Дар чанд ҷумла
Мақомоти афғон гуфтанд, Бадахшонро аз Толибон тоза мекунанд
Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, амалиёт дар вилояти Бадахшон то поксозии комили шуришчиёни Толибон дар ин вилоят идома меёбад.
Фавод Омон, муовини сухангӯи Вазорати дифоъ, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, давоми се ҳафтаи амалиёт вулусуволӣ ё ноҳияҳои Каронвамаҷнон, Вардуҷ ва Юмгон аз вуҷуди Толибон поксозӣ шудаанд.
Ин мақоми Вазорати дифои Афғонистон гуфт, артиши Афғонистон 200 узви гуруҳи Толибон азҷумла шуморе аз фармондеҳони калидии онро нобуд кардааст.
Оқои Омон аз пешрафти неруҳои давлатӣ дар Бағлон ва чанин вилояти дигар низ хабар дод.
Гуруҳи Толибон ноҳияҳои Янгиқалъа ва Дарқади вилояти Тахорро дар рӯзҳои ахир тасарруф кард, аммо дар мавриди ин изҳороти муовини сухангӯи Вазорати дифоъ изҳори назар накардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Даъвати 50 давлат ба хатми ҷанги Русия дар Украина
Беш аз 50 давлати узви Созмони Милал дар як изҳороти муштарак аз Русия тақозо кардаанд, ки ба хатми пурра, билофосила ва беқайду шарти ҷанг алайҳи Украина розӣ шуда, музокироти сулҳро аз сар гирад.
Изҳороти муштаракро рӯзи 24-уми август ба муносибати 35-солагии истиқлоли Украина дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Дания Люкке Расмуссен хонд.
Дар изҳорот, аз ҷумла омадааст: "Ин ҷанги бемаънӣ, ки боис ба ранҷу азоби зиёди инсонҳо шуд, бояд билофосила поён ёбад." Дар матн таъкид шудааст, ки Украина ҳанӯз якуним сол пеш ба қатъи бе пешшарти ҷанг розӣ шуда буд.
Амрико ба изҳорот ҳамроҳ нашуд, вале ба даъвати хатми билофосилаи ҷангу азсаргирии музокирот пайваст. Дан Негреа, намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар Шӯрои амният аз Русияву Украина даъват намуд, ки зарбаҳоро ба хонаву дари мардум ва иншооти дигари иҷтимоӣ ва киштиҳо бас кунанд.
“Вақте роҳҳалли ҳарбӣ вуҷуд надорад, рехтани хуни шаҳрвандони бегуноҳ аз мантиқ дур аст,” – гуфт ӯ ва таъкид намуд, ки ИМА омода аст нақши миёнҷиро бибозад ва “ба ояндаи Украина ба ҳайси як давлати мустақилу шукуфо пойбанд боқӣ мемонад”.
Намояндаи Русия Василий Небензя даъват ба музокиротро рад кард. Вай гуфт, "то замоне ки бо Русия бо лаҳни таҳдид суҳбат кардаву воқеиятҳо нодида гирифта мешаванд, ҳеч муколамаи пурмазмуни сиёсию дипломатӣ дар заминаи низоъ бо Украина барпо намешавад."
"Ҳама гуна талошҳои ба мо бор кардани қарори ях задани низоъ ноком мешаванд," -- гуфт Небензя.
Намояндаи Украина Андрей Мелник гуфт, Русия ҷанги саркардаашро бой медиҳад. Ӯ дар айни замон аз кори Шӯрои амният интиқод кард, ки наметавонад Русияро боздорад ва аз шарикон даъват намуд, ки Украинаро бо низоми “Патриот” таъмин кунанд, то ба мушакҳои баллистикӣ муқовимат карда тавонанд. Русия дар Шӯрои амнияти СММ ҳаққи вето дорад.
Боздошти раисҷумҳури пешини Арманистон ва писараш
Роберт Кочарян, раисҷумҳури собиқи Арманистонро ҳамроҳи писараш ба Кумитаи зидди коррупсия дар ин кишвар бурдаанд. Кочарян ҳамзамон раҳбари эътилофи мухолифон бо номи “Арманистон” аст. Писараш, Левон Кочарян, вакили Маҷлиси миллии Арманистон мебошад.
Бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми август навишт, пеш аз ин маъмурони зиддифасод хонаи Кочарян ва писарашро кофтукоб кардаанд.
Дар Кумитаи зидди фасод дар Арманистон гуфтаанд, бозҷӯиҳо дар манзили даҳҳо нафари дигар ҳам ҷараён доранд. Дар ниҳоят ин кумита аз боздошти шаш нафар, бо шумули Роберт ва Левон Кочарян хабар дод.
Левон Кочарян рӯзи 24-уми август дар як мубоҳисаи порлумонӣ нахуствазир Никол Пашинянро "хоин" номид. Сомонаи News.am навишт, дар ҷавоб Пашинян пурсидааст, оилаи Кочарян аз кадом ҳисоб "чунин сарватманд аст"?
"Шумо гуфтаниед, ки миллионҳои худро ба фарзандонатон ва фарзандони шумо ба фарзандони худашон медиҳанд? Мебахшед, вале рӯирост мегӯям, ки ин чиз намешавад. Ҳар хеле хоҳед, фаҳмед, барои ман ин масъалаи сиёсӣ аст, на шахсӣ," – афзудааст Пашинян.
Моҳи июн Кумитаи марказии интихобот дар Арманистон розӣ шуд, ки Левон Кочарян мавриди пайгард қарор гирад. Ӯро ба суистифода аз мақом ва пулшӯйӣ айбдор мекунанд. Пеш аз ин, ба ӯ иҷоза надоданд, ки аз кишвар берун шавад. Левон Кочарян гуфт, мехост ба Русия равад.
Дар интихоботи ахири порлумонии Арманистон эътилофи "Арманистон" ва нерӯҳои дигари рӯ ба Русия мағлуб ва тарафдорони Никол Пашинян дастболо шуданд. Мухолифон ҳукуматро ба фишороварӣ айбдор карда, гуфтанд, ки интихобот озод набуд.
Миллионҳо доллар ёрии Амрико ба бахши тандурустии Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида дар бештар аз се даҳа ба бахши тандурустии Тоҷикистон миллионҳо доллар ёрӣ кардааст.
Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, дар як нигошта гуфтааст, кишвараш бо шеваҳои гуногун соҳаи тиббии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.
Навиштаи кордори сафорати Амрико бахшида ба 250-солагии истиқлоли Амрико ва 35-солагии муносибати Вашингтону Душанбе рӯзи 20-уми август нашр шуд.
Ӯ бо ишора ба ихтисоси 78 миллион доллар барои мубориза бо ВИЧ ё вируси норасоии масунияти бадан ва сил дар Тоҷикистон гуфт, кишвараш дар ин арса ҳамкориҳоро идома хоҳад дод.
Хонум Карсон ҳамчунин навишт, дар Тоҷикистон нахустин платформаи онлайнӣ барои санҷиши мустақил, беном ва ройгони вируси норасоии масунияти бадан бо истифода аз воситаҳои санҷишии сохти Амрико, ки натиҷаашон дар 15-20 дақиқа маълум мешавад, роҳандозӣ шуд.
"То аввали соли 2026 тақрибан 10 000 нафар дар Тоҷикистон аз ин воситаҳо барои санҷиши мустақилонаи вируси норасоии масунияти бадан истифода бурдаанд",-омадааст дар ин навишта.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар замони пандемияи КОВИД-19 ба Тоҷикистон беш аз 4 миллион ваксина, чанд дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ба маблағи 1,8 миллион доллар таҷҳизоти оксиген ва эҳёгарии наврасонро ба клиникаҳои саросари кишвар туҳфа намуд.
Кордори сафорати Амрико дар Душанбе пуштибонии кишварашро аз низоми тандурустии Тоҷикистон баён карда, гуфтааст, ки ИМА ҳаммуалифи Стратегияи миллии мубориза бо сил ва ВИЧ барои солҳои 2026–2030 будааст.
Ӯ мегӯяд, ки барои тақвияти қонунгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон талош карданд ва ба беморхона ва лабораторияҳои Тоҷикистон барои ба даст овардани муҷаввизи байналмилалӣ кӯмак карданд, то беморон тавонанд табобату нигоҳубини беҳтарро дар Тоҷикистон дарёфт кунанд.
Сурияро аз рӯйхати кишварҳои "ҳомии терроризм" берун кардаанд
Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24-уми август Сурияро аз рӯйхати кишварҳои "пуштибони терроризм" берун кард.
Кишварҳои шомили ин феҳрист аз дарёфти ёриҳои хориҷии Амрико, имкони хариди таҷҳизоти дифоӣ аз Иёлоти Муттаҳида ва анҷоми баъзе аз мубодилоти молӣ маҳрум ҳастанд.
Вазири молияи Амрико дар баёнияе гуфт, "иқдоми имрӯз фурсатҳои сармоягузории бештарро дар Сурия бо ҳадафи пешбурди суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ афзоиш хоҳад дод".
Дар баёния таъкид шудааст, ки ин тасмим дар ростои амалӣ кардани ваъдаи раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп барои коҳиши фишори таҳримҳо алайҳи Димишқ гирифта шудааст.
Раиси Бонки марказии Сурия тасмими Вашингтонро "иқдоми таърихӣ" хонд.
Бар асоси тасмиме, ки 24-уми август эълон шуд, "Ҷабҳат Ан-Нусра", ки ҳамчун як созмони террористии байнулмилалӣ табақабандӣ шуда буд, аз ин феҳрист берун шуд.
Ин гурӯҳ, ки бо номи "Ҳайати Таҳрири Шом" шинохта мешуд, пештар зери шохаи "Ал-Қоида" дар Сурия буд, аммо як даҳа қабл иртиботашро бо ин гурӯҳ бас кард. Раҳбарии ин гурӯҳро Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури ҳозираи Сурия, ба уҳда дошт.
Интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон, аммо бе мухолифон
Дар интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ дар Қазоқистон, онгуна, ки пешбинӣ мешуд, "Адолат", ҳизби рӯ ба давлат, баранда эълон гашт.
Ин созмони сиёсӣ дар заминаи "Нур Отан", ҳизби ҳоким дар давраи раёсати ҷумҳури Нурсултон Назарбоев, таъсис шуд ва ҳоло худро тарафдори сиёсатҳои президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев меномад.
Мунтақидон мегӯянд, интихобот дар порлумони Қазоқистон дигаргунии ҷиддие намеорад ва бо ҳадафи тақвияти мавқеи президент Тоқаев баргузор гардид.
Натиҷаҳои интихоботи Қазоқистон зуд эълон шуд. Ба иттилои Кумисюни интихоботӣ, аксар курсиҳои Қурултой, яъне маҷлиси нав, насиби ҳизби “Адолат” гардид. Ин ҳизб 71 дарсади курсиҳоро ба даст овардааст ва чаҳор ҳизби дигар – “Ауил”, “Оқ Жол”, Ҳизби сотсиал-демократ ва “Республика” низ ба порлумон роҳ ёфтаанд.
Дар интихобот 74 дарсади раъйдиҳандагон иштирок кардаанд. Интихоботи зудрас баъд аз қабули Қонуни асосии нав сурат гирифт.
Ислом Текушев, сардабири freeeurasia.com, ки интихоботро дар Қазоқистон назорат кардааст, рӯзи 24-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вижагии порлумони нав ин аст, ки маҷлис якпалатаӣ хоҳад буд. Интихобот аз рӯи феҳристи ҳизбӣ ташкил шуд ва номзадҳои мустақил аз ҳавзаҳои якмандатӣ роҳ дода нашуданд. Ман интихоботро дар ду нуқтаи овоздиҳии шаҳри Остона мушоҳида кардам. Намешавад гуфт, ки одами зиёд омаду фаъол буданд. Борон буд, ором гузашт ва мардум омада мерафтанд.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Назарсанҷиҳо дар остонаи интихобот ҳам пирӯзии ҳизби “Адолат”-ро пешбинӣ мекарданд, ҳарчанд он моҳи май сабтином шуд ва аз президент Тоқаев ҳимоят мекунад.
Додгоҳи олии Қазоқистон моҳи июл гуфт, ки Конститутсияи нав ба Тоқаев имкон медиҳад, барои давраи дигари 7-солаи президентӣ номзад шавад. Худи Тоқаев гуфт, ҳанӯз дар ин замина тасмим гирифтан барвақт аст.
“Мунтақидон мегӯянд, ки порлумони якпалатаӣ пеши роҳи ташкилоту созмонҳои маданӣ ва номзадҳои мустақилро аз таъсиргузорӣ ба қарорҳои мақомот мегирад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, порлумони якпалатаӣ имкон медиҳад, ки ба таҳаввулоти эҳтимолии берунӣ ва тағйироти босуръат зуд вокуниш кунанд,” – шарҳ дод Ислом Текушев, сардабири freeeurasia.com.
Дар остонаи раъйдиҳӣ нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, ба интихоботи Қазоқистон танҳо ҳизбҳое роҳ ёфтанд, ки сиёсатҳои президент Қосимҷомарт Тоқаевро дастгирӣ мекунанд ва ҳизбҳои воқеан оппозитсионӣ иштирок накарданд.
Дари Театри миллии Тоҷикистонро пас аз 11 сол боз карданд
Пас аз 11 сол бинои бузурги Театри миллиро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд.
Мақомот дар аввал гуфта буданд, ки барои он 680 миллион сомонӣ, ба ҳисоби онвақта 100 миллион доллар, харҷ хоҳанд кард. Ҳоло, бо гузашти вақт ва поин шудани қурби пули миллии сомонӣ дар баробари доллар, маълум нест, харҷи умумии сохтмони театр чӣ қадар шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи театр рӯзи 24-уми август раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ширкат карданд.
Сохтмони Театри миллӣ соли 2011 оғоз ёфт, вале ба сабаби норасоии пул барои муддате қатъ шуд. Бунёди онро соли 2015 аз сар гирифтанд.
Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад. Толори асосии он барои 2500 бинанда аст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, саҳнаи бузург ва ҷойи махсус барои оркестр имконият фароҳам меорад, ки дар ин ҷо намоишҳои театрӣ, опера, балет, консертҳои симфонӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гарданд."
Театри миллии Тоҷикистон, яке дигар аз иншооти бузургест, ки бо пули давлат сохта шудааст.
Тоҷикистон қаблан баландтарин сутуни парчам ва бузургтарин масҷиду китобхона ва "Кохи Наврӯз"-ро сохтааст.
Муассисаҳои байнулмилалии молӣ, ки барои ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон кумак мекунанд, дар гузашта гуфтаанд, ки ҳукумат барои тарҳҳои намоишкорона маблағҳои зиёде сарф мекунад ва дар ин миён барои соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба мисли маориф ва тандурустӣ пули кофӣ намерасад.
Содироти Узбекистон ба Афғонистон ба 961 миллион доллар расид
Афғонистони зери ҳокимияти "Толибон" ба севумин бозори бузурги содиротии Узбекистон табдил шудааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Узбекистон, баррасиҳои ин ниҳод аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ нишон додааст, ки содироти Узбекистон ба Афғонистон ба 961 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.
Дар гузориши ин кумита омадааст, Русия бо 2 миллиарду 400 ҳазор доллар ва Чин бо 1 миллиарду 400 ҳазор доллар дар ҷойгоҳҳои аввал ва дувуми кишварҳое қарор доранд, ки Узбекистон бештарин содиротро ба онҳо анҷом додааст.
