Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар пойтахти Қазоқистон

Ҳайатҳои Туркия, Эрон ва Русия рӯзи 10-уми декабр барои ширкат дар гуфтугӯҳои сеҷонибаи сулҳи Сурия вориди пойтахти Қазоқистон шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.

Ин гуфтугӯҳо, ки ба ҳалли ҷанги ҳаштсолаи Сурия бахшида шудааст, таҳияи конститутсияи баъдиҷангӣ, нақшаи гузариши сиёсӣ, амният ва баргардонидани фирориёнро дар бар мегирад.

Нишасти охири шаҳри Нурсултон 14-умин даври гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Қазқоистон аст. Нахустин нишасти мазкур моҳи январи соли 2017 дар Туркия баргузор шуда буд.

Санат Кушкумбоев, муовини мудири Институти таҳқиқотҳои стратегии Қазоқистон пештар аз ин гуфта буд, ки дар мулоқот "масоили техникӣ дар шимоли Сурия, дар минтақаи Идлиб ва дар соҳили Фурот" баҳс мешавад. "Гап дар бораи густариши созишномаҳои пешин меравад. Ин минтақаҳои ҳассосеро дар бар мегирад, ки боқимондаҳои "Давлати исломӣ", туркҳову курдҳо онҷо ҳузур доранд", - афзуд вай.

Гуфтугӯҳои сулҳи Сурия дар Нурсултон имрӯз низ давом мекунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Духтараш гуфт, Сурайё Қосимова дар Ҳиндустон табобат мегирад

Сурайё Қосимова 69-сола аст
Сурайё Қосимова 69-сола аст

Сурайё Қосимова, овозхони шинохтаи тоҷик, барои табобат ба Ҳиндустон рафтааст.

Рӯзигул, духтари калонии Сурайё Қосимова, рӯзи 23-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷигари модараш мушкил дорад ва ҳоло барои ташхису табобат дар шаҳри Деҳлӣ ҳастанд.

Ӯ афзуд, вазъи сиҳатии модараш хуб аст ва то ҳафтаи дигар ба Тоҷикистон бармегарданд.

“Саломатияш хеле хуб аст. Он тавре, ки одамон воҳима мекунад, он хел нест. Ҳар сол як бор барои ташхис бояд ба Ҳиндустон биоем. Се сол буд, ки наомадем. Омадем, ташхис кардем, натиҷаҳо нағз баромаданд. Як давра муолиҷа мегирему меравем,” --гуфт Рӯзигул.

Сурайё Қосимова соли 1957 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, бо сурудани таронаҳои мардумӣ ва бадеҳа маъруф шуд ва дар замони Шӯравӣ унвони ҳунарпешаи шоиста гирифт.

Ӯ модари овозхонҳои машҳур Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аст.

Навор дар Инстаграм:

Қабули муҳоҷирони кориро аз Осиёи Марказӣ ба Литва қатъ кардаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Литва, ки ҳоло яке аз мизбонҳои асосии аврупоии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аст, қабули ариза барои кор ва вуруд ба ин кишварро қатъ кардаанд.

Индре Гаспере, раиси Идораи Муҳоҷирати Литва, рӯзи 22-юми сентябр дар як ҷаласаи ҷиноҳи Ҳизби либералӣ дар порлумони кишвараш гуфт, сабаби ин тасмим зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар қаламрави Литва аст.

“Дар воқеъ, солҳои охир теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ зиёд шудааст. Шумораҳо афзоиш ёфтанд, вале ҳоло фаъолияти марказҳои раводиди мо дар ин кишварҳо боздошта шудааст, чун аризаҳо барои кор бисёр зиёд расидааст,” – афзуд ӯ.

Хадамоти муҳоҷирати Литва соли 2025 эълон кард, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон шартҳои қонунии будубош ва корро дар Литва вайрон карда, мутобиқ ба қарордоди кор амал намекунанд. Дар пайи ин нигаронӣ, Вазорати корҳои дохилии Литва гуфт, маркази додани раводиди ин кишвар дар шаҳри Душанберо мебандад.

Муллоидии Мирзоолимзода, тоҷики муқими Литва, гуфт, квота ё саҳмия барои ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба ин кишвари аврупоӣ ба поён расидааст. “То охири имсол муҳоҷирони корӣ ҳаққи вуруд надоранд. Ба назарам, ин раванд аз аввали соли 2027 дубора оғоз хоҳад шуд,” – афзуд ӯ.

Бар пояи омори Идораи муҳоҷирати Литва ҳоло дар ин кишвар тақрибан 230 ҳазор хориҷӣ кору иқомат мекунанд ва дар ин миён 7 ҳазору 400 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Бисёре аз онҳо ба ронандагӣ ё кор дар сохтмонҳову корхонаҳои истеҳсолӣ машғуланд.

Теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Литва кор мекунанд, ба сабаби ихроҷ аз Русия ва бадрафторӣ бо онҳо дар ин кишвар рӯ ба Литва овардаанд.

Шумораи муҳоҷирони узбекистонӣ дар Литва аз 13 ҳазор нафар бештар аст ва бақия аз Украинаву Беларус ва Русияву Ҳинд будаанд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Украина

Сироҷиддин Муҳриддин (чап), вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Андрий Сибиҳа (рост), ҳамтояш аз Украина
Сироҷиддин Муҳриддин (чап), вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Андрий Сибиҳа (рост), ҳамтояш аз Украина

Вазири корҳои хориҷии Украина гуфтааст, дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал бо ҳамтои тоҷики худ, Сироҷиддин Муҳриддин, гуфтугӯ кард.

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабаре надодааст, Андрий Сибиҳа рӯзи 22-юми сентябр дар паёме дар шабакаи “Х” навишт, “мо азсаргирии кори Кумисюни муштараки байниҳукуматӣ ва таҳкими робитаҳои мустақими тиҷоратиро баррасӣ кардем.”

Ӯ афзуд, “Украина эҳтироми Тоҷикистонро ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии мо қадр мекунад. Мо омодаем ба муносибатҳои Украина ва Тоҷикистон такони нав бахшем."

Тоҷикистон яке аз шарикони стратегии Русия аст, ки соли 2022 ба хоки Украина таҷовуз кард.

То кунун хабари иштирок ва куштаву захмӣ шудан ва асир афтодани гурӯҳе аз шаҳрвандону зодагони Тоҷикистон аз тарафи Русия дар ҷанги Украина расонаӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳеч гоҳ дар бораи ширкати шаҳрвандони худ дар ин ҷанг маълумот надодаанд, вале бидуни ишора ба ягон кишвар аз шаҳрвандони худ хостаанд, дар ҷангҳои бегона ширкат накунанд.

Муҳокимаи як пайрави мазҳаби шиа дар Самарқанд

“Forum 18” навишт, ки ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад
“Forum 18” навишт, ки ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид мекунад

Як сокини 22-солаи шаҳри Самарқандро, ки аз пайравони мазҳаби шиа номбар мешавад, барои паҳн кардани таронаҳои, ба гуфтаи мақомоти Узбекистон, “ифротгароёна” муҳокима мекунанд.

Бунгоҳи “Forum 18”, ки масоили мазҳабиро бозтоб медиҳад, рӯзи 22-юми сентябр навишт, ба Суннатулло Акбаров аз 5 то 8 сол зиндон таҳдид дорад.

Ба иттилои манбаъ, додрас Азиз Лазизов гуфтааст, “ин ҷавон таронаҳои ифтрогароёна гӯш кардааст ва сазояш маҳрумӣ аз озодист.” Вале ӯ ба суоли он ки чаро гӯш кардани таронаҳои мазҳабӣ ҷинояти вазнин шумурда мешавад, посух надодааст.

“Forum 18” мегӯяд, сухан дар бораи марсия ё таронаҳои азодории шиамазҳабон меравад, ки гуё Суннатулло Акбаров дар саҳифаи ҳамандешонаш дар Телеграм гузоштааст.

Кумитаи дини Узбекистон дар як хулосаи осемасарона гуфтааст, ин саҳифа дар Телеграм “фаъолият ва таълимоти гуногуни носанҷидаро ташвиқ мекунад”. Ва пулиси Самарқанд Суннатулло Акбаровро барои паҳн кардани маводе гумонзад донистааст, ки “дорои таҳдид ба амният ва тартиботи иҷтимоӣ мебошанд”.

Шаҳрзод Исроилов, як пайрави мазҳаби шиа, дар суҳбат бо бунгоҳи “Forum 18” гуфтааст, баъзе аз марсияҳоро ӯ ба Суннатулло Акбаров фиристода буд, вале “дар онҳо ба тундравии динӣ ё фаъолияти зидди мақомоти Узбекистон даъвате нашудааст.” Исроилов аз соли 2021 ба далели фишори афзояндаи мақомоти Узбекистон дар берун аз кишвар қарор дорад.

Суннатулло Акбаров дар охири моҳи июни имсол дастгир шудааст. Муҳокимаи ӯ моҳи август шуруъ шуда, қарор аст, 25-уми сентябр идома кунад.

Аксар сокинони Узбекистон суннӣ ва пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Ҳамзамон дар ин кишвар камшуморони шиа низ кору зиндагӣ мекунанд.

Маъмурони пулиси Узбекистон тобистони соли 2025 шаш пайрави мазҳаби шиаро дар Самарқанд боздошту бозпурсӣ ва сипас раҳо карда, моҳи октябри ҳамон сол Анвар Алиевро чор сол шартан аз озодӣ маҳрум намудаанд.

“Forum 18” мегӯяд, пулис дар охири моҳи августи имсол бори дигар хонаи волидони Сӯҳроб Комил ва Шаҳрзод Исроилов, ду пайрави мазҳаби шиаро, кофтукоб кардааст. Шарҳи мақомоти Узбекистон дастрас нест.

Додгоҳе дар Русия дархости як соҳибкори тоҷикро рад кард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи вилояти Челябинск дархости соҳибкори тоҷик Ривоҷиддин Маҳмадовро барои барқарор кардани шаҳрвандияш дар Русия рад кардааст.

Ин зодаи Тоҷикистонро, ки дар канори Челябинск соҳиби бозори яклухтфурӯшӣ буд, соли 2025 аз шаҳрвандии Русия маҳрум намуданд.

Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ рафтори Ривоҷиддин Маҳмадовро “таҳдид ба амнияти миллии он кишвар” номида, аммо ҷузъиёт надодааст.

Ин соҳибкори зодаи Тоҷикистон аз додгоҳ хоста буд, ки хулосаи ФСБ-ро ғайриқонунӣ эътироф ва қарорро дар бораи беэътибор донистани шиносномаи русияш бекор кунад. Вай лағви шаҳрвандияшро дар Русия “як роҳи фишор” ба фаъолияти соҳибкории худ дониста буд.

Маҳмадов дар Тоҷикистон ба дунё омада, солҳои зиёд дар вилояти Челябинск кору зиндагӣ мекард. Зоҳиран мушкили ӯ бо сокинони маҳаллӣ ва мақомоти Русия соли 2023 ва пас аз ифтитоҳи бозори яклухтфурӯшӣ сар шуд.

Баъзе аз сокинон аз равуои зиёди мошинҳои борбар, буридани дарахту буттаҳо ва эҳтимоли афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ норозӣ буданд. Дертар мақомоти Русия Маҳмадовро ба соҳибкории ғайриқонунӣ гумонзад карданд, аммо худаш розӣ нест.

Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ ҷорист. Дар даҳ соли гузашта 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.

Тоҷикистон ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мукофоти давлатӣ дод

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ. Ню-Йорк, 21-уми сентябри 2026
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ. Ню-Йорк, 21-уми сентябри 2026

Тоҷикистон тайи маросиме ба намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мукофоти давлатӣ дод.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин маросим рӯзи 21-уми сентябр дар ҳошияи нишасти Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба Анна Бйерде, мудири иҷроияи амалиётҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар умури минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои "саҳми арзишманд дар таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ" ордени "Дӯстӣ" тақдим кардааст.

Бонки Ҷаҳонӣ яке аз шарикони рушди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намояндагии ин бонк дар Тоҷикистон дар соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар ин муддат Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон садҳо миллион доллар қарзу грант ҷудо кардааст.

Ин маблағҳо асосан ба бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, энержӣ, тандурустӣ, маориф, таъмини об ва арсаҳои дигар равона шудаанд.

“Гуфтанд, маҷбурӣ аст.” Санҷиши бакорат дар мактабҳои Туркманистон

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марв дар Туркманистон санҷиши пизишкии духтарони синфҳои болоӣ шуруъ шудааст.

Як хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, духтаронро ба чунин санҷишҳо бидуни огаҳӣ мебаранд.

“Онҳоеро, ки ба “нодухтарӣ” гумонбар мешаванд, маҷбур доранд, аз санҷишҳои дигар, аз ҷумла вируси норасоии масунияти бадан гузаранд,” – афзуд ӯ.

Хабарнигор бо далели халал нарасондан ба амнияту осоиши ин наврасону оилаҳои онҳо номи мактаб ва исми мусоҳибонашро нашр намекунад.

Бино ба иттилои дарёфтии ӯ, омӯзгорони чанд мактаби Марв нақл кардаанд, ки баъд аз шурӯи соли нави таҳсил духтарони аз 16 то 18-соларо ба санҷиши бакорат мефиристанд.

Ҳангоми сарпечии духтарон аз санҷиши бакорат падару модари онҳо ба мактаб барои суҳбат даъват мешаванд. Ба иттилои дарёфтии хабарнигор, ба духтарони наврас гуфтаанд, ки ин санҷишҳо маҷбурӣ ҳастанд.

Маълум шудааст, духтаронеро, ки муносибатҳои маҳрамонаро таҷриба кардаанд, ба санҷишҳои тиббии бештар мефиристанд. Бархе омӯзгорон гуфтаанд, агар баъзе духтарон аз назари олудагӣ ба вируси норасоии масунияти баданд гумонбар шудаанд, дӯстписарони онҳоро ҳам ба суҳбату санҷиш ҷалб мекунанд.

Санҷиши тиббии духтарони мактабхон дар Туркманистон дар гузашта ҳам ҷой доштааст. Бахши туркмании Радиои Озодӣ моҳи апрели соли 2024 хабар дода буд, ки дар вилояти Марв аз волидон талаб карданд, духтаронро “аз поккории ахлоқӣ гузаронанд”.

Он замон баъзе аз волидон гуфтанд, ки мақомоти маориф чунин санҷишҳоро барои маълум кардани бокирагии духтарҳои мактабхон муҳим номидаанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, санҷиши бакорат асоси тиббӣ надорад ва талаби гувоҳии бакорат хушунати зидди занон ва як амали ғайриинсонӣ мебошад. Ин ташкилоти вобаста аз Созмони Милал мегӯяд, ҳама гуна санҷишҳои тиббие аз қабили маълум кардани вируси норасоии масунияти бадан бояд ихтиёрӣ анҷом дода шаванд. Талаботи дигар ин аст, ки чунин санҷишҳо бояд дар муассисаи тиббӣ ва ба таври махфӣ барпо шаванд.

Рамазон Қодировро бори дигар раҳбари Чеченистон интихоб кардаанд

Рамазон Қодиров беш аз 19 сол боз раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аст
Рамазон Қодиров беш аз 19 сол боз раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аст

Рамазон Қодиров дар интихоботи раҳбари Чеченистон бо 99,85 дарсади овоз баранда гардидааст. Дар ин бора Кумисюни марказии интихоботи Чеченистон хабар дод.

Дар овоздиҳӣ барои интихоби раҳбари нави Ҷумҳурии Чеченистон номзад аз "Русияи одил" Исмоил Денилхонов ва намояндаи Ҳизби коммунист Холид Накаев 0,05%-ӣ ба даст оварданд.

Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, ки ин ду номзад тақрибан ҳеч маъракаи таблиғотӣ ба роҳ намонда буданд.

Рамазон Қодиров дар маъракаи таблиғотии худ гуфт, мубориза бо дигарандеширо тақвият медиҳад.

Ӯ беш аз 19 сол боз раҳбари Ҷумҳурии Чеченистон аст ва ҳамвора барои инҳисори қудрат, поймоли ҳуқуқи башар ва озодиҳову дигарандешӣ танқид мешавад.

Интихоботи порлумонии Русия. Кӣ пирӯз ва кӣ маҳрум шуд?

Подолск, Русия. 19-уми сентябри 2026
Подолск, Русия. 19-уми сентябри 2026

Зарбаҳои Русия ва Украина ба ҳамдигар дар се рӯзи интихоботи порлумонии Русия идома доштанд ва дар ин маърака ҳизбе, ки ҷонибдори сулҳ буд, аз сабқат маҳрум гашт.

Тавре пешбинӣ мешуд, дар интихоботи Думаи давлатӣ ва маҷлисҳои маҳаллии як идда вилоятҳову ноҳияҳои Русия ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” (Единая Россия) пирӯз шудааст.

Ба гузоришҳои расмӣ, аввалин интихоботи порлумонии Русия аз замони таҷовузи ин кишвар ба Украина бо ҷонибдории тахминан 57-дарсадӣ аз ҳизби ҳоким ба анҷом расидааст.

