Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Писари Усома бин Лодинро куштаанд


Амрико барои маълумот дар бораи Ҳамза бин Лодин 1 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд
Амрико барои маълумот дар бораи Ҳамза бин Лодин 1 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд

Расонаҳои амрикоӣ рӯзи 31-уми июл аз кушта шудани Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини гуруҳи террористии "ал-Қоида" хабар доданд.

Дар ин бора ба як манбаъ дар маъмурияти президенти Амрико такя шудааст, ки номаш гуфта намешавад. Ба иттилои NBC News, дар Кохи Сафед бовар доранд, ки Ҳамза бин Лодин дар натиҷаи амалиёте бо иштироки низомиёни амрикоӣ кушта шудааст.

The New York Times навишт, амалиёти мазкур тайи ду соли ахир сурат гирифта, вале то чанд рӯзи пеш далелҳое рӯи даст набуданд, ки марги Ҳамзаро тасдиқ кунанд.

Департаменти давлатии Амрико расо як сол пеш хабар дод, ки Ҳамза бин Лодин беш аз 30 сол дорад ва барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши ӯ 1 миллион доллар мукофот медиҳад.

Мукофот пас аз он эълом шуд, ки Ҳамза бин Лодин бо нашри наворҳои садоиву видеоӣ аз пайравони худ даъват кард, ба Амрико ва ҳампаймононаш ҳамла кунанд. Ӯ гуфт, қасоси марги падарашро хоҳад гирифт, ки соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.

Яке аз писарони Усома бин Лодинро он замон ҳамроҳи падараш куштанд ва писари севумаш дар фаъолиятҳои террористӣ иштирок надошт.

Нашрияҳои Арабистони Саудӣ низ моҳи марти имсол хабар доданд, ки мақомоти ин кишвар шаҳрвандии Ҳамзаро бекор карданд.

XS
SM
MD
LG