Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили дастрасӣ ба сомонаи "Фарғона" дар Русия дубора сар зад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони хабаргузории "Фарғона", қароргоҳаш дар Маскав, гуфтанд, ки Роскомнадзор – ниҳоди нозир дар соҳаи мухобироти Русия – дастрасӣ ба як саҳифаи сомонаи онҳоро бастааст. Ба ҳамин далел, ба гуфтаи онҳо, сомона барои аксари корбарон дар ҳудуди Русия дастнорас аст.

Роскомнадзор дар бораи бастани як саҳифаи «Фарғона» шаби сешанбе хабар дод, вале сабаби чунин тасмимро шарҳ надод.

Хабаргузории "Фарғона", ки дар Русия сабти ном шудааст, дар бораи ҳодисаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Ин хабаргузорӣ 1-уми октябр дар ҳудуди Русия пурра баста шуда буд, вале дертар Роскомнадзор ин маҳдудиятро бардошт.

Мудири кулли "Фарғона" Даниил Кислов рӯзи сешанбе гуфт, онҳо бо кумаки ҳуқуқшиносон ва ҳаракати "Роскомсвобода" тавонистанд муайян кунанд, ки ба дастнорас шудани сомонаи хабаргузорӣ дар Русия матлаби худкушии як зани нафақахӯр дар Қирғизистон сабаб шудааст.

Сармуҳаррири хабаргузорӣ Мария Дубнова иттилоъ дод, ки онҳо матлаби мазкурро аз сомона пок ва «Роскомнадзор»-ро огаҳ карданд. Ба гуфтаи Дубнова, «Роскомнадзор» дар аввал нагуфт, ки аз нашри кадом матлаб норозӣ ҳаст ва бе огоҳӣ дастрасӣ ба сомонаро маҳдуд кард.

XS
SM
MD
LG