Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оҳангаронсемент"-и Узбекистон ба далели камбуди газ аз кор монд


Бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Узбекистон -- "Оҳангаронсемент" сар аз 10-уми январ ба далели камбуди газ аз кор монд.

"Дар умум фаъолияти корхона 26-уми декабр қатъ шуда буд. Ду рӯз комилан бе кор нишаста будем. Баъд барои ду тафдон газ доданд. Дар ин ду тафдон корҳо шабона давом мекарданд. Субҳи 10-уми январ ин тафдонҳо ҳам хомӯш шуданд",-хабар дод як коргари корхона.

Мақомдороне, ки хабари аз кор мондани корхонаро тасдиқ карданд, гуфтанд, ин ҳолат муваққатист, аммо маълум нест, ки корхона кай дубора ба кор мепардозад.

"Вақте газ камбуд набошад, ҳафт рӯз дар ҳафта шабу рӯз кор мекунем. Ҳоло газ, ки нест, корхона аз кор монд", - гуфт як мақомдори корхона.

86 дарсади саҳмияҳои корхонаи Оҳангарон дар соли 2006 ба ширкати русии Eurochem Group фурӯхта шуд.

Ба иттилои расмӣ, корхонаи "Оҳангаронсемент" солона 2 миллиону 180 ҳазор тона семент истеҳсол мекунад.

XS
SM
MD
LG