Дар чанд ҷумла
Зеленский бо сафари чоррӯза дар Ҷопон қарор дорад
Президенти Украина Владимир Зеленский бо як сафари чоррӯза ба Ҷопон сафар кард, ки дар ҷараёни он дар маросими ба тахт нишастани император Наруҳито иштирок мекунад. Дафтари президенти Украина рӯзи 21 октябр хабар дод, ки дар мулоқот бо нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе, Зеленский Токиоро барои идомаи кӯмакҳояш дар амри тақвияти истиқлолият ва тамомияти арзии Украина ташаккур кард.
Ду раҳбар барномаҳои сармоягузорӣ ба Украинаро баррасӣ ва таъкид карданд, ки мизони ёрии молӣ ба Киев аз соли 2014 ба ин сӯ 1,8 миллиард долларро ташкил додааст. Зеленский дар ин дидор мавзӯи ҷорӣ кардани низоми бидуни раводид барои украиниҳо дар остонаи бозиҳои олимпии соли 2020-ро дар Токио матраҳ кард. Ҷопон аз соли 2017 ба ин сӯ муқаррароти виза барои шаҳрвандони украиниро сабуктар кардааст.
Дар ҷараёни сафари ӯ, ки қарор аст то 24 октябр идома ёбад, Зеленский бо ҳарду палатаи парлумон, аъзои анҷумани дӯстӣ бо Украина, раҳбарияти Оҷонсии рушди байналмилалии Ҷопон ва Анҷумани “Иқтисоди нав”-и Ҷопон ва ҳам раҳбарони ширкатҳои хусусӣ дидору гуфтугӯ мекунад.
Интизор меравад, ки Зеленский рӯзи 22 октябр инчунин бо раҳбарони дигар кишварҳое, ки барои ширкат дар маросими ба тахт нишастани император ба Токио мераванд, мулоқот кунад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар шаҳри Деҳнав шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорат раҳо кардаанд
Хадамоти Амнияти Миллии Узбекистон гуфт, ки маъмурони амниятӣ, як шаҳрванди Тоҷикистонро аз асорати як сокини шаҳри Деҳнав раҳо кардаанд.
Дафтари матбуоти кумита рӯзи 26-уми январ дар як барномаи телевизионӣ хабар дод, ки гумонбар дар ҷиноят, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки зоҳиран ҳамкораш аз ӯ қарздор будааст, гаравгон гирифта азобу шиканҷа додааст.
Дар барнома гуфта мешавад, ки сокини 32-солаи шаҳри Деҳнав, ки қаблан ҳам ҷиноят кардааст, як ҳамсоли худ аз шаҳри Душанберо гаравгон гирифтааст. Ин ҷавон ҳамкори марди 37-солае аз Душанбе будааст, ки 11 ҳазор доллари шаҳрванди Узбекистонро саривақт барнагардондааст.
Маълум нест, ки чӣ гуна ҳамкори марди қарздор ба асорати шаҳрванди Узбекистон афтодааст. Хадамоти Амнияти Миллӣ гуфтааст, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми асорат дар хона мавриди шиканҷаву латукӯби зиёд қарор гирифтааст.
Гумонбар дар ҷиноят айни замон дар боздошт аст. Ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест, аз ҷумла, ин ки кай рух дода, ҷавони тоҷик чанд вақт дар асорат будааст.
Идомаи таҳқиқи марги шубҳабарангези як хонавода дар Исфара
Намояндагони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ тасдиқ карданд, ки маводҳои ташхиси марги Искандар Маликӣ, корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфараро ба хориҷа фиристодаанд.
Мустафо Муминзода, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, рӯзи 26-уми январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо дархости мақомот мавод дар ин қазияро ҳам дар дохил санҷиданд ва ба хориҷ фиристоданд. Аммо масъули кумита аз шарҳи натиҷаҳои ташхис дар дохил худдорӣ кард.
Искандар Маликии 34-сола, корманди собиқи ҳукумати Исфара рӯзи 7-уми декабр ҳамроҳи ҳамсараш Муаттарахони 29-сола ва духтари чаҳорсолаашон дар шароити шубҳабарангезе ҷон бохтанд.
Бо гузашти беш аз як моҳ мақомот сабабҳои марги Искандар Маликӣ ва ҳамсару духтараш маълум нест. Як фарзия ин аст, ки онҳо аз истеъмоли хӯрок заҳролуд шудаанд.
Расонаҳо: Пас аз музокирот ҷонибҳо "ба мулоқоти Путину Зеленский наздик шудаанд"
Даври нави музокироти сеҷонибаи ҳайатҳои ИМА, Русия ва Украина дар масъалаи хатми ҷанг дар Украина мумкин аст рӯзи якуми феврал дар шаҳри Абу Дабӣ баргузор шавад. Дар ин бора нашрияи Axios бо истинод ба як мақомдори амрикоӣ хабар додааст.
Расонаҳои дигари ғарбӣ, Украина ва ҳамчунин Оҷонсии ТАСС-и Русия навиштаанд, ки дар нишасте, ки рӯзҳои 23-24-уми январ баргузор шуд, барои аввалин бор пас аз оғози ҷанг, ҳайатҳо дар бораи даври нави музокирот ба тавофуқ расиданд.
Axios аз қавли намояндагони Амрико навиштааст, ки музокироти намояндагони Русия, Украина ва ИМА дар Абу Дабӣ қадами муҳиме барои мулоқоти навбатӣ шуд. Ба гуфтаи яке аз мусоҳибон, ҷонибҳо имконияти дидори президентҳои Русияву Украина, Владимир Путин ва Владимир Зеленскийро матраҳ кардаанд ва “ба ин мулоқот хеле наздик шудаанд”.
Манбаъҳои нашрия гуфтаанд, ки Путин 22-юми январ дар мулоқот бо фиристодагони вижаи президенти Амрико дар Маскав, омодагии худро барои хатми ҷанг аз роҳи дипломатӣ баён доштааст. Ирсоли ҳайати “ҷиддӣ” аз Русия ба Абу Давбӣ ҳам яке аз нишонаҳои ин гуфта шудааст.
Ҳайати Русияро дар даври аввали музокирот адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ карданд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дошт.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифта, ду рӯз идома кард. "РБК-Украина", навиштааст, ки Русия, чун қабл ба хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз бахшҳои ишғолнашудаи вилояти Донетск пофишорӣ дорад, вале ҷониби Украина ин талабро қабул надорад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дода буд, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва "намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд".
Қасди фурӯши тифли навзод бар ивази 100 ҳазор сомонӣ
Дар Тоҷикистон як занеро, ки мехост тифли навзоди худро бифурӯшад, боздошт карданд. Ӯро барои содир намудани ҷинояти "хариду фурӯши ноболиғон", гумонбар донистанд.
Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри наворе дар ин бора гуфт, Зуҳрохон Розиқова сокини ноҳияи Рӯдакӣ қасд дошт, тифли ҳаштмоҳаро бар ивази 100 ҳазор сомонӣ ба каси дигар бифурӯшад ва рӯзи 18-уми январ, ҳангоми гирифтани пул боздошт шуд.
Назари худи зан ва сабабҳои ба ин амал даст задани ӯ маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки сарнавишти баъдии тифл чӣ мешавад.
Нисбати модари тифл бо моддаи 167 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонун аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Хариду фурӯши ноболиғ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Тобистони соли гузашта дар вилояти Суғд як занро барои қасди фурӯши духтарчаи 4-солааш дастгир карда буданд. Ба иттилои мақомот вай мехостааст, духтари хурдсолашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд бифурӯшад. Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюм аз издивоҷи дуюмаш будааст.
Дар Миннесотаи ИМА корманди федеролӣ як сокинро куштааст
Дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесота рӯзи 24-уми январ як корманди Хадамоти федеролии марзбонии ИМА сокини маҳаллиро бо зарби тир куштааст.
Хадамоти федеролии марзбонӣ ва гумрук гуфтааст, ки кормандаш аз худ дифоъ кардааст.
Ин дуюмин ҳодисаи кушта шудани сокини маҳаллӣ дар ин шаҳр аст.
Дар ҳодисаи ним моҳи пеш, Рене Гуд, як зани 37-сола низ дар чунин ҳодисае кушта шуда буд.
Хадамоти федеролии марзбонӣ бо ҳадафи ошкору боздошт кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин аёлат сафарбар шудаанд.
Ҳарду кушта шуда шаҳрвандони Амрико ҳастанд.
Расонаҳо хабар доданд, ки марди кушташуда Алекс Преттии 37-сола, корманди бахши эҳёгарӣ дар як бемористон будааст.
Вазорати амнияти дохилии ИМА иддао кардааст, ки кормандони Хадамоти марзбонӣ мехостанд, як муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кунанд, вале Алекс Претти садди роҳ шуда, бо тапонча муқовимат нишон додааст.
Мақомоти Миннесота пас аз дидани наворҳои видеоӣ, фарзияи ҳукумати федералиро дар бораи "муқовимат" дурӯғ хонданд. Тим Уолз, губернатори Миннесота аз Кохи Сафед талаб кард, ки фавран ҳазорон пулиси "бетаҷриба ва хушунаткор"-ро аз Миннесота берун кунад.
Президент Доналд Трамп танқидҳоро рад карда, роҳбарияти аёлатро ба "барангехтани ошӯб" муттаҳам кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар ҷараёни амалиётҳо 12 ҳазор муҳоҷири ҷинояткор боздошт ва ихроҷ шудаанд.
Дар Миннеаполис сарфи назар аз сармои шадид, эътирозҳо зидди амалиёт алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад.
Русия дар як ҳафта бо се ҳазор бесарнишину мушак ба Украина ҳамла кардааст
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 25-уми январ гуфт, ки Русия ҳафтаи гузашта бо ҳазорон мушаку бесарнишин ба иншооти барқрасонии кишвараш ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар ҳамлаи як ҳафати ахир 1700 бесарнишин (дрон), беш аз 1380 бомбаҳои ҳидоятшаванда ва 69 мушаки гуногун истифода кардааст.
Президенти Украина гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо иншооти барқрасонӣ, гармидиҳӣ ва хонаҳои сокинони одӣ зиён дидааст.
Мақомот дар Укарина мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои Русия ҳазорон сокин аз гармӣ ва рушноӣ маҳрум шудаанд.
Афзоиши ҳамлаҳои Русия дар ҳолест, ки бо миёнаравии Амрико дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳузури Русия ва Украина гуфтугӯи сулҳ ҷараён дорад.
Русия чор сол пеш ба Украина ҳамла карда, ҳазорон нафарро кушта ва миллионҳо нафарро аз ватан гуреза кардааст.
Як донишгоҳ дар Амрико духтари дабири Шӯрои амнияти Эронро аз кор хориҷ кард
Донишгоҳи тибии Эморӣ дар аёлати Ҷорҷияи ИМА хабар дод, ки Фотима Лориҷонӣ, духтари Алии Лориҷонӣ, мансабдори баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эронро аз кор хориҷ кардааст.
Фотима Ардашер Лориҷонӣ дар бахаши саратоншиносии ин донишгоҳ кор мекардааст.
Фотима, духтари Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аст, ки Амрико ӯро дар саркӯби эътирозҳо гунаҳкор дониста, таҳрим кардааст.
Даҳҳо фаъоли эронӣ пас аз куштори ҳазорон эътирозгар дар Эрон аз ин донишгоҳ хоста буданд, то ҳузури духтари нафареро, ки ҳамеша шиори “Марг ба Амрико” медиҳад, шарҳ диҳад.
Эрл Баддӣ Картер, узви Маҷлиси намояндагони Амрико аз аёлати Ҷорҷия, дар номае ба донишгоҳи Эморӣ хостори ихроҷи Фотима Лориҷонӣ шуда буд.
Рӯзи 24-уми январ мудири донишкадаи тиббии донишгоҳи Эморӣ дар шабакаи Х навишт, ки дигар Фотима Лориҷонӣ бо онҳо ҳамкор нест.
Ду ҳафта пеш, Алии Лориҷонӣ дар посух ба ҳушдори Трамп, ки агар Эрон эътирозгаронро бикӯшад, посухи сахте хоҳад гирифт, дар шабакаи Х навишт, ки мардуми ИМА бояд "муроқиби сарбозони худ бошанд".
Ин таҳдиди Алӣ Лориҷонӣ дар оғози эътирозҳо дар Эрон буд ва ҳанӯз аз куштори саросарӣ хабаре набуд.
Дар аввали моҳи январи имсол Ҷумҳурии Исломии Эрон эътирози сокинон аз баландравии нархи маводи ғизоӣ ва беқурбшавии пули миллиро саркӯб кард. Дар ин эътирозҳо, бино ба оморҳои гуногун аз 5 то 30 ҳазор нафар кушта шудаааст.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷопон қаҳрамони Осиё шуд
Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026 байни ҷавонони то 23-сола дар Арабистони Саудӣ тими Чинро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардид.
Бозии ниҳоии мусобиқа рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium" доир гардид. Ҷопониҳо бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Косей Огура ду гол, Юто Озеки ва Рюноске Сато якголӣ заданд.
Мунтахаби Ҷопон унвони қаҳрамонии худро, ки ду сол пеш дар Қатар ба даст оварда буд, бо сарбаландӣ ҳифз намуд. Дарвоқеъ, ҷопониҳо бори сеюм Ҷоми қаҳрамониро ба даст оварданд. Қаблан онҳо солҳои 2016 ва 2024 бо медалҳои тилло сарфароз шуда буданд.
Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 23-юми январ дар Ҷидда, дар варзишгоҳи "King Abdullah Sports City Hall Stadium" мубориза бурданд.
Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти кори футболбозони ҷавони Ветнам омад кард ва онҳо бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К”, ки аз 3-юм то 9-уми сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид, бар Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, аз Филиппину Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрд. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ин гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.
Ҷоми Осиё (U-23)
Бозӣ барои ҷойи сеюм, 23-юми январ (ҷумъа):
Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ – 2:2 (7:6 – аз рӯйи пеналти)
Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City Hall Stadium»
Финал, 24-уми январ (шанбе):
Ҷопон – Чин – 4:0
Голҳо: Юто Озеки, 12, Косей Огура, 20, Рюноске Сато, 59, Косей Огура, 76.
Ҷидда, варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium"
Ҳабси абади ҳашт узбекистонӣ барои занозанӣ дар Дубай
Додгоҳе дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳашт шаҳрванди Узбекистонро барои ширкат дар як занозанӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Як узбекистонии дигарро ба 25 сол зиндон маҳкум карданд.
Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо тасдиқи хабар гуфтааст, намояндагии дипломатии ин кишвар барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон корҳои заруриро анҷом медиҳад.
Муноқиша, ки дар пайи он шаҳрвандони Узбекистон боздошт шуданд, моҳи апрели соли 2025 дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Дубай рух дод.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар ин занозанӣ ду шаҳрванди Узбекистон ҳалок шуданд. Ба гуфтаи додситонии Дубай, сабаби муноқиша хусумати пешина миёни ду гуруҳ буд.
Дар як сол ҳафт нашрияи мустақил аз чоп мондааст
Омори тозаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки соли гузашта теъдоди рӯзномаҳои мустақил дар кишвар боз ҳам камтар шудааст.
Тибқи иттилои ахири Вазорати фарҳанг, феълан дар кишвар 61 рӯзномаи мустақил чоп мешаванд, ки дар қиёс ба як соли пеш 7 адад камтар аст. Соли гузашта шумори нашрияҳои мустақил 68 адад буд.
Тибқи омори Вазорати фарҳанг,бархилофи нашрияҳои мустақил соли гузашта теъдоди ҳафтаномаҳои давлатӣ аз 130 ба 131 адад бештар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар кишвар ҳамчунин 184 маҷалла (151 давлатӣ ва 33 мустақил), 97 матбаа (23 давлатӣ ва 74 мустақил) фаъолият мекунанд.
Сабабҳои аз чоп мондани 7 нашрияи мустақил маълум нест. Танҳо маълум аст, ки дар нимаи аввали соли 2025 газетаҳои "Фараж" ва "Самак" аз чоп монданд.
Бар асоси раддабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, як омили аслии коҳиши расонаҳо дар Тоҷикистон, саркӯби озодии баён, рӯзноманигорон ва расонаҳо дар чанд соли ахир будааст. Аммо дар гузориши Вазорати фарҳанг дар бораи сабабҳои аз чоп мондани нашрияҳои мустақил чизе гуфта нашудааст.
СММ аз Эрон хост, саркӯби норозиёнро бас кунад
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи 23-юми январ саркӯби норозиён дар ҷараёни эътирозҳои ахири Эронро маҳкум карда, хостори анҷоми "таҳқиқоти фаврӣ" дар ин бора шуд.
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ дар ибтидои нишаст эълом кард, ки дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Эрон "ҳазорон" нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст додаанд. Фолкер Турк, аз мақомҳои эронӣ хост, "аз тасмимҳои худ ақибнишинӣ карда ва ба саркӯби эътирозгарон поён диҳанд".
Дар ин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қатъномае қабул шуд, ки бар асоси он маъмурияти ҳайати таҳқиқи мустақил дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ба муддати ду сол тамдид шуд.
Бар асоси ин қарор, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Эрон низ ба муддати як соли дигар корашро давом медиҳад.
Анҷом даври аввали музокироти Русия, Украина ва ИМА
Даври аввали музокироти сеҷонибаи намояндагони Русия, Украина ва ИМА 23-юми январ дар шаҳри Абу Дабӣ ба анҷом расид.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон идома кард. "Ба эҳтимоли зиёд дар гуфтугӯҳои 24 январ низ ин тартиб идома ёбад", -гуфтаанд ҳамсуҳбатони ТАСС. Музокирот давоми ду рӯз идома меёбад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва "намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд".
"Муҳим ин аст, ки Русия омода бошад ин ҷанги оғозкардаашро тамом кунад", - гуфтааст Зеленский.
Бо ин ҳол раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, дар бораи хулосаи ниҳоии музокирот гуфтугӯ кардан ҳанӯз барвақт аст.
Намояндагони Кохи Сафед ба шабакаи NBC News гуфтаанд, вохӯрӣ "пурмаҳсул буд" ва "музокирот фардо идома мекунад”".
Ҳайати Русияро адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ мекунанд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дорад. Пештар Владимир Зеленский гуфта буд, ки ояндаи Донбас аз мавзуъҳои калидии гуфтугӯ аст.
Дар Тоҷикистон барои 100 ҳазор нафар мактабу синф сохтаанд, вале нокофӣ
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2025 дар кишвар барои тақрибан 100 000 муҳассил мактаб ва ё синфхонаҳои нав сохтаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 23-уми январ бо нашри баёнияе аз ҷараёни нишасти солонаи ҳукумат навиштааст: “Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.”