Раиси Кумисюни марказии интихоботи Русия Элла Памфилова мегӯяд, ҷамъан аз ҳисоби рӯйхати ҳизбӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ дар Думаи давлатии даъвати нуҳум тахминан 355 курсӣ ба ҳизби “Русияи воҳид” ихтисос дода мешавад.

Дар ҷойи дуюм Ҳизби коммунист аст, ки 40 курсӣ касб кардааст. Ҷойи 3-юм насиби Ҳизби либерал-демократ шудааст, ки 25 намояндааш ба Думаи давлатӣ роҳ ёфтанд. Ҳизби "Одамони нав" соҳиби 20 курсии дигар шуда, ҷойи чорумро ишғол намудааст.

Ҳизби "Русияи одил"-и Сергей Миронов, сиёсатмадори муқобили муҳоҷират ва бавижа муҳоҷират аз Осиёи Марказӣ, марраи 5-дарсадиро гузашта, аз рӯйхати ҳизбӣ ба порлумон роҳ ёфт. Пештар ворид шудани ин ҳизб ба Думаи давлатӣ зери суол қарор дошт.

Ба иттилои Кумисюни интихоботӣ, як номзад аз ҳизби "Яблоко" дар ҳавзаи якмандатӣ имкони пирӯзӣ доштааст. Ҳизби "Яблоко", ки мухолифи ҷанги Русия дар Украина мебошад, аз сабқати ҳизбҳо маҳрум гардидааст.

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот 25-уми сентябр нашр мешаванд.

Украина рӯзи 20-уми сентябр ҳамлаи густурдаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Маскав раҳандозӣ кард. Сергей Собянин, мири Маскав, гуфт, ин бузургтарин зарба дар низои кунунӣ буда, дар он як ҳазору шашсад паҳпод истифода шудааст. Ба қавли Собянин, аз байн 400 бесарнишин Маскавро ҳадаф қарор дода буданд.

Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳам гузориш дод, ки 138 ҳавопаймои бесарнишини Русия 17 макони ин кишварро нишон гирифтаанд.

Исломҷон Саидов ба ҷойи Кабирӣ. Раҳбари НИТ иваз шуд

Баъзе аз ҳамҳизбонаш Исломҷон Саидовро "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир кардаанд
Баъзе аз ҳамҳизбонаш Исломҷон Саидовро "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир кардаанд

Исломҷон Саидови 48-сола раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон (собиқ ҲНИТ) интихоб шудааст.

Ӯ дар ин мақом Муҳиддин Кабириро иваз кард.

Кабирӣ пас аз даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини Ҳизби наҳзати исломӣ, бист сол раёсати ҳизбро бар уҳда дошт ва тайи тақрибан ду соли охир барои тӯлонӣ монданаш дар ин мақом мавриди танқиди баъзе аз ҳамҳизбонаш қарор гирифта буд.

Интихоби раҳбари нави Наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст, рӯзи 19-уми сентябр дар Литва баргузор шудааст.

Баъзе аз аъзои ин созмони сиёсӣ аз соли 2016 ба ин тараф дар Аврупо ва бавижа Полшаву Олмону Литва кору зиндагӣ мекунанд.

Номи Исломҷон Саидов дар ҷомеаи Тоҷикистон чандон матраҳ нест.

Вай дар чанд барномаи видеоӣ дар Ютуб сиёсатҳои ҳукуматро танқид карда, аз тарафи баъзе ҳамҳизбонаш "мавлавӣ" ва "шахси хоксору камгап" тасвир шудааст.

Исломҷон Саидов аз моҳи майи соли гузашта муовини аввали раиси НИТ буд.

Ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба шарқи Афғонистон

Минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ. Покистон. 19-уми сентябри 2026
Минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ. Покистон. 19-уми сентябри 2026

Расонаҳои байнулмилалӣ аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба вилоятҳои Кунар ва Пактико дар шарқи Афғонистон хабар доданд. Ин ҳамлаҳо субҳи 21-уми сентябр анҷом шудаанд.

Мақомҳои ҳукумати Толибон дар Афғонистон тасдиқ кардаанд, ки артиши Покистон чанд минтақаро дар ноҳияи Нургули вилояти Кунар ва чанд минтақаи дигарро дар ноҳияи Бармили вилояти Пактико ҳадаф қарор дод.

Масъулини ҳукумати "Толибон" гуфтаанд, ки дар ҳамлаи Покистон ба як хонаи истиқоматӣ дар Кунар се ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Ба гуфтаи манбаъҳо, дар ҳамла ба Пактико чанд дӯкон ва хона осеб дидаанд.

Мақомоти Покистон то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд.

Ҳамлаҳо ба Афғонистон дар ҳоле сурат гирифтаанд, ки рӯзи 18-уми сентябр бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ ё худкушона ба қароргоҳи кормандони пулис дар наздикии як масҷид дар минтақаи Куҳоти вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон беш аз 30 нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти покистонӣ, аксар кушташудаҳо кормандони пулис ҳастанд. Ҳукумати Покистон эълон кард, ки ин ҳамла дар Афғонистон тарҳрезӣ шудааст.

Исломобод ҳамвора ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба паноҳ додан ба ҷангҷӯёни Таҳрики Толибони Покистон муттаҳам мекунад. Иттиҳоме, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистон онро рад мекунад.

Ҳалокати 2 кас дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Маскав

Ҳамлаи Украина ба як полоишгоҳи нафт дар Маскав. 20-уми сентябри 2026
Ҳамлаи Украина ба як полоишгоҳи нафт дар Маскав. 20-уми сентябри 2026

Дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Маскав, пойтахти Русия, ду кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 20-уми сентябр ба нақл аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, навишт, Русия аз рӯзи шанбе беш аз 1600 паҳподро, ки ҳудуди 450 фарданди он ба сӯи Маскав дар ҳаракат буданд, сарнагун кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамлаҳои бесобиқаи Украина бо ҳадафи барҳам задани интихоботи барномарезишуда буд. Якшанбе охирин рӯзи интихоботи порлумонӣ дар Русия буд.

Шаҳрвандони Русия давоми се рӯзи охир барои интихоби вакилони нави порлумони кишварашон ба марказҳои раъйдиҳӣ рафтанд.

Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи якшанбе дар саҳифааш дар шабакаи "Х" навишт, "ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи мо бар Маскав дар шаби гузашта таъсири қобили мулоҳизае доштааст".

Дар ҳамлаҳои Украина дар шаби шанбе ба Маскав, як полоишгоҳи муҳими нафт низ осеб дидааст.

Тиҷорати Тоҷикистону Чин ба марзи 3 миллиард доллар расидааст

Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Рӯзи 18-уми сентябр мақомоти Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ кардаанд, ки торафт густариш меёбанд, вале мояи нигаронӣ ҳам ҳастанд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Дар ин баёния омадааст: “Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, маъданҳои муҳим ва «сабз», нассоҷӣ, чарму пойафзол ва саноати коркард, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди амиқи ашёи хом, маҳаллисозии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои муосир, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорати дуҷониба, ҳамкории байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар доираи механизми «Чин — Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардиданд.”

Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки гардиши тиҷорати дуҷониба дар соли 2025 ба марзи 3 миллиард ва ё ба 2,9 миллиард доллар расида, ки дар муқоиса ба ба соли 2024-ум 46 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар баёнияи вазорат ҳамчунин омадааст, ки дар доираи ин ҷаласа Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо бо Лин Сзи, бо муовини вазири тиҷорати Чин масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус рушди занҷири истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, энергетика ва нақлиётро баррасӣ карданд.

Моҳи майи имсол ду кишвар бо арзиши 647 миллион доллар қарордодҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ карданд. Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва Душанбе аз Пекин бештар аз 700 миллион доллар қарздор аст.

Қарзҳои зиёди Чин нигарониҳоеро ба миён овардааст. Пойбандии ҳарчи бештари иқтисодии Тоҷикистон аз Чин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Душанбе дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Пекин хоҳад гашт.

Ширкатҳои чинӣ дар арсаи истихроҷи маъданҳои нодири Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд. Тоҷикистон ва Чин тақрибан 500 километр марзи муштарак доранд.

Боздошти ҷавони тоҷик барои таҳдиди куштан ба модари худ

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар додааст, ки ба гуфтаи муфаттишон ба модари худ таҳдиди куштан кардааст, ки ҷинояти гӯшношунид барои ҷомеа ҳисоб меравад.

Дар баёнияи расмии вазорат, ки рӯзи 18-уми сентябр нашр шуд, омадааст, Абдуҷалол Ҳакимови 34-сола аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби 16-уми август ба хонаи модари 67-солаи худ омада, бинобар нофаҳмиҳои оилавӣ, бо мақсади таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, бо истифода аз корди хоҷагӣ ба ӯ таҳдид намудааст”.

Ҷузъиёти нофаҳмиҳои оилавӣ ва ё моҷарои хонаводагӣ байни падару модар маълум нест, аммо ба гуфтаи вазорат, гумонбар ба ҷиноят, ҳангоми таҳдид ба модараш маст будааст. Мисли ҳамеша вазорати дохилӣ, назари муттаҳам ба ҷиноятро наовардааст, ки иттиҳомро рад мекунад, ё не.

Ба зидди ҷавони тоҷик бо иттиҳоми “Таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки барои ин ҷиноят дар Тоҷикистон ҳадди аксар то ду соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.

Сафорат гуфт, кӯмак ба бахши маорифи Тоҷикистонро идома медиҳад

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, давоми 35 сол садҳо ҳазор китоби дарсӣ ба низоми маорифи Тоҷикистон тақдим карда, ҳазорҳо муаллимро омӯзиш забони англисӣ додааст. Ба гуфтаи Сафорат, сармоягузорӣ аз сӯи ин кишвар ба соҳаи маорифи Тоҷикистон дар оянда низ идома хоҳад дод.

Хонум Карсон Релитc Рокер, Кордори муваққати Сафорати Амрико дар Душанбе дар мақолае навишт, ки самараи ин ҳамкориҳо будааст, ки ба гуфтаи ӯ, "як насли раҳбарони тоҷик бо забони бизнеси ҷаҳонӣ ва дипломатия", озода сӯҳбат мекунанд.

Дар ин мақола омадааст, ки танҳо дар соли 2024 сафорати Амрико барои хонандагони синфҳои даҳ ва ёздаҳи мактабҳои Тоҷикистон 240000 китоби дарсӣ ба забони англисӣ тақдим кардааст. Ҳамчунин аз соли 2004 ба инсӯ барномаи "English Access"-и Сафорати Амрико ба 2 500 нафар ҷавонони тоҷик курсҳои дусолаи забони англисиро пешниҳод кардааст.

Ба навиштаи Кордори Сафорати Амрико, аз соли 2009 ба ин тараф 40 нафар аз муаллимон дар барномаи "English Language Fellows" дарс гуфтаанд ва шабака барои муаллимони англисӣ бо номи "Забони англисӣ бидуни марзҳо" (English Without Borders), то 4000 нафар афзудааст.

Инчунин тариқи барномаи "Fulbright" тақрибан 100 нафар муаллимони ҷавон аз Тоҷикистон дар синфхонаҳои амрикоӣ таҳсил кардаанд ва беш аз 100 нафари дигар ин курсҳо оид ба таълими забони англисӣ ҳамчуни забонро дувумро ба анҷом расонидаанд.

Дар чаҳорчӯби барномаи "Забони англисӣ барои мансабдорони давлатӣ", беш аз 550 нафар мансабдорони вазорату идораҳои Тоҷикистон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, ки ба гуфтаи Сафорат, бо сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандони давлатӣ, ҳамхонӣ дорад.

Ҳамчунин барномаи "Забони англисӣ барои рӯзноманигорон" беш аз 700 нафар рӯзноманигорон ва намояндагони васоили ахбори оммаро фаро гирифтааст.

Сафорати Амрико ҳамасола беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути як қатор барномаҳои мубодилавии илмӣ, касбӣ ва раҳбарии Амрико -- аз ҷумла, барномаҳои FLEX, IVLP, Open World, Global UGRAD, SUSI, TechGirls ва TechWomen, ба Амрико мефиристад.

Ба иттилои сафорат ҳоло тақрибан 9 ҳазор хатмкунандаҳои барномаҳои мубодилаи ИМА аз Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар кору фаъолият мекунанд

Ба иттилои Сафорат, аз миёни хатмкунандаҳои барномаҳои мубодилаи Амрико аз Тоҷикистон, бисту се нафари онҳо аз соли 1993 инҷониб дар вазифаҳои вазир ё муовини вазир хизмат кардаанд ва шуморе ҳам дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ, андоз ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кор мекунанд.

Амрико дар баробари кӯмак ба арсаи маорифи Тоҷикистон, инчунин ба бахшҳои дигар, чун тандурустӣ, кишоварзӣ ва ниҳодҳои интизомӣ садҳо миллион доллар кӯмак кардааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG