Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федератсияи ҷудои Эрон аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд


Саид Муллоӣ

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) Федератсияи ҷудои Эронро аз ҳаққи ширкат дар тамоми мусобиқаҳо ва чорабиниҳои маъмурию ҷамъиятие, ки IJF ва иттиҳодияҳои он доир мекунанд, маҳрум намуд. Дар ин бора сомонаи расмии IJF рӯзи 18-уми сентябр хабар дод.

Дар хабари ин манбаъ гуфта мешавад, ба Федератсияи байналмилалии ҷудо 28-уми августи соли 2019 иттилоъ дода шудааст, ки дар ҷараёни мусобиқоти охирини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар Токио варзишкори эронӣ Саид Муллоӣ (вазни зери 81 кг) қувваозмоиро ба рақиби белгиягиаш барои он қасдан бохтааст, то ин ки аз зӯрозмоӣ муқобили рақиби эҳтимолиаш Саги Мукии исроилӣ халос шавад.

Тибқи хабари IJF, Федератсияи ҷудои Эрон ва баъзе аз мақомдорони ин кишвар ба Муллоӣ амр кардаанд, ки барои рубарӯ нашудан бо варзишкори исроилӣ дар финал қасдан худро аз ҳаққи идомаи ширкат маҳрум созад.

Ин далелу амалҳо бо номае, ки ба IJF 8-уми майи соли 2019 бо имзои президенти Кумитаи миллии олимпии Эрон Сайид Ризо Солеҳи Амирӣ ва президенти Федератсияи ҷудои Эрон Ораш Мирисмоилӣ ирсол шудааст, ихтилофи ҷиддӣ дорад.

Дар ин нома омадааст, ки Федератсияи ҷудои Эрон ва Кумитаи миллии олимпии Эрон Хартияи олимпӣ ва Ойинномаи Федератсияи байналмилалии ҷудоро комилан риоя мекунанд.

Ба ин тартиб Муллоӣ дар Олимпиадаи Токио-2020 таҳти парчами паноҳанда рақобат хоҳад кард.

Федератсияи ҷудои Эрон метавонад ба Додгоҳи варзишии арбитражӣ (CAS) дар бораи тасмими IJF шикоят барад. Муҳлати пешниҳоди шикоят баъди гирифтани қарор 21 рӯзро ташкил медиҳад.

Гузоришҳои видеоӣ

"Ботлоқ". Шароити паноҳҷӯёни эронӣ дар Юнон. Филми мустанад. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:55 0:00
XS
SM
MD
LG