Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри маълумоти шахсии дипломати ИМА дар Чин ҷанҷол барангехт


Иёлоти Муттаҳида Чинро, ки акс ва ҷузъиёти шахсии як дипломати амрикоиро чоп кард, "режими авбош" номидааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Морган Ортагус дар нишасти матбуотӣ гуфт, "фикр намекунам, ки ифшои маълумоти шахсии дипломати амрикоӣ бо аксу номи фарзандонаш эътирози расмӣ бошад. Ин корест, ки як режими авбош хоҳад кард."

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Амрико пас аз он нашр шуд, ки рӯзномаи Ҳонгконг "Та Кунг Па" як акси дипломати ИМА-ро нашр кард.

Рӯзнома ӯро Ҷули Эдеҳ аз бахши сиёсии консулгарӣ шинос намудааст, ки бо роҳбари эътирозҳои донишҷӯён дар меҳмонхонаи боҳашамат сӯҳбат доштааст. Дар зери акс навишта шудааст: "Дахолати нирӯҳои хориҷӣ".

Рӯзи 8-уми август Пекин ба Вашингтон паём дод, ки "мудохиларо ба корҳои Ҳонгконг бас кунад" ва ба гуфтааш "ба шӯришҳои зидди Чин" поён диҳад.

Муносибатҳои Амрико ва Чин дар пасманзари ҷанги тиҷоратӣ ва рақобат барои нуфузи низомӣ дар ғарби Уқёнуси Ором ва масъалаҳои дигар тезу тунд шудааст.

XS
SM
MD
LG