Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар Халиҷи Форс як киштии ҳомили сӯзишвориро боздошт кард


Мақомоти Эрон дар Халиҷи Форс киштиеро боздошт карданд, ки озими Иморати муттаҳидаи Араб буд. Теҳрон ҳайати экипажи киштиро ба қочоқ айбдор мекунад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба хабаргузории эронии ISNA иттилоъ дод.

Киштӣ ба кӣ тааллуқ дорад ва шаҳрвандони кадом кишвар дар дохили он ҳастанд, гуфта намешавад.

Боздошти киштӣ дар пасманзари ҳамла ба корхонаҳои нафти Арабистони Саудӣ сурат мегирад. Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин 14-уми сентябр ду корхонаи коркарди нафти Арабистони Саудиро бомборон карданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи ҳусиҳои Яман, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд, бар зимма гирифтанд. Департаменти давлатии ИМА дар ҳамла Эронро айбдор кард. Вале Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.

Арабистони Саудӣ, ки дувумин содиркунандаи бузурги нафт дар ҷаҳон шумурда мешавад, истихроҷи рӯзонаи нафтро ду баробар кам кард. Арзиши нафти хом якбора гарон шуд.

Президенти ИМА Доналд Трамп иҷозат дод, ки дар сурати зарурат барои муътадил нигоҳ доштани бозор аз захираи стратегии нафти Амрико истифода карда шавад.

XS
SM
MD
LG