Афғонистон дар ин феҳрист аз Қирғизистон, Фаронса, Туркия, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон пеш гузаштааст.
Бар асоси гузориши расонаҳои Узбекистон, бахши умдаи содироти ин кишвар ба Афғонистонро хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.
Ҳамчунон нуриҳои минералӣ, мошинолот ва таҳҷизот, масолеҳи бинокорӣ ва баъзе аз колоҳи саноатӣ ба бозори Афғонистон содир мешавад.
Афғонистон ба Узбекистон бештар меваҳои тоза ва хушк, пахта, ангишт ва қолин содир мекунад.
Боздошти ду марди хориҷӣ дар Маскав барои "таблиғи ЛГБТ"
Додгоҳе дар шаҳри Маскав ду шаҳрванди хориҷиро пас аз боздошт дар бозори "Садовод", ки гуфта мешавад дар он замон либоси занона бар доштанд, ба 10 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.
Онҳо ба паҳн кардани "таблиғоти ЛГБТ" айбдор шуда, бояд аз Русия ихроҷ шаванд. Дар ин бора "Настояшее Время" бо такя ба қарорҳои додгоҳ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки шоми 18 август "Х.Раҳимов" ва "Э. Саидзода" дар бозори "Садовод" дар ҳоле боздошт шуданд, ки либоси занона бар тан доштанд ва шиори "Озодии интихоб" ба намоиш гузошта буданд.
Дар гузориши расмӣ ҷузъиёти дақиқи шакл ё навъи пӯшиш зикр нашудааст. Аммо кормандони пулис дар маҳал ба хулосае омадаанд, ки ин шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳоли "ба намоиш гузоштани ҷаззобияти гароишҳои ҷинсии ғайрианъанавӣ" будаанд.
Мурофиаи додгоҳӣ нишон додааст, ки Раҳимов оиладор аст ва як фарзанд дорад, дар ҳоле, ки Саидзода соҳиби чор фарзанди хурдсол мебошад.
Додгоҳ амр дод, ки боздоштшудаҳо ба маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар "Сахарово" фиристода шуда, сипас то 17 ноябр аз Русия ихроҷ шаванд. Ҳамчунин аз санаи содир шудани ҳукми додгоҳ, вуруди онҳо ба Русия ба муддати панҷ сол мамнуъ хоҳад буд.
Дар санадҳои расмӣ шаҳрвандии боздоштшудаҳо зикр нашудааст. Расонаи "Осторожно, новости" бе зикри манбаъ хабар дод, ки онҳо гӯё шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Тасдиқи ин хабар аз манбаъҳои дигари мустақил номумкин аст.
Аз соли 2013 ба ин тараф дар Русия қонуне амал мекунад, ки ба истилоҳ "таблиғоти ЛГБТ"-ро дар байни ноболиғон манъ мекунад. Дар соли 2023 Русия тағйири ҷинсиятро манъ кард ва баъдани "Ҳаракати байналмилалии ЛГБТ"-ро ҳамчун як гурӯҳи экстремистӣ эълон намуд.
Толибон гуфтанд, Ҷумъахони Фотеҳ муҳокима мешавад
Мақомоти ҳукумати Толибон гуфтаанд, ки Ҷумъахон Фотеҳ, аз фармондеҳони норозии ин гурӯҳ, ки ахиран дар ноҳияи Нусайи Дарвози вилояти Бадахшон боздошт шуд, муҳокима хоҳад шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар суҳбат ба "Afghanistan International" дар ин бора гуфтааст, ки "ҷузъиёти бештар акнун дар даст нест, чун бояд парванда ва иттиҳомот тартиб шавад ва сипас ба ниҳодҳои додгоҳӣ пешниҳод шавад".
Рӯзи 11 август миёни нерӯҳои ҳукумати Толибон ва афроди вобаста ба Ҷумъахони Фотеҳ, раиси пешини ноҳияи Нусай, даргирӣ сурат гирифт.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин даргириҳо аз ҳар ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Як чархболи ҳукумати Толибон ҳам дар ин даргириҳо сарнагун шуд.
Ҷумъахон Фотеҳ пас аз ҳудуди як ҳафта даргириҳо, рӯзи 17 август ба нерӯҳои ҳукумати Толибон таслим шуд ва ба шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол ёфт. Гуфта мешавад, ки ӯ сипас аз Кобул интиқол ёфтааст.
Пас аз таслим шудани ин фармондеҳи норозӣ, Толибон аз сокинони Нусай хостаанд, ки шикоятҳо ва аризаҳои худро дар бораи амалкардҳои Ҷумъахони Фотеҳ пешниҳод кунанд.
Ҳайати фиристодашудаи Толибон ба ноҳияи Нусай, ин фармондеҳи худро ба ғасби замин ва дигар дороиҳои мардум ва ҳамчунин "зулм" ба сокинон, муттаҳам кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои наздик ба Толибон, дар рӯзҳои ахир аз афроди наздик ба Ҷумъахони Фотеҳ садҳо силоҳи сабук ва вазнин ҷамъоварӣ шудааст.
Ноҳияи Нусай дар рӯбарӯи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар даргириҳои ахир дар Нусайи Афғонистон, як сокини Тоҷикистон аз тири ҷонибҳои даргир ба ҳалокат расид.
Кашфи як махфигоҳи силоҳ дар наздикии Берлин
Мақомҳои амниятии Олмон дар ҳоли таҳқиқ дар бораи як анбори махфии силоҳ дар ҷангале дар наздикии Берлин ҳастанд, ки ба гузориши расонаҳои ин кишвар, мумкин аст барои анҷоми террорҳои ҳадафманд ба намояндагӣ аз созмонҳои истихборотии Русия дар назар гирифта шуда бошад.
Рӯзномаи "Süddeutsche Zeitung" ва шабакаҳои NDR ва WDR рӯзи 21 август гузориш доданд, ки дар пайванд бо ин парванда як гумонбар аз Руминия боздошт шудааст.
Александр Добринт, вазири корҳои дохилии Олмон бо тасдиқи таҳқиқот дар бораи ин парванда гуфт, мақомҳои олмонӣ барои истирдоди эҳтимолии ин фард бо ҳамтоёни руминиягии худ дар тамос ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки гумонбар ба ҷосусӣ ва барномарезӣ барои анҷоми як ҳамлаи хушунатомез, ки амнияти кишварро ба хатар меандозад, таҳти таҳқиқ қарор дорад ва афзуд, "ин парванда нишон медиҳад, ки мо бо сатҳи болое аз таҳдид рӯбарӯ ҳастем".
Александр Добринт бо ин ҳол гузоришҳо дар бораи барномарезӣ барои анҷоми террор ба намояндагӣ аз Хадамоти амнияти федеролии Русияро тасдиқ накард ва танҳо гуфт, дахолати як қудрати хориҷиро наметавон аз эҳтимол дур донист.
Тибқи гузориши хабаргузории Олмон, махфигоҳи ошкоршуда дар наздикии Берлин шомили ду мил силоҳ ва миқдоре муҳимот будааст ва нишонаҳое вуҷуд доштааст, ки нишон дода, ин силоҳҳо аз тарафи созмонҳои ҷосусии Русия дар он маҳал қарор дода шудаанд.
Пулис ин маҳалро барои чанд моҳ зери назар дошт, аммо касе барои гирифтани силоҳҳо ба онҷо нарафт. Мақомҳо эҳтимол медиҳанд, афроди вобаста бо парванда, аз кашфи махфигоҳ аз сӯи пулис огоҳ шуда буданд.
Ин парванда дар ҳоле матраҳ шудааст, ки мақомҳои олмонӣ дар моҳҳои ахир борҳо дар бораи афзоиши амалиёти ҷосусӣ, харобкорӣ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ ҳушдор додаанд.
