Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Ҳамла ба муҳоҷири тоҷик кори дасти скинхедҳои рус аст


Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли нома аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев тақозо намуд, ки омилони латукӯби бераҳмонаи як муҳоҷири тоҷикро ошкор кунанд. Навори латукӯби ин ҷавон ду рӯз пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилӣ рӯзи 2-юми сентябр хабар дод, ки барқияи Рамазон Раҳимзода баъд аз расонаӣ шудани навори латукӯби муҳоҷир ба Вазорати корҳои дохилии Русия фиристода шудааст. Ин дар ҳолест, ки аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз замони нашри видео дар рӯзи ҷумъаи 30-юми август мақомоти Тоҷикистонро ба бетаваҷҷуҳӣ нисбати он айбдор мекарданд.

Вазорати умури дохилӣ ҳамла ба муҳоҷирро “бераҳмона” ва кори дасти “схинхедҳо ё гуруҳи миллатгаронёни рус” хондааст.

Манбаъ мегӯяд, Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русаш хост, “ҷиҳати сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур, ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.”

Масъулини Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат дар Русия вазифадор шудаанд, ки бо мақомоти Русия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят кӯмак расонанд. Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон низ ба гуфтаи мақомоти тоҷик дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шудааст.

Навори латтукӯби муҳоҷир рӯзи 30-юми август ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт
Навори латтукӯби муҳоҷир рӯзи 30-юми август ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт

Навори латукӯби бераҳмонаи муҳоҷир мавҷи интиқодҳои тундеро ба миён овард. Дар ин навор саҳнаи латту кӯби бераҳмонаи як мард ва захмӣ кардани ӯ бо корд аз сӯи чанд ҷавон дар Русия сабт шудааст. Ҳамлаварон ӯро "тоҷик" хитоб карда, борҳо барои он ки "дар ватани худаш наистоду ба Русия рафт", таҳқир намудаанд.

Маълум нест, ҳодиса кай ва дар кадом минтақаи Русия иттифоқ афтодааст. Ҳамчунин маълум нест, тақдири он марди муҳоҷир, ки дар навор дида мешавад аз дард ба худ мепечад, чӣ шуд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, то ҳол шахсияти ҷавони дар наворбударо мушаххас накардаанд.

Навори 3-дақиқаӣ дар Фейсбук ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ бо вокунишҳои мухталифи корбарон рӯ ба рӯ шуд. Бархе аз "беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия" шиква карда, пурсидаанд, "ӯ зинда бошад ё фавтидааст?" Баъзе тахмин задаанд, ки "шояд он муҳоҷир тоҷик набуд".

Ҷониби Русия ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтааст. Расонаҳои Русия низ дар ин бора гузориш надодаанд. Аммо Алексей Казак, блогери маъруфи рус онро шадидан интиқод намуда, даъват кард, ки бинандагон воқеаро ба ҳамаи мардуми рус нисбат надиҳанд.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шуд, ки бар асоси гузориши расмии Омбудсмени кишвар тақрибан сӣ нафари онҳо "ба қатл расонда шудаанд". Ба иттилои расмӣ, муҳоҷирони дигар бештар дар садамаҳо, маҳалли сохтмон ва аз беморӣ ҷон додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то ним миллион ва ҷониби Русия мегӯяд, беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд.

Аксари онҳо ба далели бекорӣ ва ё маоши паст дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон ба шумор меравад, худро то он ҷо расондаанд.

XS
SM
MD
LG