Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ дар "Агроинвестбонк" 310 млн сомонӣ зарарро ошкор кардааст


Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо дастури Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ дар "Агроинвестбонк" тафтиш гузаронда даҳҳо миллион сомонӣ зарарро ошкор кардааст. Ба гуфтаи масъулини Оҷонсӣ, санҷиши онҳо дар "Агроинвестбонк" 310 миллион сомонӣ маблағи тасарруфшударо ошкор кард.

Қутбиддин Сафарзода, сардори Раёсати тафтишоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 30-юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, 310 миллион сомонӣ маблағҳое мебошанд, ки аз солҳои тӯлонӣ ба бонк баргардонда нашуданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Сафарзода, нисбати роҳбарони чандин ширкате, ки қарзи "Агроинвестбонк"-ро саривақт бозпас нагардонданд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ҳамчунин чанд корманди "Агроинвестбонк" низ дар курсии айбдорӣ мебошанд.

Масъулини Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, тафтиш дар ин бора идома дорад ва ҷузъиёти бештар дар ин бора ироа намешавад. Зимнан, Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли гузашта Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк"-ро бозпурсӣ карда буд.

"Агроинвестбонк" тақрибан чаҳор сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

XS
SM
MD
LG