Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "регу шағал" бо як ширкати чинӣ ба куҷо мерасад?


Баҳси тақрибан яксолаи раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо як ширкати чинӣ, ки то ин дам ба фоидаи мақомот ҷараён дошт, ба аввали худ баргашт.

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта қарори ду зинаи поёнӣ, аз ҷумла қарори Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғдро дар ин бора бекор кард ва амр дод, ки қазияро аз нав омӯзанд. Далели чунин тасмим ошкор нашудааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ширкати "Роҳи Оҳани Усзюй"- и Чинро ба поймол кардани қонуни сарватҳои табиии Тоҷикистон муттаҳам медонад. Масъулони ин идора гуфтанд, кормандони ширкати чинӣ ҳангоми сохтмони роҳи Хуҷанд-Исфара бе доштани иҷоза регу шағалро канда, ба ҳисоби онҳо, ба давлат 1,3 миллион сомонӣ (беш аз сад ҳазор доллар) зиён расондаанд.

Аммо намояндагони ширкати чинӣ дар ҷавоби хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо аз регу шағали селроҳа истифода бурдаанд, ки ба бовари онҳо, "ба гирифтани иҷозаи расмӣ зарурат нест".

Толибҷон Юсуфов, ҳуқуқшиноси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкати чинӣ бе иҷозаи мақомот аз се минтақа дар Исфара регу шағал гирифтааст. Вай афзуд, "ин кор мухолифи қонун дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити зисти Тоҷикистон аст ва бояд ҷуброн пардозанд."

Масъулони филиали "Ширкати Роҳи Оҳани Хитоии Усзюй" дар ҷавоби хаттӣ ба Радиои Озодӣ навиштанд, баръакс, ба ҳукумати шаҳри Исфара дар тоза кардани селроҳа кумак кардаанд, то ба гуфтаи онҳо, аз оқибати бади офатҳои табиӣ пешгирӣ шавад.

Инчунин ба гуфтаи масъулини ширкати чинӣ, "мутобиқи мактуби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон, истифодабарии омехтаи регу шағал аз маҷрои селроҳа бе гирифтани Иҷозатномаи ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ сурат мегирад".

Мақомоти бахши муҳити зисти вилояти Суғд дар даъвои худ ба додгоҳ навиштаанд, ширкати чинӣ ба табиат 1,3 миллион сомонӣ зарар расондааст ва бояд онро ҷуброн кунад. Масъулини ин ниҳод гуфтаанд, филиали "Ширкати Роҳи Оҳани Хитоии Усзюй" аз пардохти ихтиёрии маблағ саркашӣ кард ва барои ҳамин қазия ба додгоҳ кашида шуд.

Аммо масъулони ин ширкати чинӣ мақомоти муҳити зисти вилояти Суғдро ба берун баромадан аз ваколати хидматӣ муттаҳам мекунанд, дар ҳоле ки ба иддаои намояндагони "Ширкати Роҳи Оҳани Хитоии Усзюй", "барои гузарондани санҷиши мазкур бояд як комиссияи босалоҳият ташкил мешуд".

Масъулини ширкат гуфтанд, пеш аз даъво ба додгоҳ масъулини муҳити зисти вилояти Суғд онҳоро дар ин бора огоҳ накарда буд ва барои истифодаи регу шағал чаҳор иҷозатнома доранд. Мақомот низ иҷозатнома доштани ширкатро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, ин ширкат илова бар иҷозатнома, аз ҷойҳое регу шағал гирифтааст, ки барои истифодаи онҳо санад надорад.

Баҳси мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Филиали "Ширкати Роҳи Оҳани Хитоии Усзюй" ҳамакнун дубора дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд баррасӣ мешавад. Маълум нест, ин дафъа баҳс ба фоидаи кӣ ҳал хоҳад шуд.

Дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо сабаби дар сафари корӣ будани масъули баррасии парванда аз шарҳи қазия худдорӣ карданд. Баҳси ахир ба гуфтаи масъулини муҳити зисти вилояти Суғд аз камтарин қазияҳои додгоҳӣ бо ширкати чинӣ дар ду соли ахир будааст.

Як коршиноси бахши муҳити зист дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Тоҷикистон баъзан ба хотири сармоягузориҳои зиёд ба камбуду хилофкориҳои ҷониби Чин "чашм мепӯшанд". Ин ҳамсуҳбати мо розӣ нашуд номашро зикр кунем, аммо гуфт, "вагарна бояд даҳҳо корхонаи Чинро дар Тоҷикистон барои бо дуди ғализ ифлос кардани муҳити зист муҷозот мекарданд".

Шикояти сокинони ноҳияи Ёвон ва Файзобод аз дуди ғализи корхонаҳои сементи чинӣ борҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст. Аммо мақомот то ҳол ба чунин шикоятҳо вокунише накардаанд.

Коршиносон дар гузашта борҳо гуфтаанд, ки Чин бо мушкилоти муҳити зист даст ба гиребон аст ва манфиатдор аст, ки корхонаҳои олудакунандаи ҳаворо аз қаламраваш берун кунад.

Ширкати чинии "Роҳи Оҳани Усзюй" аз соли 2006 боз дар Тоҷикистон фаъол аст ва ҳоло роҳи Хуҷанд-Исфараро месозад. Роҳи Хуҷанд-Исфара бо маблағҳои қарзу гранти Бонки ҷаҳонӣ сохта мешавад. Яке аз тарҳҳои бузурге, ки ширкат амалӣ кардааст, сохтмони роҳи Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон будааст.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG