Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трюдо: "Агар таниш намебуд, ҳоло ҷонбохтагон дар паҳлуи хонаводаҳои худ буданд"


Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, рӯзи 13-уми январ дар мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, агар таниш дар минтақа боло намегирифт, касоне, ки дар ҷараёни суқути ҳавопаймои украинӣ дар Эрон ҷон бохтанд, ҳоло дар паҳлӯи хонаводаҳои худ буданд.

57 нафар аз 176 қурбонии ҳавопаймои украинӣ, ки рӯзи 8-уми январ аз Теҳрон ба Киев парвоз мекард ва аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон сарнагун карда шуд, эронӣ-канадаӣ буданд. Дар миёни қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони Эрон, Афғонистон ва Украина низ ҳастанд.

Нахуствазири Канада дар мусоҳиба бо шабакаи "Глобал нюз" дар ҷавоб ба пурсише дар бораи кушта шудани мусофирони ҳавопаймои украинӣ дар ҷараёни таниш байни Эрону Амрико гуфтааст, "фикр мекунам, агар таниш набуд, агар ахиран таниш дар минтақа боло намегирифт, ҳоло он канадаиҳо дар паҳлуи хонаводаҳои худ буданд."

Вай изофа кард, "ин ҳодисае аст, ки дар замони ҷанг ва даргирӣ рӯй медиҳад ва бегуноҳон баҳояшоро мепардозанд". Нахуствазири Канада ҳамчунин изҳор дошт, "ин ҳодиса ба мо ёдоварӣ мекунад, ки сахт талош кунем, танишро коҳиш диҳем ва роҳе барои пешгирӣ пайдо кунем, то боис ба ҷанги бештар ва куштори бештар нашавад."

Ҷастин Трюдо дар идома гуфт, мақомоти Амрико Канадаро дар ҷараёни амалиёти куштани Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон қарор надода буданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Канада эълом кардааст, "ҳайати консулии ин кишвар дар Теҳрон қарор дорад ва хонаводаҳои ҷонбохтагони ҳодисаи суқути ҳавопаймо метавонанд бо онҳо тамос бигиранд".

Эрон ва Канада аз соли 2012 робитаи дипломатӣ надоранд ва рӯзи шанбеи 11-уми январ Ҷастин Трюдо дар тамоси телефонӣ бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, аз ӯ хост барои шумораи бештаре аз мақомоти канадаӣ виза содир шавад.

Ҳукумати Эрон барои ҳашт мансабдори канадаӣ барои пайвастан ба тими таҳқиқоти ҳавопаймои сарнагуншудаи украинӣ дар атрофи Теҳрон виза ё раводид дод.

Ҳавопаймои "Боинг"-и украинӣ рӯзи 8-уми январ дар ҷараёни ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорон ба ду пойгоҳи мавриди истифодаи Амрико дар Ироқ дар интиқом ба кушта шудани Қосим Сулаймонӣ бо дастури Доналд Трамп, дар наздикии Теҳрон сарнагун карда шуд.

Се рӯз пас аз суқути ин ҳавопаймо, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияе расмӣ пазируфт, ки Сипоҳ дучори хато шуда, нохоста ин ҳавопайморо ҳадаф қарор додааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG