Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ба ҷонибдорӣ аз роҳбари пешини "Қазатом" эътироз доир шуд

Дар шаҳри Семеи Қазоқистон рӯзи 9 август ба ҷонибдорӣ аз роҳбари пешини ширкати миллии "Қазатомпром" Мухтор Ҷакишев эътирозҳои алоҳида баргузор шуд. Ҷакишев дар зиндони Семе адои ҳукм мекунад.

Динора Муборак, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо шиори "Ман озодии Мухтор Ҷакишевро талаб мекунам" назди зиндон омад. Фаъоли дигар Дилора Актолкинова бо шиори "Озодӣ ба Мухтор Ҷакишев ва ҳамаи зиндониёни сиёсӣ" назди бинои додситонӣ ҳозир шуд. Фаъолон баъди ним соат пароканда шуданд.

Дар Семе аз ибтидои ҳафта бори дувум аст, ки чунин эътирозҳо баргузор мешаванд. Баъд аз он ки додгоҳ дар таърихи 24 июл ҳукми ҳабси Ҷакишевро бе тағйир боқӣ гузошт, даҳҳо иқдом дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон бо талаби озодии вай барпо шуд.

Мухтор Ҷакишев моҳи майи соли 2009 боздошт шуд. Додгоҳ ӯро соли 2010 дар фасодкорӣ айбдор ва 14 сол зиндонӣ кард. Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар соли 2013 Мухтор Ҷакишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Алиев ҳамлаи паҳподиро ба Нахҷувон "амали террористӣ" номид

Пайомади ҳамлаи паҳподӣ дар Нахҷувон
Пайомади ҳамлаи паҳподӣ дар Нахҷувон

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, бар асари партоби ду паҳпод (дрон, ҳавопаймои бесарнишин) аз хоки Эрон дар вилояти худмухтори Нахҷувон ду кас маҷрӯҳ шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, яке аз ин паҳподҳо рӯзи 5-уми март ба бинои фурудгоҳи Нахҷувон зиён расонд ва дигаре дар наздики мактабе дар минтақаи Шакаробод афтод.

Эрон ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Озарбойҷон рад кард.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, гуфтааст, Эрон бо ин кораш алайҳи Озарбойҷон “амали террористӣ содир кард”.

Ӯ дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфт, мақомоти Эрон ҳодисаро таҳқиқ кунанд, узр пурсанд ва “шахсонеро, ки ба ин амали террористӣ даст задаанд, ба ҷавобгарӣ кашанд.”

Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ин ҳодисаро маҳкум кард ва аз сафири Эрон дар Боку хост, воқеаро шарҳ диҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ бо нашри баёнияе ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Эронро ба Нахҷувон маҳкум намуд.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷуми март дар изҳороте гуфт: “Ҷумҳурии Исломӣ бо эҳтиром ба соҳибихтиёрии ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои ҳамсоя ва мусалмонӣ, партоби ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба самти Ҷумҳурии Озарбойҷон рад мекунад."

Озарбойҷон шарики муҳими Исроил ва таъминкунадаи нафт ба ин кишвар буда, солҳо боз дар масоили низомӣ ҳамкорӣ мекунанд. Бисёриҳо Исроилро аз ҷумлаи кишварҳое медонанд, ки дар ҷанги Озарбойҷон бо Арманистон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ба Боку силоҳу муҳимот додааст.

Таниш дар минтақа аз рӯзи 28-уми феврал, пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд ва ҳоло доманаи он аксар кишварҳои минтақаро фаро гирифтааст.

Нерӯи барқ дар саросари Ироқ қатъ шудааст

Фурудгоҳи Арбил дар Курдистони Ироқ пас аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон
Фурудгоҳи Арбил дар Курдистони Ироқ пас аз ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Эрон

Вазорати нерӯи барқи Ироқ аз қатъи пурраи интиқоли барқ дар саросари кишвар хабар дод.

Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ба таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса шуруъ кардаанд, вале ҳоло маълум нест, ки хонаҳои мардум кай рӯшан хоҳад шуд.

Хабаргузории расмии Ироқ (INA) бо такя ба мақомоти бахши энержӣ гуфтанд, камбуди интиқоли газ ба нерӯгоҳҳо ва ҳамлаҳои пайдарпай ба хатҳои интиқоли барқ сабаби бебарқӣ дар кишвар шудааст.

Пештар аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арбил, маркази Курдистони Ироқ хабар дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол артиши Исроил аз ҳамлаи густарда ба як маҷмааи низомӣ дар Теҳрон хабар дод, ки ба навиштаи пойгоҳи Axios дар он "тамоми сохторҳои қудратии Эрон" ҷойгир шуда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти низомии Исроил, дар ин амалиёт марказҳои фармондеҳии ҳафт ниҳоди калидӣ, аз ҷумла қароргоҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯҳои басиҷ аз байн бурда шудааст. Шумори кушташудаҳо маълум нест.

Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Дар посух Теҳрон ба чанд кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд ва низ Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.

Расонаҳо: ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус" 12 март эълон мешавад

Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд

Қарор аст, ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори "Крокус"-и Маскав рӯзи 12-уми март эълон шавад. Дар ин бора Даниэл Готе, вакили дифои ҷабрдидаҳо рӯзи дуюми март ба хабаргузории русии ТАСС иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, мурофиа дар Додгоҳи шаҳри Маскав хоҳад гузашт ва ҳукми гумонбарон дар ҳузури хабарнигорон ва мардум эълон мешавад.

Мақомоти Русия ҳанӯз дар ин бора расман хабар надодаанд.

Хабаргузориҳои русии РИА Новости ва ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки додситонӣ ба 15 гумонзад ҳабси абад талаб кардааст. Ба 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол зиндон хоста шудааст.

Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.

Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав ҷараён дорад. Баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, гумонбарон хоҳони сабук кардани ҷазо шудаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва маълум нест, то куҷо ҳуқуқи гумонбаршудагони ҳамла ба "Крокус" риоя мешавад.

Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 149 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷруҳ шуданд.

Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.

Бозгашти беш аз 100 тоҷикистонӣ бо як парвози чартерӣ аз Абузабӣ

Яксаду понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар як парвози чартерӣ аз Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" 5-уми март ба Душанбе расид.

Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоии худро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз баъзе фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватанҳояшон баргарданд.

Як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.

Ҳадаф, ба гуфтаи мақомот, овардани тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада мехоҳанд ба ватан баргарданд.

Вазорат таъкид кардааст, ки хоҳишмандони бозгашт бояд барои сабти ном ба намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳо муроҷиат кунанд.

Давоми рӯзҳои охир садҳо зоири тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурданд ва парвозҳои онҳо ба таъхир афтода буд, тавассути ширкати "Сомон Эйр" аз масири Ҷидда-Анқара ва Ҷидда-Истанбул ба Тоҷикистон расиданд.

Аз ин пештар ширкати "Сомон Эйр" аз қатъи муваққатии парвозҳои мунтазам ба Теҳрон ва Дубай хабар дода буд.

Бо оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари Миёна банд монданд.

Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бо убури марз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.

Задухӯрди дигарбораи нерӯҳои Покистон ва “Толибон”

Вилояти Хусти Афғонистон. Акс аз 27-уми феврали 2026
Вилояти Хусти Афғонистон. Акс аз 27-уми феврали 2026

Нерӯҳои Покистон ва Афғонистон рӯзи 3-юми март дар нуқтаҳои гуногуни марзи байни ду давлат бо ҳам дигарбора даргир шуданд. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳушдор дод, ки то ҳол 42 сокини осоишта дар ин кишвар дар низои шашрӯза кушта шудаанд.

Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, ду кишвар сахттарин даргириҳои худро дар солҳои охир оғоз кардаанд. Ин ҳолат нигарониҳоро дар мавриди як ҷанги тӯлонии дигар дар минтақа, ки бо ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон низ мувоҷеҳ аст, афзоиш додааст.

Исломобод ҳафтаи гузашта бо мушак ба мавзеъҳои низомии "Толибон" дар Афғонистон ҳамла кард. Иддаои Покистон ин аст, ки "Толибон" ба дастаҳое паноҳ додааст, ки аз хоки Афғонистон ба Покистон ҳамла мекунанд. Ҳукумати "Толибон" кумакро ба ин гуруҳҳо рад мекунад.

Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, рӯзи 3-юми март эълом кард, ки ҳамлаҳои ҳавоии мувафақиятомезе ба пойгоҳи ҳавоии Багром дар шимоли Афғонистон анҷом шудааст. Ин пойгоҳ дар 20 соли ҷанги Афғонистон ҳумчун маркази калидии фармондеҳии Амрико хидмат мекард.

Пулиси Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ҳамлаи Багром бо истифода аз падофандҳои зиддиҳавоӣ гардонда шуд. Як манбаи баландпояи Покистон гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоӣ то замоне идома хоҳанд кард, ки Афғонистон гурӯҳҳои террористиро халъи силоҳ накунад.

Ин манбаъ гуфт, агар чунин чора андешида нашавад, Покистон метавонад роҳбарияти олии “Толибон”-ро ҳадаф қарор диҳад.

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт, ки нерӯҳои “Толибон” як посгоҳи низомии Покистонро дар минтақаи Қандаҳор тасарруф кардаанд. Вазорати иттилооти Покистон аз даргирӣ дар беш аз 20 макон хабар дод.

Манобеи амниятии Покистон гуфтаанд, онҳо як анбори силоҳ дар Ҷалолобод ва як пойгоҳи низомиро дар вилояти Нангарҳор хароб кардаанд. Ҳарду кишвар бидуни пешниҳоди далеле гуфтаанд, ба якдигар осеби бузург расонидаанд.

Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад омори талафоти ду ҷонибро тасдиқ кунад.

Ҳайати кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки бар асоси омори ибтидоӣ аз 26-уми феврал то 2-юми март дар "тирандозии ғайримустақим дар даргириҳои фаромарзӣ" 42 сокини осоишта кушта ва 104 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳалокати 1000 кас дар садамаҳои нақлиётии ду соли охир дар Тоҷикистон

Садама дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. Моҳи июни соли 2025
Садама дар роҳи Хуҷанд-Мастчоҳ. Моҳи июни соли 2025

Дар ду соли охир беш аз ҳазор кас дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҷон бохта, қариб се ҳазор каси дигар маҷруҳ шудаанд.

Ин оморро Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагон, дар матлабе дар рӯзномаи порлумонии “Садои мардум” нашр кард.

Маҳмадалӣ Ватанзода
Маҳмадалӣ Ватанзода

Ба навиштаи ӯ, 90 дарсади сокинон дар садамаҳое ҳалок ё захмӣ шудаанд, ки сабабаш риоя накардани суръати ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва риоя накардани қоидаҳои сабқат аст.

Моҳи феврали имсол порлумони Тоҷикистон ҷаримаро барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ зиёд кард.

Як сабаби сахттар шудани ҷазо, ба навиштаи Маҳмадалӣ Ватанзода, пешгирӣ аз садамаҳои зиёд дар роҳҳо аст.

Тибқи омори вакил, соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 899 ҳазор мавриди вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соле пеш 27 ҳазор ҳолат зиёд аст.

Кохи Сафед 4 ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эронро эълон кард

Кохи Сафед рӯзи 3 март чаҳор ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии доманадори Амрико ба Эронро, ки ҳар якҷоягӣ бо Исроил анҷом медиҳад ва ҳоло вориди панҷумин рӯзи худ шудааст, эълон кард.

Кохи Сафед гомҳои расидан ба ин ҳадафҳоро чунин гуфтааст: "Нобудии мушакҳои режими Эрон", "нобудсозии нерӯҳои баҳрии он", "итминон аз инки нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон дигар натавонанд ҷаҳонро бесубот кунанд" ва "итминон аз ин, ки Эрон ҳаргиз натавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад".

Бо ин ҳол, таҳлилгарон ба суръат ишора карданд, ки "тағйири низом" дар миёни ҳадафҳои эъломшуда вуҷуд надорад.

Амрико ва Исроил рӯзи 28 феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.

Бо вуруди рӯзи панҷум аз оғози ин ҳамла, даргириҳо байни ду тараф идома дорад.

Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд ва низ Исроил, ҳамлаҳои густурда анҷом додааст.

Боздошти ду корманди пулис бо иттиҳоми қаллобӣ дар Хатлон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи ду пулиси вилояти Хатлон ба додгоҳ хабар додааст.

Ин кормандони пулис ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд, аммо назари худашон ба иттиҳом маълум нест.

Оҷонсии зидди фасод 3-юми март дар хабарномае навишт, Саидзода ва Раҳмонзода, ду корманди Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон моҳи июни соли 2025 бо баҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, аз падари як гумонбар 30 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтаанд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, ин ду корманди пулис баъди гирифтани маблағ ба фоидаи падари он фарди боздоштшуда ягон кор накардаанд.

Назари ин ду корманди пулис ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест ва рӯшан нест, ки онҳо дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.

Алайҳи ин ду корманди пулис бар асоси моддаи 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ё қаллобӣ ба миқдори калон парванда боз шудааст.

Қонунгузорӣ барои ин иттиҳом то 113 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 8 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки кормандони пулис дар Тоҷикистон барои қаллобӣ ё гирифтани пора дастгир мешаванд.

Қатъи муваққатии парвозҳои "Сомон Эйр" ба Теҳрон

Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр".
Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр".

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон эълон кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Теҳронро то охири моҳи март қатъ кардааст. Ҳамин тавр парвозҳои ширкат дар масири Душанбе-Дубай низ то 6-уми март боздошта шудаанд.

Ширкати "Сомон Эйр" 3-юми март дар хабарномае навишт, "ба сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи ҳаримӣ ҳавоӣ", парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Дубай муваққатан манъ карда мешавад. Ба мусофироне, ки ба ин самтҳо билет харидаанд тавсия дода шудааст, ки ба ширкат муроҷиат кунанд.

Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ҳарими ҳавоии Эрон пурра баста шудааст. Инчунин бо сабаби ҳамлаҳои ҳавоии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, баъзе фурудгоҳҳои калон, аз ҷумла фурудгоҳи Дубай, муваққатан баста шуданд.

Дар ҷадвали Фурудгоҳи Душанбе дида мешавад, ки аз 1-уми март ба ин сӯ парвоз ба Дубай, Кувайт ва баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна бекор шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи дуюми март ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҳозира аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ кунанд.

Доналд Трамп: Барои гуфтугӯ бо Эрон "бисёр дер шуд"

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико гуфт, барои музокира бо Эрон “бисёр дер шудааст”.

Доналд Трамп рӯзи 3-юми март дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, “падофанди ҳавоӣ, нерӯҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва раҳбарияшон аз байн рафтааст. Ҳоло мехоҳанд, гуфтугӯ кунанд. Ман гуфтам: “Дер шуд!”

Президенти Амрико рӯшан нагуфт, ки мақомоти эронӣ кай омодагии худро барои музокира баён кардаанд.

Пештар Алии Лориҷонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон, гуфта буд, бо Амрико музокира намекунанд. Сафири Эрон дар Созмони Милал дар Женева низ ба ҳар гуна музокирот ва самарбахшии он дар вазъияти кунунӣ шубҳа кард.

Дар ҳоле ки кӯшишҳои дипломатӣ ба бунбаст дучор шудааст, дар кишварҳои Ховари Миёна бонги хатар садо медиҳад.

Дар Теҳрон ва Бейрут садои таркишҳо шунида шуданд.

Ҳамзамон, паҳподҳои эронӣ ба бинои сафорати Амрико дар Арабистони Саудӣ зарба заданд. Сафорат эълон кард, ки муваққатан баста мешавад. Як рӯз пеш сафорати Амрико дар Кувайт низ чунин тасмим гирифт.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ гуфт, ду паҳпод ба бинои сафорати Амрико дар Риёз бархӯрда, боис ба “сӯхтори кӯтоҳ” ва “зиёни ночизи моддӣ” шуд. Ба гуфтаи вазорат, ҳангоми ҳамла бино холӣ буд ва касе осеб надид.

Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ки аз 28-уми феврал идома доранд, ба кишварҳои мизбони низомиёни Амрико мушаку паҳпод сар медиҳад.

Гузоришҳо аз дохили Эрон баёнгари онанд, ки рӯзи 3-юми март ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Исроил чанд маркази низомӣ, амниятӣ ва пулисро дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ҳадаф қарор додаанд.

Қароргоҳи иттилоотии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Додгоҳи инқилоб ва умумии Урмия, пойгоҳи “Ваҳдат”-и Сипоҳ дар шаҳри Пова ва пойгоҳи мушакии Наҷафобод дар шимоли вилояти Исфаҳон аз ҷумлаи ин маконҳо номбар мешаванд.

Урмия, вилояти Озарбойҷони ғарбӣ, 3-юми марти 2026
Урмия, вилояти Озарбойҷони ғарбӣ, 3-юми марти 2026

Дар ҳамин ҳол, Исроил эълон кард, ки бар асари ҳамлаҳои мушакии Эрон ба қисмати марказии ин кишвар дастикам ҳафт нафар захмӣ шудаанд.

Коршиносоне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, Теҳрон талош дорад, миқёси даргириро густариш дода, Вашингтонро ба оташбас водор кунад.

Доналд Трамп пештар гуфта буд, амалиёт дар Эрон метавонад чанд ҳафта идома кунад. Вай дар паёме рӯзи 3-юми март таъкид кард, ки захираи муҳиммоти ҷангии Амрико “ҳеч гоҳ ин қадар зиёд ва беҳтар набудааст”.

"Мо аз Эрон баргаштем, чун бархӯрдҳо ҷараён доранд"

Тоҷикон чӣ гуна аз Эрон берун мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Бо оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари Миёна банд монданд.

Хабарнигори “Рейтерс” дар гузаргоҳи Астара дар марзи миёни Озарбойҷону Эрон бо шуморе аз мусофирони тоҷикистонӣ, ки баъд аз шурӯи амалиёти ИМА ва Исроил аз Эрон берун шуданд, ҳамсуҳбат шуд. Аксари онҳо гуфтаанд, ки табиб ҳастанд ва барои омӯзишу роҳнамоии беморон ба Эрон рафта буданд.

"Дар онҷо ҷанг аст. Бархӯрдҳо ҷараён доранд. Аз ин рӯ, мо баргаштем. Мо ҳамроҳи як бемор ҳастем. Ӯ саратони шуш дорад. Ҳоло бемор аз гумрук мегузарад. Бемор аз хешу табори ман нест. Ӯ дар бемористоне буд, ки ман ҳам онҷо будам. Ман табиб-ҷарроҳ ҳастам," – гуфтааст пизишк аз Тоҷикистон Аваз Назаров.

Ҳамсуҳбати дигари хабарнигори "Рейтерс" низ табиб аз Тоҷикистон аст. Ӯ гуфтааст, "мо аз сабаби ҷанг дар Теҳрону дигар гӯшаҳои Эрон марзро убур кардем. Мо як гурӯҳ табибон дар онҷо таълим мегирифтем."

Сафири Тоҷикистон дар Эрон шумораи расмии тоҷикистониҳоро дар ин кишвар 300 нафар ҳисоб кард. Ӯ рӯзи дуюми март хабар дод, ки беш аз 200 нафари онҳо барои бозгашт ба ватан дархости кумак карда, то кунун беш аз шаст кас марзро гузаштаанд.

Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи душанбе дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоиро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз фурудгоҳи Дубай ва дигар имороти ин кишвар ба ватанҳояшон баргарданд.

Як зодаи дигари Тоҷикистон дар Украина нопадид шудааст

Фазлиддин Расулов. Наздиконаш ин аксро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Фазлиддин Расулов. Наздиконаш ин аксро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пайвандони Фазлиддин Расулови 58-сола аз Тоҷикистон мегӯянд, ӯ як сол пеш бо ваъдаи нафақа ё ҳаққи бознишастагии баланд аз Русия ба ҷанги Украина бурда шуд, вале камаш ҳашт моҳ боз бедарак аст.

Мақомоти Русия ба хонаводааш гуфтаанд, ки ӯро ҳамчун сарбози “бенишоншуда” ҷустуҷӯ доранд.

Вай пештар дар хадамоти боррасонии ширкати “Вайлдберис” дар Маскав кор мекардааст. Шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад.

Суннатулло Расулов, писари Фазлиддин Расулов, 3-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падарашро моҳи марти соли гузашта аз Маскав ба Қазон ва аз онҷо бо ваъдаи нафақаи хуб барои се моҳ ба Мариупол (Украина) бурдаанд, то дар сохтмон кор кунад.

"Ба падарам гуфтанд, ки дар Мариупол ҳамчун ронанда кор хоҳад кард ва ягон гап дар бораи ширкат дар ҷанг набуд," -- афзуд ӯ.

Наздиконаш гуфтанд, чанд моҳ ӯ дар Мариупол, шаҳри ишғолшудаи Украина аз ҷониби Русия буд ва бо онҳо тамос дошт, вале моҳи августи соли гузашта ӯро ба минтақаи Донбас бурданд ва бо ҳамин бедарак шуд.

Омори дақиқи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Украина маълум нест. Дар чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шудааст.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи беш аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки аз ҷониби Русия муқобили ин кишвар ҷангида кушта ё нопадид шудаанд.

Тоҷикистон аз Бунёди Абузабӣ 100 миллион доллар қарз мегирад

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода (чап) ва Мудири кулли Бунёди Абузабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал-Сувайдӣ
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода (чап) ва Мудири кулли Бунёди Абузабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал-Сувайдӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзиро бо Фонд ё Бунёди Абузабӣ тасвиб кардааст. Қарор аст, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз ин фонд 100 миллион доллар қарз гирад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, 25-уми феврал дар назди вакилон гуфт, 100 миллион доллар ба муҳлати 17 сол ва бо 2,5 дарсад баҳра ё фоизи солона гирифта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 барои сохтмони "Роғун" 350 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо кард.

Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зерсохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.

Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз норасоии нерӯи барқ азоб мекашанд.

Амрико қасдан ҳадаф қарор додани як мактабро дар Эрон рад кард

Марко Рубио
Марко Рубио

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, пас аз онки расонаҳои давлатии Эрон аз кушта шудани беш аз 160 нафар дар ҳамла ба як мактаби ибтидоии духтарона дар шаҳри Миноб дар вилояти Ҳурмузгон хабар доданд, гуфт, ИМА "қасдан мактабро ҳадаф қарор намедиҳад".

Ин ҳамла, ки ба рӯзи аввали амалиёти муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон нисбат дода шуд, маргбортарин ҳодисаи гузоришшуда дар ин даргириҳо гуфта мешавад. ЮНЕСКО, Бунёди кӯдакони Созмони Милал ва Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

Марко Рубио гуфт, дар сурати дурустии гузоришҳо, Вазорати ҷанги Амрико мавзуъро баррасӣ хоҳад кард ва Фармондеҳии марказии Амрико низ эълон кардааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳои вобаста ба "осеб ба ғайринизомиён" аст.

Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки ин қабрҳо барои духтарони мактабхон дар Миноб омода шудаанд
Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки ин қабрҳо барои духтарони мактабхон дар Миноб омода шудаанд

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс", Роземари де Карло, намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури эҷоди сулҳ низ ин гузоришро "бисёр фоҷиавӣ" хонд, аммо гуфт, ҷузъиёти мустақиле дар даст нест.

Сафири Исроил дар Созмони Милал ҳам эълон кард, гузоришҳои гуногунро дар бораи омили ҳамла дидааст, аз ҷумла иддао кард, ки Сипоҳи посдорон дар ин ҳодиса нақш доштааст.

Хабаргузории "Рейтерс" таъкид кардааст, ки натавонист ин гузоришҳоро ба таври мустақил тасдиқ кунад.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон вориди ҷанг бо Исроил шуд

Нерӯҳои "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯҳои "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон. Акс аз бойгонӣ.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки мавриди ҳимояти Эрон мебошад, дар вокуниш ба кушта шудани Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон дар ҳамлаҳои Исроил ва Амрико, эълон кард, ки ба Исроил ҳамла кардааст.

Шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ"-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.

Артиши Исроил субҳи 2 март аз партоби чанд мушак аз Лубнон ба тарафи Исроил хабар дод. Партоби ин мушакҳо боиси ба садо даромадани бонги хатар дар бахшҳои гуногуни шимоли Исроил шуд.

Артиши Исроил бо нашри баёнияи дигар аз раҳгирии як партоб хабар дод ва гуфт, ки дигар партобҳо дар фазои боз ва бехатар суқут кардаанд.

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" чанд соат баъд, партоби мушак ва паҳбод ба тарафи Исроилро тасдиқ кард ва онро вокуниш ба кушта шудани Алӣ Хоманаӣ донист.

Ин гурӯҳ пештар ҳушдор дода буд, ки ҳадаф қарор додани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломии Эронро хатти сурхи худ медонад ва дар сурати осеб дидани ӯ, мумкин аст вориди даргириҳо шавад.

Исроил ва Лубнон беш аз як сол пеш бо миёнаравии Амрико ба тавофуқи оташбас даст ёфтанд, ки ҷанги сездаҳмоҳаи Исроил ва ниманизомиёни гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро поён дод.

Аз он замон то кунун ду тараф борҳо якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG