Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз қазияи Отамбоев муовини вазирро аз кор ронданд


Курсан Асанов ва Алмосбек Отамбоев. Рӯзи 8-уми августи 2019
Курсан Асанов ва Алмосбек Отамбоев. Рӯзи 8-уми августи 2019

Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон, барои "хиёнат ба манфиатҳои мақомоти милиса" ва "аз даст додани боварӣ" аз мақомаш ронда шуд.

Асанов шаби 8-уми августи имсол амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро раҳбарӣ мекард ва ӯро ба таслим шудан водор намуда буд. Ин амалиёт ду рӯз давом кард ва дар натиҷаи он як афсари амниятӣ кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 13-уми август гуфт, қарори аз кор рондани Курсан Асанов "баъд аз тафтиши дохилӣ" гирифта шудааст.

"Натиҷаи тафтишотро ба Додситонии кул фиристодаанд, то ба он баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд", -- гуфтанд дар ВКД-и Қирғизистон.

Курсан Асанов рӯзи 7-уми август бо тарафдорони президенти пешин Алмосбек Отамбоев дар Қой-Тош, канори шаҳри Бишкек, музокирот кард. Вай рӯзи ҳаштуми август Отамбоевро дар хонааш водор намуд, ки таслим шавад.

Алмосбек Отамбоев қабл аз таслим шудан аз Курсан Асанов хост, ки метавонанд ӯро парронанд, вале ба тарафдоронаш даст нарасонанд. Асанов ҳам ба ӯ ваъда дод, ки "касеро намепарронанд ва намезананд".

Президенти пешин ҳоло дар боздошт аст ва ӯро дар доираи парвандаи озодшавии яке аз сарони олами ҷиноӣ Азиз Батукаев ба фасод ва шарикӣ дар ҷиноят муттаҳам карданд.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 13-уми август Отамбоевро ҳамчунин ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ, тарҳрезии куштор ва ташкили нооромӣ гумонбар донист.

XS
SM
MD
LG