Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп бозгашти Русияро ба "Ҳафтгонаи бузург" қобили қабул хонд


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 20 август гуфт, ки бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" (G7) қобили қабул аст. Бритониё, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон шомили G7 ҳастанд.

Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи худ дар Кохи Сафед хабар доданд, ки Трамп бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар гуфтугӯи телефонӣ изҳори ризоият кардаанд, ки Русия дар нишасти "ҳафтгона" дар соли 2020 даъват шавад. Пештар аз ин Макрон дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки агар Русия барои танзими низоъи Украина иқдомҳои мушаххасе рӯи даст гирад, ин кишвар ба мизи гуфтугӯ даъват хоҳад шуд.

Дар рӯзҳои оянда дар Фаронса саммити навбатии G7 баргузор мешавад, ки Русия ба он даъват нашудааст. Узвияти Русия дар ин созмон соли 2014, ба далели ғасби Қрим, бекор шуд. "Ман фикр мекунам, ки созмон бояд Ҳафтгонаи бузург номида шавад, зеро бештари мавзуҳои баррасишаванда ба Русия дахл доранд",-гуфт Трамп.

Ин бори аввал нест, ки Трамп аз бозгашти Русия ба созмон ҷонибдорӣ мекунад. Моҳи июни соли 2018 Трамп ба Москва пешниҳод кард, ки дар саммити созмон дар Канада ширкат варзад. Вале Путин гуфт, ки Русия омодаи қабули кишварҳои узви созмон дар Москва аст.

Русия дар соли 1997 бо даъвати президенти вақти ИМА Билл Клинтон ва сарвазири вақти Бритониё Тонӣ Блэр шомили G7 шуд.

XS
SM
MD
LG