Дар чанд ҷумла
Эрон мегӯяд, ду ҳамлаи кибернетикиро беасар кард
Як мақоми баландпояи ҳукумати Эрон мегӯяд, кишвараш дуввумин ҳамлаи кибернетикӣ дар зарфи як ҳафтаи ахирро “хунсо” ва ё беасар кардааст. Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ рӯзи 15-уми декабр дар Твиттер навишт, ҳамларо “сипари амнияти кибернетикӣ ташхис ва хунсо кард.”
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин рахнагарӣ “ҷосусӣ аз паси хадамоти иттилоотии Эрон будааст.” Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ аз ин бештар шарҳ надода, вале навиштааст, ки “серверҳои ҷосусиро ташхис ва рахнагаронро радёбӣ кардаанд.”
Вазири эронӣ рӯзи 11-уми декабр ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфт, ҳадафи ҳамлаҳои “бузург” ва “ҳукуматӣ” зербунёдҳои электроникии Эрон ҳам будааст. Рӯзи 10-уми декабр Ҷаҳромӣ гузоришҳо дар бораи рахнагарӣ дар бонкҳои эрониро рад кард, аз ҷумла гузоришҳои расонаҳои дохилиро, ки гуфтанд, ҳисобҳои бонкии миллионҳо мизоҷи бонкҳо рахна шудаанд.
Эрон баъд аз соли 2000-ум зербунёдҳои зиёди кишварро аз Интернет ҷудо кард. Дар он сол вируси Стакснет, ки бовар меравад, офаридаи Амрикову Исроил буд, кори сентрифугаҳои ғанисозии ураниум дар Эронро ба ҳам зад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Русия аз талошҳои Амрикову Аврупо дар Осиёи Марказӣ нигарон шудааст
Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи «Известия» гуфтааст, ки Маскав аз талошҳои Амрико ва Иттиҳоди Аврупо барои дастёбӣ ба фулузоти нодир ва маъданҳои гаронбаҳо дар Осиёи Марказӣ нигарон аст.
Кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафт (G7), аз ҷумла Амрикову Иттиҳоди Аврупо, талош доранд вобастагии худро аз Чин, тавлидкунандаи асосии фулузоти нодиру гаронбаҳо кам кунанд. Чин ҳоло бозори фурӯши фулуззоти нодирро зери назорат дорад, ки барои тавлиди фанновариҳои муосир, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, батареяҳои хуршедӣ ва системаҳои пешрафтаи дифоӣ заруранд. Аз ин рӯ, ин кишварҳои ҷаҳон дар ҷустӯҷуи бозорҳои алтернативӣ ҳастанд.
Русия кишварҳои Осиёи Марказӣ яъне Тоҷикистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва Узбекистонро, ки сарватҳои зеризаминӣ зиёд доранд, ҳавзаи нуфузи худ медонад. Айни замон Чин низ ба ин минтақа таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Михаил Галузин дар мусоҳибае, ки рӯзи 20-уми май дар нашрияи «Известия» чоп шуд, гуфтааст: «Мо аз он нигаронем, ки Амрико барои имзои қарордодҳо дар бораи маъданҳои нодир ва фулуззоти гаронбаҳо босуръат ва сахт пофишорӣ дорад».
Ӯ афзуд: «Ин танҳо як рақобати оддии иқтисодӣ, балки талошест барои берун кардани Русия ва офаридани як зербунёди таҳти назорати Ғарб дар наздикии марзҳои мост».
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико моҳи ноябр бо мизбонии раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Кохи Сафед, маъданҳои нодирро як авлавияти асосӣ дар ҳамкориҳо хонд ва ба талошҳои ҳукумати худ барои амнияти занҷираи таъминоти Амрико аз ҳисоби қарордодҳои нав таъкид кард.
Шӯрои уламо рӯзи иди Қурбонро эълон кард
Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи таҷлили иди Қурбонро муайян кард. Тибқи ҳисоби ин Шӯро, имсол иди Қурбон 27-уми май фаро мерасад.
Намози ид соати 6:00 дар масҷидҳои кишвар хонда мешавад.
Мутобиқи таълимоти дини Ислом, иди Қурбон ҳамасола санаи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷри қамарӣ фаро мерасад.
Иди Қурбон дар Тоҷикистон як иди расмӣ аст ва ба ин муносибат мардум истироҳат мекунанд. Ба муносибати ид бархе хонаводаҳо чорво забҳ мекунанд. Зиёрати қабри гузаштагон ва аёдати хешовандону наздикон яке дигар аз одатҳои ид дониста мешавад.
Чин ба Тоҷикистон "таҷҳизоти зиддитеррористӣ" медиҳад
Чин ба Тоҷикистон таҷҳизоти зиддитеррористӣ медиҳад. Бар асоси тафоҳумнома миёни ду кишвар, ки Радиои Озодӣ 20-уми май бо он шинос шуд, ин кӯмакҳо бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба кишвар дода мешаванд.
Дар санад омадааст, Чин ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон "як миқдор таҷҳизоти зиддитеррористӣ, аз ҷумла 34 таҷҳизоти разведкавӣ, мавод ва лавозимоти полисро пешниҳод кунад".
Арзиши ин таҷҳизот 52 миллион юан ё 7,6 миллион долларро ташкил медиҳад ва ройгон ба Тоҷикистон дода мешаванд. Дар санад омадааст, ки Чин ҳамчунин ҳашт мутахассисро барои насбу танзими ин таҷҳизот ба Тоҷикистон мефиристад ва онҳо 45 рӯз дар кишвар хоҳанд монд.
Тоҷикистон аз таҷҳизоти мазкур боҷи гумрукӣ ва андоз намеситонад ва хароҷоти минбаъдаи нигаҳдории дастгоҳҳоро ба ӯҳда мегирад. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин ӯҳдадор шудаанд, ки барои мутахассисони чинӣ шароити корӣ фароҳам ва амнияти онҳоро таъмин мекунанд.
Ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавзуи нав нест. Дар тирамоҳи соли 2021 порлумони Тоҷикистон аз нияти Чин барои таъсиси як қарогоҳи низомии 10-миллиондолларӣ барои нерӯҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Вахон хабар дода буд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, он замон дар ҷаласаи порлумон гуфт, бинои нав махсус барои гуруҳи зудамал (ОМОН), ки тобеи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил мебошад, сохта мешавад.
Чин ҳамчунин қарздиҳандаи калонтарини Тоҷикистон буда, тақрибан сеяки қарзи берунаи Тоҷикистон ба ин кишвар рабт дорад. Дар ҷараёни сафири ахири президенти Эмомалӣ Раҳмон ба Чин миёни ду кишвар даҳҳо санади нав имзо шуд.
Ба ҳайси шарики тиҷоратии азимтарини Тоҷикистон, аз чор як қисмати муомилаҳои берунии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст. Сармоягузориҳои ҳангуфти Чин нигарониҳоро дар бораи вобастагии Душанбе аз Пекин бештар кардааст.
Ҷей Ди Венс: Дар музокирот бо Эрон пешрафти зиёд дорем
Муовини раисиҷумҳури Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон дар музокироти худ "пешрафти зиёде" доштаанд ва ҳеҷ яке аз ду тараф хоҳони азсаргирии ҳамлаҳои низомӣ нестанд.
Ҷей Ди Венс 19-уми май дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, мо ба пешрафти зиёде даст ёфтем ва "мо фикр мекунем эрониҳо мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд".
Венс ҳамчунин ба ихтилоф дар дохили ҳукуматдорони Ҷумҳурии исломӣ ишора кард ва гуфт, "шояд худи эрониҳо ҳам дақиқан равшан накардаанд, ки мехоҳанд ба кадом самт бираванд".
Соате пеш аз ин, Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, ба мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ чанд рӯзи дигар барои расидан ба тавофуқ муҳлат медиҳад. Трамп ҳушдор дод, ки мукин аст Амрико маҷбур шавад як "зарбаи бузурги дигар" ба Эрон бизанад.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, масъалаи аслӣ барои Вашингтон ин аст, ки Эрон ҳаргиз набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад.
Ҷе Ди Венс ёдоварӣ кард, ки агар чунин иттифоқ биафтад, кишварҳои дигари Халиҷи Форс низ ба дунболи силоҳи ҳастаӣ хоҳанд рафт ва сипас кишварҳои дигари ҷаҳон ҳам ҳамин масирро дунбол хоҳанд кард.
Як мард барои ба марг расонидани ҳамсараш зиндонӣ шуд
Додгоҳе дар вилояти Хатлон як мардро барои латукӯб ва ба марг расондани ҳамсараш ба 16,6 сол зиндон маҳкум кардааст.
Дар қарори додгоҳ омадааст, Абдумасад Нуралиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи декабри соли гузашта "бинобар сабаби вазъи оилавӣ" бо ҳамсараш ҷанҷол карда, бо мушт ва тахтачӯб ҳамсарашро задааст. Ҳамсари ин мард як рӯз баъд ҷон бохтааст.
Назари мард ба қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ дар хабарномае навиштааст, ин мард дар мурофиаи сайёр "аз аҳли деҳа ва намояндагони ҷабрдидаи марҳум узрхоҳӣ карда", сидқан пушаймон шуд.
Додгоҳ бидуни овардани ҷузъиёти бештар гуфтааст, қаблан ҳам зиндонӣ шуда буд.
Хушунати хонаводагӣ аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.
Ташкили Кумитаи саноати мудофиавӣ дар Тоҷикистон
Дар сохтори ҳукумати Тоҷикистон ниҳоди нав, Кумитаи саноати мудофиавӣ таъсис дода шуд. Қарори ҳукумат аввали ин моҳ содир шуда, Радиои Озодӣ 19-уми май бо матни он шинос шуд.
Дар санад омадааст, дастгоҳи марказии Кумитаи саноати мудофиавӣ аз 38 корманд иборат хоҳад буд, ки 8 нафари онҳо низомӣ ҳастанд.
Барои сохтори нав, 4 мошини хизматӣ ҷудо кардаанд ва хароҷоти он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус пешбинӣ шудааст.
Бахши саноати мудофиавии Тоҷикистон то ин вақт дар тобеияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав буд.
Тибқи маълумот аз манобеи боз, Тоҷикистон дар дар бахши саноати мудофиавӣ корхонаҳои калон надорад. Ду сол пеш дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Сипар гурӯҳ» ифтитоҳ шуд, ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ машғул аст.
Хоки се қаҳрамони Тоҷикистонро ба Душанбе оварданд
Субҳи 19-уми май аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскав аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мақомот ва горди фахрӣ барои қабули хок аз маҳалли дафни ин қаҳрамонони Тоҷикистон ба фурудгоҳ омаданд.
Бар сари турбати се шахсияти шинохтаи Тоҷикистон дар Масҷиди калони Душанбе маъруф ба Масҷиди Қатар намози ҷаноза хонданд ва сипас дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.
Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз бузургтарин ва таъсиргузортарин чеҳраҳои таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки дар соли 1937 қурбонии туҳматҳои беасоси низоми Иосиф Сталин шуданд. Онҳоро беасос душмани халқ номида ва бераҳмона куштанд ва дар гӯри дастаҷамъӣ хок карданд. Ин се шахсияти барӯманди Тоҷикистон танҳо баъди марги Сталин, дар солҳои 1950-ум расман бегуноҳ эълон карданд.
Нусратулло Махсум, сиёсатмадори барҷаста ва аввалин раҳбари давлати Тоҷикистон буд ва ӯро "меъмори аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол" меноманд. Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта як ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Узбекистон буд, бо талошҳои Нусратулло Махсум ба ҷумҳурии алоҳидаи мустақил дар таркиби Шӯравии он замон табдил ёфт. Ӯро соли 1933 бо фишори Маскав ва туҳматҳои сиёсӣ аз мақомаш барканор карда ба Маскав бурданд. Дар авҷи таъқибҳои сталинӣ дар соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи "миллатгароӣ" ва "зиддиинқилобӣ" боздошт карданд ва рӯзи 1-уми ноябри соли 1937 дар Маскав бо тирандозӣ ба қатл расонданд. Соли 2006 ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндаи давлатӣ ва сиёсӣ ва аз ҳамсафони наздики Нусратулло Махсум буд. Саҳми ӯро дар муттаҳид кардани заминҳои парокандаи тоҷикон ва исботи ҳуввияти таърихии мардум бисёр зиёд медонанд. Баъд аз Нусратулло Махсум, раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Ӯ ҳам қурбонии репрессияҳои сталинӣ шуд. Шириншоҳ Шотемурро соли 1937 дар Маскав дастгир карданд ва пас аз шиканҷаҳои зиёд, рӯзи 27-уми октябри соли 1937 ба қатл расониданд. Соли 2006 ба ӯ низ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Нисор Муҳаммад, яке аз рӯшанфикрон ва сиёсатмадорони аҳли Афғонистон буд, ки ба Осиёи Марказӣ омад ва тақдирашро бо Тоҷикистон пайваст. Аввалин вазири маорифи Тоҷикистон буд ва аз ин рӯ саҳми Нисор Муҳаммадро дар бунёди аввалин мактабҳои муосири тоҷикӣ, ҷалби мардум ба мактабу таҳсил, чопи китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷалби зиёиёни бузурге чун Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба корҳои давлатӣ фавқуллода зиёд медонанд.
Нисор Муҳаммадро ҳам мисли Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур, соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи "ҷосусӣ ба фоидаи Афғонистон ва Инглистон" ва "мавзеъгирии зиддишӯравӣ" дар Маскав боздошт ва ҳамон сол бо тирандозӣ куштанд. Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ҳоло ба номи ӯст.
Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Русия афзоиш ёфтааст
Соли 2025 Тоҷикистон ва Русия дар ҳаҷми 2,4 миллиард доллар додугирифт кардаанд. Ин омор 15-уми май дар нишасти байниҳукуматии ду кишвар садо дод.
Ба иттилои расмӣ, дар се моҳи аввали имсол додугирифти ду кишвар ба 641,3 миллион доллар расидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 дарсад бештар аст.
Намояндагони Тоҷикистон ва Русия гуфтаанд, талош доранд додугирифтро бештар кунанд.
Ҷузъиёти бештар аз нишасти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки зери роҳбарии нахуствазири Тоҷикистон ва муовини раиси ҳукумати Русия баргузор шуд, дастрас нест.
Соли гузашта се бонки Тоҷикистон барои кӯмак ба Русия аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуданд.
Моҳи апрели имсол Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоро алайҳи ин се бонки Тоҷикистон бекор кард.
Русия дар гузашта шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон буд, вале дар солҳои ахир ҷойи онро Чин гирифт.
Ҳалокати 3 нафар дар ҳамлаҳои паҳподии Украина ба Маскав
Бар асари ҳамлаҳои Украина ба вилояти Маскав дар рӯзи 17 май, се нафар ҷон бохтанд. Ин бузургтарин ҳамлаи Украина ба вилояти Маскав дар як соли ахир гуфта мешавад. Тибқи гузоришҳо, бар асари ҳамлаҳои Украина як нафар дигар дар минтақаи Белгород, ҳаммарз бо Украина, ҷон бохтааст.
Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълон кард, ки аз шаби пеш то кунун беш аз ҳазор паҳпод дар дастикам 12 минтақаи ин кишвар сарнагун шудаанд.
Андрей Воробёв, губернатори вилояти Маскав ин талафотро тасдиқ кард ва афзуд, ки тимҳои имдодрасон дар ҳоли ҳозир машғули ҷустуҷӯи як нафари дигар дар зери вайронаҳо ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, чандин хонаи истиқоматӣ ва зербиноҳо дар ин ҳамлаҳо осеб дидаанд.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав гузориш дод, ки системаи дифои ҳавоии Русия аз нимашаб то зуҳри якшанбе 81 паҳподро, ки ба тарафи Маскав дар ҳаракат буданд, аз байн бурд.
Собянин ҳамчунин гуфт, 12 нафар захмӣ шудаанд, ки бештари онҳо дар наздикии дарвозаи вурудии яке аз полоишгоҳҳои нафти Маскав будаанд. Ӯ иддао кард, ки ҳеч бахше аз таҷҳизоти полоишгоҳ осеб надидааст.
Фурудгоҳи Шереметево, калонтарин фурудгоҳи Русия дар Маскав низ эълон кард, пораҳои паҳподҳо дар атрофи фурудгоҳ суқут кард, аммо хисороте дар пай надошт.
Паҳбодҳои украинӣ ҳамчунин дар минтақаҳои Калуга, Брянск, Смоленск, Псков ва дар Қрим -- ҷазирае, ки Русия дар соли 2014 ба таври ғайриқонунӣ онро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард, сарнагун шудаанд.
Ин ҳамлаҳо танҳо ду рӯз пас аз он рух дод, ки як мушаки партобшуда аз Русия ба як муҷтамаи истиқоматӣ дар Киев, пойтахти Украина бархӯрд ва 24 нафар, аз ҷумла, се кӯдакро ба ҳалокат расонд. Ин пурталафоттарин ҳамлаи Русия ба Киев дар соли ҷорӣ ба шумор меравад.
Президенти Украина Владимир Зеленский ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба Маскав ва вилояти ҳамноми онро дар шаби 17-уми май шарҳ дод.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар паёме дар шабакаи Х гуфт, "мо ошкор ба русҳо мегӯем, "ҳукумати онҳо бояд ба ҷанги худ поён диҳад".
Ба гузориши Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Украина, дар ин ҳамлаҳо як қатор иншооти марбут ба энержӣ ва саноати ҳарбӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Ҳамчунин хонаҳои истиқоматӣ низ осеб диданд.
Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоӣ гуфт, қувваҳои мудофиа, Хадамоти амният ва истихбороти Украина дар минтақаи Маскав амалиёти хеле густарда анҷом доданд.
Зеленский қайд кард, ки минтақаи Маскав бештар аз ҳама бо низомҳои дифои ҳавоӣ таъмин шудааст, аммо ба гуфтаи президент, паҳподҳои украинӣ аллакай аз ин монеаҳо убур мекунанд.
Раиси ҷумҳури Украина ин зарбаҳоро "ҷавоби комилан одилона" ба ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Украина номид.
Ҳамлаҳои густурдаи Русия ва Украина ба якдигар андаке пас аз поёни оташбаси серӯза рух дод, ки дар остонаи гузашт ё парад ба муносибати "Рӯзи Ғалаба" дар 9 май, барқарор шуда буд.
Оташбасе, ки Зеленский иддао дорад Маскав дар хати пеши ҷабҳаи шарқии Украина ба он пойбанд набудааст.
NYT: ИМА ва Исроил барои оғози дубораи ҷанг бо Эрон омода мешаванд
ИМА ва Исроил барои эҳтимоли оғози дубораи ҷанги зидди Эрон дар ҳафтаи оянда шадидан омода мешаванд, навиштааст рӯзномаи The New York Times (NYT) бо такя ба манбаъҳояш миёни мансабдорони амрикоӣ ва Ховари Миёна.
Ба навиштаи рӯзнома, ёварони наздики президенти ИМА Доналд Трамп нақшаи зарбаҳои навро ба Эрон барои он эҳтимол таҳия кардаанд, ки агар Вашингтон тасмим гирад, тавассути шиддат бахшидани таниш аз бунбасти мавҷуд дар низоъ бо Эрон берун шавад.
Миёни гузинаҳои баррасишаванда – бомбборони густурдатари зерсохтор ва иншооти низомии Эрон, инчунин амалиёти заминии эҳтимолӣ бо иштироки неруҳои махсус барои ёфтани захираҳои урани ғанишуда дар иншооти ҳастаии зеризаминӣ ҳастанд. Барои чунин амалиёт, ба навиштаи NYT, ҳазорон низомӣ зарур мешавад.
Рӯзнома менависад, чандсад неруи низомии таъйиноти махсуси ИМА ҳанӯз моҳи март ба Ховари Миёна интиқол дода шуда буд. Дар минтақа ҳамчунин бештар аз 50 ҳазор низомии амрикоӣ, ду киштии ҳавопаймобар, як новшикан ва даҳҳо ҳавопаймои ҷангӣ мавҷуд аст.
Худи Трамп ҳанӯз тасмими ниҳоие нагирифтааст, аммо баъди баргаштан аз Чин вай дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, пешниҳоди ахири Эрон дар мавриди ҳалли низоъ ӯро қонеъ накардааст.
“Ё онҳо созиш мекунанд, ё тору мор мешаванд”, - гуфт президенти ИМА.
Дар Теҳрон гуфтанд, омодаанд “ба ҳар гуна хушунат посух диҳанд”. Раиси порлумони Эрон Муҳаммад Қолибоф навишт, Эрон “ба ҳама гуна гузинаҳо омода аст”.
Ба иттилои NYT, ҳоло миёнаравҳо талош доранд, созише ба даст оранд, ки имкони бозкушоии тангаи Ҳурмузро фароҳам оварад ва аз таниш пешгирӣ кунад.
ИМА ва Исроил 28 феврал ҳамла ба Эронро шуруъ карданд ва ҳадафи асосии ин амалиётро зарфияти ҳастаӣ ва мушакии Эрон номиданд. Роҳбар ва чандин мақомдори Эрон кушта шуд. Эрон дар навбати худ ба кишварҳои Халиҷи Форс зарба зад ва ҳамчунин тангаи Ҳурмузро баст, ки барои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти вижае дорад. Ин иқдоми Эрон боиси гаронии қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ шуд.
Арзёбиҳо аз эҳтимоли афзоиши ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо
Як арзёбии амниятии расмӣ дар Иттиҳоди Аврупо аз "афзоиши нигаронӣ" аз эҳтимоли рух додани ҳамлаҳои интиқомҷӯёна дар Аврупо дар пайи ҷанги Амрико ва Исроил бо Эрон, ҳушдор медиҳад.
Ин арзёбии амниятӣ, ки нусхаи он дастраси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шуд, бо ишора ба афзоиши хатар аз ҷониби Афғонистон ва Эрон ҳушдор медиҳад, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез "таҳдиде барои Иттиҳоди Аврупо" аст.
Дар ин санади 22-сафҳаӣ, ки онро Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳия кардаст, бештар ахбор ва гузоришҳо дар соли 2025-ро мавриди баррасӣ қарор дода шудааст, на таҳдиҳои вобаста ба ҷанги Эрон.
Тибқи ин санад, ин ҳушдор бештар ба кишварҳое дуруст меояд, ки шумораи мусалмонон ё яҳудиҳо дар онҳо зиёд аст.
Арзёбии амниятии Иттиҳоди Аврупо дар бораи Афғонистон, аз таҳдиди "Шохаи Хуросон"- ДОИШ ҳушдор додааст.
Тибқи ин арзёбӣ, "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ ҳанӯз дар Афғонистон фаъол аст ва "яке аз таҳдидҳои хориҷии умда" барои Аврупо ба шумор меравад.
Туркия ва Қазоқистон паҳбодҳои ANKA месозанд
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон созишнома дар бораи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли паҳбодҳои ANKA-ро имзо карданд. Дар ин бора сайти расмии раёсати ҷумҳури Қазоқистон хабар дод.
Паҳбоди ANKA аз сӯи ширкати туркии Aerospace Industries таҳия ва барои маъмуриятҳои шиносоӣ, назорат ва зарбазанӣ пешбинӣ шудааст. Ин паҳбод аз соли 2013 ба ин сӯ мавриди истифода мебошад.
Паҳбоди ANKA тавони ҳамли 350 килограм борро дорад, метавонад то 30 соат дар ҳаво бимонад ва то 9000 метр дар баландӣ парвоз мекунад.Дар соли 2023 паҳбодҳои ANKA-S барои озмоишҳои низомӣ дар Қазоқистон пазируфта шуданд. Туркия ба таври густурда паҳбодҳои ANKA-ро ба чандин кишвар дар Ховари Миёна ва Африқо содир мекунад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзҳои 13-14 май ба Қазоқистон сафари давлатӣ анҷом дод. Ӯ рӯзи 15 май дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ, ки дар шаҳри Туркистони Қазоқистон баргузор шуд, иштирок кард.
Поёни таҳқиқи куштори сокини Ванҷ аз сӯи афсари пулис
Тафтиши парвандаи куштори Саломатшо Ғалчаев, як сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, ба поён расидааст. Таҳқиқро муфаттишони Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ анҷом додаанд.
Дар ин парванда Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тибқи моддаи 104, қисми яки Кодекси ҷиноӣ ба иттиҳоми "одамкушӣ", муҳокима мешавад. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ барои айбдоршаванда аз 8 то 15 сол зиндон пешбинӣ мекунад.
Неъмат Ғалчаев, бародари Саломатшо Ғалчаев рӯзи 15 уми май ба такя ба масъулини тафтишотии Додситонии ҳарбии гарнизони Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқ ҳамакнун ба поён расидааст.
"Пайвандони Саломатшо, аз ҷумла, писараш ва дигар наздиконе, ки шаби ҳодиса шоҳид буданд, ба Хоруғ даъват шуданд ва аз онҳо баёнот гирифта шуд. Бо шурӯи тафтишот, Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ ба Хоруғ оварда шуд ва дар боздоштгоҳ қарор дорад",-гуфт бародари Саломатшоҳ.
Ҳодиса шаби 17-уми марти имссол дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ бар сари робитаи Ивазмад Қодиров, афсари Вазорати корҳои дохилӣ бо як духтари мактабхон, ки гуфта мешавад, хеши ҷавони кушташуда аст, рӯй дода буд.
Дар ҳоли ҳозир мавқеи фарди муттаҳам ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Путин ба Чин сафар мекунад
Интизор меравад, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба Чин сафар кунад.
Кремл ибрози умедворӣ кардааст, ки Путин дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи худ ба Пекин, бо Си Ҷинпин, ҳамтои чиниаш дар бораи сафари ахири Доналд Трамп, президенти Амрико ба ин кишвар, гуфтугӯ кунад.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 15 май ба хабарнигорон гуфт, ки ҷузъиёти сафари Путин ба Чин, ки ба гуфтаи ӯ бисёр ба зудӣ анҷом хоҳад шуд, ниҳоӣ шудааст ва таърхи дақиқи он ба зудӣ эълон мешавад.
Бархе расонаҳо навиштанд, ки Путин рӯзи 20 май ба Чин сафар мекунад.
Песков афзудааст, ки президентҳои Русия ва Чин дар баробари масоили дуҷониба ва тиҷорат миёни ду кишвар, дар бораи масъалаҳои байналмилалӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Трамп рӯзи 14 май ба Чин сафар кард ва баъд аз дидор бо раисҷумҳури Чин гуфт, ки Си Ҷинпин пешниҳод додааст, барои тавофуқ бо Эрон ва замонати рафтуомади амни киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз кӯмак кунад ва ваъда дод, таҷҳизоти низомӣ ба Эрон нафиристад.
Муҷозоти донишҷӯ барои паҳн кардани адабиёти динӣ
Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ин ноҳияро барои ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи динӣ ҷазо додааст.
Додгоҳ дар хабарномае навишт, ин донишҷӯи 25-сола "адабиёти динӣ ва дигар маводи дорои хусусияти диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн намудааст".
Назари ин ҷавон ва наздиконаш ба қазия маълум нест.
Додгоҳ гуфтааст, донишҷӯро барои бе иҷозат паҳн кардани маводи динӣ ҷарима кардааст, аммо ҳаҷми ҷаримаро эълон накарданд.
Моддаи 474 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои ин кор то 5400 сомонӣ ҷарима таъйин кардааст.
Дар Тоҷикистон танҳо баъди гузаштан аз ташхиси диншиносӣ ва гирифтани иҷозаи Кумитаи дин, воридот ва паҳн кардани маводи динӣ иҷозат аст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён танқид кардаанд.