҷирони узбек бо корҳои сохтмонӣ машғуланд. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта беш аз 800 шаҳрванди Узбекистон дар он кишвар ҳузур доштанд.

XS
SM
MD
LG