Дар Тоҷикистон, ки солона то 250 ҳазор тифл ба дунё меояд, норасоии мактабу кӯдакистон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дар баъзе аз мактабҳои кишвар дар як синф бештар аз 40 нафар ҳам таҳсил мекунанд ва ҷойи нишаст низ барои иддае намерасад.
Низомномаи мактабҳои миёна шумораи ҳадди аксари хонандагонро дар як синф барои шаҳрҳо 25 донишомӯз муқаррар кардааст. Дар аксари мактабҳои Душанбе ин теъдод аз 30 боло буда ба 40-45 ва бештар аз он низ мерасад.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол бояд зиёда аз 380 муассисаи таълимӣ бунёд шавад, то фарзандони мардум дар мактаб дуруст нишаста, дарс бихонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 4056 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Айни замон бештар аз 250 мактаби ҳамагонӣ дар нимавайрон буда ва бинои 351 мактаби дигар ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доштаанд.
Қонуни ҷанҷолӣ дар бораи фарзандони муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳукми иҷро мегирад
Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Дар ин бора Думаи давлатии Русия рӯзи 23-уми январ хабар дода гуфтааст, қонуне, ки вакилони мардумӣ дар ин бора тасвиб карданд, аз рӯзи 28-уми январ ҳукми иҷро мегирад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст: “Системаи табодули ҳамзамони иттилоот дар бораи фарзандони муҳоҷир ва хонаводаҳои муҳоҷирон байни муассисаҳо ва идораҳои маориф ва вазорати умури дохилӣ, назорату сабти хориҷиёнеро, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, босамар ва шаффофтар месозад.”
Ба гуфтаи ӯ, шеваи нави назорат, имкон медиҳад, ҳузури қонунии кӯдакону волидонашон дар Русия назорат ва риояти қонунҳо дар бораи муҳоҷират таъмин шавад.
Ҳангоми қабули ин қонун дар тобистони соли гузашта Михаил Матвеев, яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатӣ аз ҷумла бо ишора ба бачаҳои муҳоҷирон гуфта буд: "Шашсад ҳазор дар марказҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳои мо дайдугӣ мекунанд, галла-галла мегарданд, ба кӯдакону калонсолон ҳамла мекунанд, майдончаҳои бозии кӯдаконро террор мекунанд.”
Қонуну қоидаҳои наву маҳдудкунандаи кору иқомати муҳоҷирон дар Русия сабаб шудааст, ки ҳазорон хонаводаи тоҷик фарзандони худро барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд аз миёни беш аз 5 ҳазор кӯдаке, ки дар 9 моҳи соли 2025 аз мактабҳои кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, 70 дар садашон наврасоне ҳастанд, ки қаблан дар Русия таҳсил мекарданд.
"Танҳо як масъала мондааст". Дидори намояндаи Трамп бо Путин
Бегоҳи 22-юми январ дар шаҳри Маскав вохӯрии президенти Русия Владимир Путин бо Стив Виткоф, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷеред Кушнер, домоди Доналд Трамп баргузор шуд.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия, натиҷаи асосии ин дидор тавофуқ дар бораи вохӯрии намояндагони Русия, ИМА ва Украина аст. Қарор аст ин мулоқот 23-юми январ дар шаҳри Абу Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шавад.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Ушаков таъкид кардааст, ки сулҳи пойдор бидуни ҳалли масъалаҳои марзӣ ба даст намеояд.
Стив Виткоф рӯзи 22-юми январ дар ҳошияи дидори солонаи иқтисодии Давос дар Швейтсария гуфт, тарафҳо барои созиши оташбас дар Украина хеле наздик шудаанд.
Ба гуфтаи фиристодаи вижаи Трамп, танҳо як масъалаи ҳалношуда боқӣ мондааст. Ба эҳтимоли зиёд ин масъалаи сарзамин аст.
Бунгоҳи Boomberg ҳафтаи гузашта навишт, ки Виткоф ва Кушнер ба Путин нақшаи сулҳи ИМА-ро барои Украина пешниҳод мекунанд.