Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Қазияи Аскаров беэътиноии Қирғизистон ба ҳуқуқи инсонро нишон дод


Азимҷон Аскаров
Азимҷон Аскаров

Созмони байналмилалии Афви Байанлмилал (Amnesty International) пас аз бетағйир мондани ҳукми ҳабси якумрии ҳомии ҳуқуқи қирғиз Азимҷон Аскаров бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти Қирғизистон бори дигар беэътиноии худ ба ҳуқуқи инсонро нишон доданд.

"Мо бори дигар шоҳиди тантанаи беадолатӣ дар Қирғизистон шудем. Ба мақомоти Қирғизистон чӣ халал мерасонд, агар масъулиятҳои худро дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва Конститутсияи ин кишвар нисбат ба Аскаров иҷро мекарданд? Посухи кӯтоҳ ба ин пурсиш беэътиноии комил нисбат ба ҳуқуқи инсон аст", -- гуфт муовини раҳбари Афви Байналмилал дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Денис Кривошеев дар шарҳи қарори ахири додгоҳи Чуй.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Ҳашт созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Civil Rights Defenders дар арафаи сафари Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ба Қирғизистон аз ӯ даъват карданд, ки аз мақомоти Бишкек озодии фаврии Азимҷон Аскаровро дархост кунад.

Могеринӣ Баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "Ҳамаи мавзуъҳои марбут ба Аскаров дар ҳоли баррасӣ аст".

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли равон парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

XS
SM
MD
LG