Ёдбуди Ҳасиби Панҷшерӣ дар Душанбе
Гурӯҳе аз Афғонистониён дар Душанбе ёдбуди Ҳасиби Панҷшериро баргузор карданд.
Ҳасиби Панҷшерӣ муқобили Толибон дар Афғонистон меҷангид.
Ӯ 19 август дар ҷанг бо Толибон кушта шуд.
Абдулҷаббор Азизёр, директори мактаби “Сомониён, мактаби паноҳҷӯёни Афғонистон рӯзи 21-уми август дар ин маросим гуфт, ки Ҳасиб “бо шаҳомат ва фидокорӣ дар роҳи дифоъ аз мардум ва сарбаландии Афғонистон истодагӣ кард ва саранҷом ба дасти душманони Афғонистон ба шаҳодат расид”.
Видеоро инҷо бинед:
Ҳасиб Панҷшерӣ низомии ҳукумати пешини Афғонистон буд. Толибон соли 2021 Афғонистонро ғасб карданд. Ба ҷуз Русия, ҳеч кишваре ҳукумати ин гурӯҳро эътироф накардааст.
Гурӯҳе аз норозиён дар дохили Афғонистон то ҳанӯз зидди ин гурӯҳ муқовимат мекунанд.
Русия дар зодгоҳи Зеленский 16 нафарро куштааст
Русия шаби гузашта ба як маркази савдо дар шаҳри Кривой Роги Украина ҳамла кардааст, ки дар пайи он 16 нафар кушта ва беш аз 100 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Кривой Рог зодгоҳи Владимир Зеленский, президенти Украина аст.
Владимир Зеленский рӯзи 22-юми август ин ҳамларо “нафратовар” хонда, маҳкум кард. Ӯ гуфт, ин як ҳамлаи террористӣ аст, ки дар он одамони бегуноҳ қурбон шуданд.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки дар миёни 130 маҷрӯҳ 23 нафар кӯдак мебошад.
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар шабакаи X гуфт, Русия ҳадафмандона ба террор даст мезанад, то зиндагиро дар шаҳрҳои Украина имконнопазир гардонад.
Дар ҳамлаи як рӯз пеши Русия ба Киев, пойтахти Украина 17 нафар кушта шуда буд.
Русия беш аз чор сол боз алайҳи Украина меҷангад ва ҳазорон нафарро кушта, даҳҳо шаҳру деҳаро хароб кардааст.
Аксари кишварҳои ҷаҳон таҷовузи Русия ба хоки як кишвари мустақилро маҳкум кардаанд.
Раҳмон хост, дар сохтмони “Роғун” корҳоро суръат бахшанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми боздид аз нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ширкатҳои сохтмонӣ хостааст, дар корашон таъхир накунанд, зеро мумкин аст, дар умум бунёди нерӯгоҳ ба дарозо кашад.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми август ҳангоми суханронӣ дар ҳузури иддае аз коргарони “Роғун” ва мақомоти расмӣ аз қафомонӣ ё таъхир дар иҷрои баъзе аз корҳои сохтмонӣ гуфтааст.
Ба қавли ӯ, бо вуҷуди корҳои то ҳол иҷрошуда, роҳбарияти нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” вазифадор карда шудаанд, ки “қафомониҳоро бартараф карда, суръати корҳоро боз ҳам вусъат диҳанд”.
Маълум нест, кадом аз бахши корҳо саривақт иҷро нашудаанд.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, то моҳи сентябри соли 2027 бояд чархаи саввуми нерӯгоҳи “Роғун” ба кор андохта ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон таъмин шавад.
Ҳоло маълум нест, ки оё тирамоҳ ва зимистони имсолу соли оянда дар кишвар мардум 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мешаванд ё бо маҳдудият ва дар соатҳои муайян нерӯи барқ хоҳанд дошт.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи кӯчонидани мардуме суҳбат кардааст, ки бо сабаби бунёди сарбанд, қарор аст, хонаву деҳоташон зери об монад. Ӯ гуфтааст, мақомот “кӯчонидани аҳолиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.”
