Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сарбозшикор"-ҳои шабона дар Кӯлоб. "Облава" давом дорад? ВИДЕО


Дар ҳоле ки то анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон камтар аз даҳ рӯзи дигар мондааст ва мақомот мегӯянд, беш аз 90 дарсади нақшаро иҷро карданд, сокинон аз "сарбозшикор" ё "облава" дар шабонгоҳҳо шикоят доранд. Мақомот ҳамвора вуҷуди "сарбозшикор"-ро рад мекунанд.

Ҷамшед Раҳимов, сокини шаҳри Кӯлоб, гуфт, шоми 19-уми ноябр ҳангоме ки бо яке аз наздиконаш дар маҳаллаи Чармгарони Поён ба тарафи мағоза мерафт, чаҳор нафар талош кардаанд, онҳоро бо худ баранд. "Танҳо баъд аз ҷамъ шудани одамон, моро раҳо карданд", -- нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи ин сокини Кӯлоб, "ҳарчанд мефаҳмондам, ки ҳамроҳам хонандаи мактаб аст ва ман донишҷӯям, бовар накарданд. Хулоса, баъд аз кашмакаш озод шудем. Маълум мешавад, ки нақшаро ба анҷом нарасонидаанд ва шабҳо низ ба "сарбозшикор" мебароянд."

Дар як моҳи ахир аз тарафи сокинони Фархору Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Восеи вилояти Хатлон ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ даҳҳо шикоят расидааст. Сокинон мегӯянд, мақомот маҷбуран вориди хонаҳои онҳо шуда, "фарзандонашонро ба хидмати сарбозӣ мегиранд" ва "парво надоранд, ки онҳо беморанд, маъюб ё сиҳат."


Мақомот аксаран чунин ҳолатҳоро шарҳ намедиҳанд ва ё бо ҷавоби "облава" нест, иктифо мекунанд.

Ин ҳафта хонаводаи Мисаевҳо дар минтақаи Кӯлоб навори фарзанди бемори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, гуфтанд, намояндагони мақомот гӯиё ҳангоми "сарбозшикор" ба хуруҷи бемориаш сабаб шудаанд. Ин видео бо вокунишҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд ва бархе истеъфои вазири мудофиаро талаб карданд.

Падари Сорбон Мисаев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш чанде пеш аз Русия бемор баргашт ва ӯро табобат мекарданд ва ҳодиса ахир вазъашро бадтар кардааст. "Ба комиссариати ҳарбӣ рафтем. Онҳо гуфтанд, ки як сарбоз меорӣ, баъд писаратро медиҳем. Ҳамин гуна кардем ва писари хурдиамро дода, Сорбонро овардем", -- афзуд ӯ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"Сарбозшикор"-ҳои шабона дар Кӯлоб. "Облава" давом дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Хонаводаи Мисаевҳо танҳо оилае нестанд, ки аз ҷалби маҷбурии фарзандонашон ба хидмат ва бархӯрди номуносиби намонядагони мақомот бо онҳо гила мекунанд. Товусбӣ Раҷабова, модари Нурмуҳаммад Раҳимзодаи 22-сола, гуфт, як пойи писараш кӯтоҳ аст ва миёнаш шикаста. Вале дар Душанбе ӯро аз роҳ дошта, ба хидмат бурдаанд.

Ин модар мегӯяд, порсол писараш ба дасти маъмурони давлатӣ афтода, то комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Бохтар қарор дорад, рафта буд. Ӯ мегӯяд, баъд аз муоинаи пизишкӣ ҷавоб дода буданд, вале ин бор ба беморияш таваҷҷуҳ накарда, ба хидмат бурданд.

"Аввал писарам дар Душанбе буд, ҳоло дар Исфара қарор дорад ва ҳар рӯз бо фармондеҳонаш суҳбат мекунам. Онҳо мегӯянд, ки писарат хуб намешавад ва бояд ҷавоб дода шавад. Гуфтанд, ки ба бемористон мефиристанд. Аммо муроҷиатҳои ман ба додситони ҳарбӣ то ҳол бенатиҷа аст", -- мегӯяд Товусбӣ Раҷабова.

Зимнан, фиристодани маҷбурии ҷавонон ба артиш дар забони мардум бо номи "облава" ё "сарбозшикор" машҳур аст. Вале имсол нисбат ба солҳои гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеоҳои зиёде нашр шуд, ки дар онҳо сокинон иддао карданд наздиконашонро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Мақомот пайваста вуҷуди "облава"-ро рад мекунанд.

Шикоятҳо аз ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш дар ҳоле садо медиҳанд, ки ба иттилои Вазорати дифоъ нақшаи сарбозгирӣ барои артиш зиёда аз 95 дарсад дар саросари кишвар иҷро шудааст.

Ба гуфтаи мақомот ин маърака дар муқоиса ба солҳои пеш "беҳтар роҳандозӣ гаштааст". Аммо коршиносони мустақил, ки масъалаи ҷалби ҷавононро ба артиш пайваста назорат мекунанд, мегӯянд, назар ба солҳои пеш шикояту нигарониҳои бештар дар мавсимҳои сарбозгирии имсола ба мушоҳида расид.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

Шарҳҳоро бинед (13)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG