Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон аз кори ҳафтсолааш натиҷагирӣ кард. Аз чӣ гуфт? Чиро нагуфт? ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр дар паёми солона ба порлумон ва мардум аз низоми бонкии кишвар интиқод кард, ба вазъи маорифу тандурустӣ дахл намуд ва аз коҳиш ёфтани муҳоҷирати тоҷикон ба Русия гуфт. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон аз суханронии ӯ қонеъ шуданд, аммо коршиносони мустақил ва мунтақидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва суҳбатҳои алоҳида гуфтанд, “чанд масъалаи муҳим ҳанӯз норӯшан мондааст”.

Натиҷагирӣ аз ҳафт соли президентӣ?

Паёми имсола се соат идома кард ва, ба гуфтаи коршиносон, як навъ натиҷагирӣ аз кори ҳафтсолаи президент буд. Худи Эмомалӣ Раҳмон низ гуфт, ваъдаҳои ҳафт сол пеш додаашро иҷро кардааст. Аммо ҳеч ишора накард, ки дар интихоботи президентии соли оянда иштирок мекунад, ё на.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар Фейсбук панҷ хулосаи ибтидоии худро дар бораи паёми имсола навишт. Вай гуфт, ба фикри ӯ, "ин паёми охирини президенти Тоҷикистон аст, яъне гӯиё «васиятнома»-и ӯст. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии ноябри соли 2020 номзадии худро пешбарӣ нахоҳад кард".

То интихоботи президентӣ тақрибан як соли дигар мондааст.

Назари мардум ба паёми имсола:

Баҳои сокинон ба паёми президент
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Ба ояндагон чӣ мерос гузорем? Қаср ё давлати нирӯмунад?

Бархе аз таҳлилгарон дар Душанбе гуфтанд, ба фарқ аз солҳои пеш, имсол Эмомалӣ Раҳмон бештар сари иқтисод тамаркуз дошт ва аз масоили амниятӣ камтар суҳбат кард. Ба назари таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров, паёми асосии раиси ҷумҳур ба мардум ин буд, ки онҳо ба насли оянда мероси хуб гузоранд. Таҳлилгар афзуд, бардошти ӯ аз ин «мерос» бештар сохтмони кушку сохтмонҳои бузург буд.

«Шахсан бисёр мехостам, паём он бошад, ки мо ба наслҳои оянда давлати аз нуқтаи назари иқтисодӣ, сиёсӣ ва аз фарҳанг кишвари бисёр пешрафтаро ба мерос гузорем,» -- афзуд ӯ.

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ қадарнд?

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ аз мақомот ва соҳибкорон хост, бо ташкили ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар шиддати муҳоҷиратро паст кунанд. Ӯ гуфт, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик аз 1,1 миллион нафари соли 2010 то 486 ҳазор кам шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар беш аз 1 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми декабр хабар дод, ки то охири сол пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ба кишвар ба 3 миллиард доллар мерасад.

Хулосаи паёми раиси ҷумҳур дар ин видеост:

Паёми солона ё натиҷагирӣ аз кори ҳафтсолаи президент?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Вале раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш дар бораи маблағи муҳоҷирон чизе нагуфт. Вай танҳо хост, бояд ҳамасола дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис ёбад. Чизе, ки коршиносон пешниҳод хубу зарурӣ медонанд, аммо иҷро шудани онро зери суол мегузоранд.

Бонкҳо: "Давлат дар дохили давлат"?

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабр ҳангоми ироаи паёми солона ба порлумон, аз кори бонкҳо интиқод кард ва гуфт, "дар дохили давлат давлати дигар насозед". Вай пешниҳод кард, дар Тоҷикистон барои ҳимоят аз соҳибкорони истеҳсолӣ бонки алоҳида таъсис ёбад ва ҳамасола аз ҳисоби буҷа маблағ дарёфт кунад. ​

“Сиёсати Бонки Миллӣ ва бонкҳои дигари саҳомӣ бояд ба рушди иқтисод равона шуда бошад. Фақат ғами системаи бонкиро нахӯред. Дар дохили давлат давлати дигар бунёд кардан даркор нест. Вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи Бонки миллӣ ва бонкҳои саҳомӣ ин дастгирии молии истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон доир ба рушди истиқоди давлат равона шудааст. Вазифаи дигар надоред," -- афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон шарҳ надод, ки манзураш аз зикри "давлат дар дохили давлат" чист.

Низоми бонкии Тоҷикистон дар панҷ соли ахир гирифтори буҳрони ҷиддие буд. Ду бонки калонтарини кишвар "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" то ҳол гирифтори буҳронанд ва наметавонанд маблағи мизоҷонро пурра баргардонанд. Аммо мақомоти Бонки миллӣ мегӯянд, низоми бонкӣ аз буҳрон берун омадааст.

"Дар бораи аз байн бурдани фасод таъкид нашуд"

Таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, интизор дошт, раиси ҷумҳур дар бораи усулҳои аз байн бурдани фасод ҳам мегӯяд, ки ба бовари ӯ ба як монеа дар роҳи омадани сармояи хориҷӣ табдил шудааст. Чизе, ки раиси ҷумҳур бар сари он тамаркуз накард.

"Метавонем ба сармоягузорони хориҷӣ бисёр гӯем, ки биёед-биёед. Вале агар шароити хуби сармоягузорӣ насозем, ҳарчӣ қадаре ҳалво гӯем, даҳонамон ширин намешавад. Фасод яке аз сабабҳои асосии наомадани сармояи хориҷӣ аст, ки сарсарӣ гуфта шуд, вале механизмаш набуд," -- таъкид намуд Қодиров.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 дар сари қудрат аст, 17 соли охир паёмҳои солонаашро ба порлумон ва мардум ироа мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, маъмулан баъди паём дар сохторҳои давлатӣ баъзе тағйироти кадрӣ сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.​

Аз пули нафақа то суҳбати рӯ ба рӯ. Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

XS
SM
MD
LG