Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналисти ҳамкори РАО/РО дар Донетск ба 15 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳе дар шарқи Украина – минтақаи Донетск, ки як қисмашро ҷудоиталабони рӯ ба Русия назорат мекунанд, Станислав Асеевро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Хабаргузории DAN рӯзи 22 октябр навишт, ки додгоҳ Асеевро дар ҷосусӣ, ифротгароӣ ва даъвати оммавӣ барои вайрон кардани тамомияти арзӣ маҳкум кард. Асеев бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳам бо тахаллуси Станислав Васин ҳамкорӣ мекард. Ӯ 2 июни соли 2017 дар минтақаи Донетск нопадид шуд ва аз он замон то кунун дар боздоштгоҳ қарор дошт.

Ҷемӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “ҳукми Станислав Асеев, ки моҳи август содир шудааст, тоза эълон шуд ва ин мавриди интиқод аст”. Ӯ гуфт, “Стас як журналистест, ки мехост дар бораи вазъи воқеӣ дар шарқи Украина огоҳ кунад. Ин ҳукми ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар Донетск талоши хомӯш кардани садои пурқудрат ва мустақили ӯ мебошад. Стас бояд билофосила озод шавад”.

Журналисти 30-сола яке аз чанд журналист дар Донетск аст, ки баъди таҳти назари ҷудоиталабон гузаштани шаҳр корро идома дод. Моҳи августи соли 2018 як Ҳайати мушовараи озодии матбуоти Конгресси Амрико озодии билофосилаи Асеевро тақозо кард ва ӯро ҳамчун ягон журналисте сифат дод, ки “дар қаламрави зери назари ҷудоиталабон гузоришҳои мунсифона таҳия мекунад”. Қаблан озодии Асеевро созмони Гузоришгарони бидуни марз ҳам тақозо карда аз шеваи нигаҳдошти ӯ изҳори нигаронӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG