Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тошканд қаҳрамони ҳафткаратаи Узбекистонро куштанд


Бино ба иттилои пулиси шаҳри Тошканд, шаби 10 ба 11-уми сентябри соли равон дар қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахти Узбекистон миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ сар задааст.

Ҷавонон барои идомаи баҳс аз қаҳвахона берун шуда, ба занозанӣ давом додаанд. Дар натиҷа се нафар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо Муслимбек Омонови 23-сола субҳи 11-уми сентябр дар беморхона ҷон бохт.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасдан расонидани осеби сахти ҷисмонӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шахсияти тамоми иштирокдорони задухӯрд муайян карда шуда, тафтишот идома дорад.

Муслимбек Омонов варзишкори ҳирфаии муҳорибаи омехта, қаҳрамони ҳафткаратаи Узбекистон оид ба кикбоксинг ва қаҳрамони муҳорибаи омехта дар Осиё дар вазни 77 кило буд.

Ёдрас мешавем, моҳи августи соли гузашта дар натиҷаи занозанӣ бо муҳофизи клуби шабонаи шаҳри Тошканд қаҳрамони Узбекистон оид ба муҳорибаи омехта Ҷамшед Кенҷаев низ ҷон бохта буд.

XS
SM
MD
LG