Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Президенти Қирғизистон бо ҳамтои русаш дар Оренбург


Сооронбой Ҷеенеков, президенти Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр ба Русия сафар кард. Дар шаҳри Оренбурги Русия Ҷеенбеков бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот кард.

Дар ин бора расонаҳои Русия бо такя ба Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин хабар доданд. Миёни президентҳо баргузории мулоқоти алоҳидаи дуҷониба дар назар аст.

Сар аз 16 то 21-уми сентябр дар Русия размоишҳои густардаи "Марказ-2019" баргузор мешавад. Дар ин размоиш дар маҷмуъ наздики 128 ҳазор низомӣ аз ҳашт кишвар, аз ҷумла аз Қирғизистон, ширкат мекунанд.

Мулоқоти охири Ҷеенбеков бо Путин моҳи июли соли ҷорӣ баргузор шуда буд.

Гузоришҳои видеоӣ

"Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
XS
SM
MD
LG