Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масири нави ҳаракати автобусҳо миёни Узбекистону Қазоқистон


Kazakhstan - Bus, buses. Almaty, 02Aug2016
Kazakhstan - Bus, buses. Almaty, 02Aug2016

Автобусҳои мусофирбари ширкати "Узавтотранс Сервис" аз 22-юми июли соли равон дар масири Тошканд ва шаҳри Қизилордаи Қазоқистон ҳаракатро оғоз карданд.

Дар ин бора Оҷонси миллии иттилоотии Узбекистон бо истинод ба Вазорати нақлиёти ин кишвар хабар додааст.

"Автобуси замонавии Yutong соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ аз Тошканд ҳаракат мекунад. Дарозии масир 583 километр буда, нархи роҳкиро ҳудуди 80 000 сӯм (ҳудуди $10) муайян шудааст",-гуфтааст вазорат.

Автобусҳо марзи ду кишварро ба воситаи гузаргоҳҳои "Гишткуприк" ва "Жибек Жолӣ" мегузаранд.

XS
SM
MD
LG