Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии эътирозии ҳазорон нафар дар Маскав


Рӯзи 20-уми июл ҳазорон нафар дар шаҳри Маскав бо талаби баргузории интихоботи озоду одилона раҳпаймоӣ карданд. Роҳ надодани чанд номзади мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳри Маскав сабаби норизоятии мардум ва ҳаракатҳои эътирозӣ шуд. Рӯзи шанбе ҳазорон нафар бо раҳпаймоӣ дар маркази Маскав аз мақомот хостанд, ки иҷоза бидиҳанд, то номзадҳои мухолифин дар интихоботи моҳи сентябр ширкат кунанд.

Як созмони ғайриҳукуматӣ гуфт, тазоҳургарон 20 ҳазор нафар буданд, аммо пулис гуфт, дар раҳпаймоӣ фақат 12 ҳазор нафар ширкат доштаанд. Алексей Навалниё пешвои мухолифони давлат Русия гуфт, ки аз соли 2012 то кунун шоҳиди чунин раҳпамоии азим нашуда ва дар Твиттер навишт, “хушҳол аст, ки мардуми Маскав сокит нанишастанд, таҳқирро таҳаммул накарданд ва ба тазоҳурот баромаданд.”

XS
SM
MD
LG