Дар гузашта сокинони баъзе аз ин деҳот ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд ва ҷубронҳои лозимӣ, кумак ё ҷуброни дурусте нагирифтаанд ва мунтазири ба макони нави иқомат бурдани худ ҳастанд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва қарор аст, худи Тоҷикистон ва мардуми кишварҳои ҳамсояро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Навор дар Инстаграм:
Дар Украина як филми тасвирии русиро манъ мекунанд
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, чор фармонеро имзо гузошт, ки бар асоси он қарори Шӯрои амният ва мудофеаи миллии кишвараш дар бораи таҳримҳо нисбат ба Русия ба иҷро медарояд.
Аз ҷумла, нисбат ба студияи "Анимаккорд" маҳдудиятҳо ҷорӣ хоҳад шуд. Ин студия муаллифи филми тасвирии "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) мебошад.
Раҳбари кул, бунёдгузор ва муаллифону таҳиягарони ин филми тасвирӣ ҳам таҳрим шуданд.
Дар хабар омадааст, филми "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) дар паси пардаи афсонаи кӯдакона бо таблиғи Русия машғул шуда, аз ин ҷиҳат ба амнияти миллии Украина таҳдид дониста мешавад. Бар асоси ин қарор, намоиши ин филми тасвириро дар қаламрави Украина манъ мекунанд.
Аз ин пеш, моҳи июл, як гурӯҳ аз вакилони порлумони Бритониё дар як номаи боз аз вазири фарҳанг Лиза Ненди хостанд, ки филми тасвирии "Маша ва Хирс" (Маша и Медвед) аз ҳама пойгоҳҳои пахши онлайн пок карда шавад.
Дар ин нома гуфта шуд, ки баъзе аз кору ҳаракатҳои Маша "мазмуни таблиғотӣ" дорад. Ба унвони мисол, ӯ дар як саҳна бо кӯлоҳи тонкрон ва дар дигаре бо кӯлоҳи монанд ба маъмури амнияти даврони шӯравӣ дида мешавад.
Студияи "Анимаккорд" ин иттиҳомҳоро рад кард. Намояндаи он Мелани Бонвичино ин ҳамаро "туҳмат ва таҳқир" номида, гуфт, ин ширкат ҳеч гоҳ аз давлати Русия пул нагирифтааст.
Намояндаи Русия дар СММ гуфт, "басеҷ дар назар нест"
Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт, то ҷое ӯ медонад, пас аз интихоботи порлумонии моҳи сентябр дар кишвараш сафарбарии умумӣ ё басеҷ (басиҷ) ба артиш дар назар нест.
Василий Небензя ин нуктаро дар посух ба суоли як рӯзноманигори украинӣ баён дошт.
Рӯзноманигор аз Небензя пурсид, оё ӯ хабар дорад, ки ҳоло ҳазорҳо мард аз Русия ба Гурҷистон мегурезанд.
Намояндаи Русия дар Созмони Милал гуфт: "Дар бораи сафарбарии умумӣ дар Русия нигарон набошед. Фикр мекунам, ин мавзуъ борҳо дар сатҳи расмӣ шарҳ дода шудааст. Ҳозир ба мо басеҷ даркор нест ва он ба нақша гирифта нашудааст."
Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, низ хабарҳоро дар бораи омодагӣ ба басеҷи навбатӣ "сафсата" ва "иғво" номид.
Пештар Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, изҳорот дода буд, ки мумкин аст Русия садҳо ҳазор нафарро ба ҷабҳа фиристад.
Бино ба арзёбии Ҳадамоти Ҷосусии Бритониё дар охири моҳи майи имсол, аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина то кунун тақрибан 500 ҳазор сарбози рус кушта шудаанд.
Дар пайи сафарбарии густурдаи соли 2022, дар моҳҳои аввали таҷовузи Русия ба хоки Украина, садҳо ҳазор нафар аз Русия фирор карда буданд.