Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаи Қрим пас аз таҳдиди тарконидани пули Днепр боздошт шуд


Пулиси шаҳри Киев мардеро, ки таҳдид кард, пули Днепрро метарконад, боздошт намуд. Дар ин бора "Украинская правда" бо истинод ба Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина хабар дод.

Ба иттилои пулис, гумонбар пас аз ғасби пул чандин бор оташ низ кушодааст.

Ҳодиса ҳамчун омодагӣ ба теракт арзёбӣ мешавад.

"Украинская правда" менависад, ки номи ин мард Алексей Белко буда, зодаи 42-солаи Қрим аст. Белко қаблан дар асоси шартнома дар артиши Украина хидмат кардааст.

Ҳаракати нақлиёт дар маҳалли ҳодиса қатъ карда шуда, дар метрои шаҳри Киев низ пас аз як занги телефонии ношинос дар бораи минагузорӣ ҳаракати қатораҳоро маҳдуд карданд.

XS
SM
MD
LG