Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ хостанд, Чин кӯдаконро ба волидонашон баргардонад


Яке аз мактабҳои бозтарбияи Чин
Яке аз мактабҳои бозтарбияи Чин

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҳукумати Чин хост, кӯдаконеро, ки аз оилаҳояшон ҷудо карда, дар хонаи кӯдакон нигаҳ медорад, билофосила ба назди онҳо баргардонад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 15-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ҳукумати Чин бояд ҷудо кардани кӯдакони уйғур ва дигар ақаллиятҳои мусулмонро бас кунад.

Дар баёния омадааст, ҳукумати Чин аз соли 2017 ба ин тараф дар маъракаи “Зарбаи сахт ба терроризми хушунатбор” тақрибан 1 миллион туркони мусулмонро дар урдугоҳҳои таълимоти сиёсӣ нигаҳ медорад. Теъдоди номаълуми дигар дар боздоштгоҳу зиндонҳо ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулони Дидбони Ҳуқуқи Башар, мақомоти Чин теъдоди бешумори кӯдаконро, ки волидонашон боздошт шудаанд ва ё ба хориҷ фирор кардаанд, дар интернат ва муассисаҳои дигари иҷтимоии давлатӣ нигаҳ медорад ва барои ин кор аз волидонашон ҳам иҷоза нагирифтааст.

Софи Ричардсон, раиси дафтари Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Чин дар ин баёния гуфтааст: “Маҷбуран аз волидонашон ҷудо кардани кӯдакон, золимонатарин унсури истибдоди Чин дар Шинҷон аст.” Ӯ афзудааст, ин кӯдаконро бояд фавран ба назди волидонашон баргардонанд ва ё иҷоза бидиҳанд, ки ба хориҷ бираванд ва ба оилаҳояшон бипайванданд.

Созмони мазкур мегӯяд, бо панҷ хонавода аз вилояти Шинҷон Уйғури Чин гуфтугу кардааст, ки ҳоло дар хориҷ зиндагӣ мекунанд. Ин хонаводаҳо гуфтаанд, ки ҳеҷ иртиботе бо фарзандонашон надоранд. Яке аз он Абдураҳмон Тоҳтӣ, ки дар Туркия иқомат дорад, гуфтааст, ки баъди боздошти ҳамсараш дар моҳи августи соли 2016 бо кӯдакони ҳоло 4 ва 3-солааш иртиботе надорад.

Ӯ моҳи январи имсол фарзандашро дар видеое дидааст, ки ба суолҳо бо забони чинӣ посух медиҳад. Ӯ ба Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, “Ман кӯдакону ҳамсарамро пазмон шудаам. Бисёр мехоҳам, ба пеши ман баргарданд.”

Маҳмадрасул Ҳасан, як қирғи зодаи вилояти Шинҷон Уйғури Чин гуфтааст, ки аз моҳи марти соли 2017 ба ин тараф ҳеҷ иртиботе бо ду писари дугоники 14-солааш гирифта наметавонад. Ҳамсари ӯро ҳам дар урдӯгоҳҳои таълимӣ нигаҳ медоштаанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, маълум нест, ҳукумати Чин чӣ қадар кӯдаконро беиҷоза дар хонаҳои кӯдакон ва интернатҳо нигаҳ медоранд.

Мақомоти Созмони Милал соли 2018 гуфтанд, ки Чин як миллион уйғӯрро дар “марказҳои муқобила бо ифротгароӣ” нигаҳ медорад ва миллионҳо нафарро ба “урдӯгоҳҳои бозтарбия” бурдааст. Аммо мақомоти Чин то кунун ҳамагуна интиқоду иддао дар бораи урдугоҳҳоро беасос хондаанд.

XS
SM
MD
LG