Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод барои 1.5 сол кардани хизмати ҳарбӣ ҷиҳати аз байн бурдани "облава". ВИДЕО


Даъватшудагон ба артиш. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба қонуни хизмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз 2 ба 1,5 сол кам карда мешавад. Мақомот мегӯянд, ин пешниҳод баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол шудаст. Дар гузашта бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда буданд, ки мӯҳлати хизмат дар артиш кам карда шавад, то ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз байн равад.

Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали Вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз кам кардани мӯҳлати хизмати ҳарбӣ, ҳарчӣ хубтар ҷалб кардани ҷавонон ба артиш ва аз байн бурдани "облава" мебошад.

"Лоиҳаи қонун ба Дастоҳи иҷроияи президент равон карда шуд, дар мувофиқаи ҳама вазорату идораҳо, баъзе гуфтанд, мӯҳлати хизматро яксола кунем, ҳозир ба якуним сол қарор додем. Яъне ним сол кам кардан дар лоиҳа пешбинӣ шудагӣ аст",-гуфт Холиқзода.

Пешниҳоди вазорат: "Хизмати ҳарбӣ ним сол кам карда шавад".
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Аммо муовини аввали Вазири адлия гуфт, дар тағйирот ба қонун, хизмати алтернативӣ пешбинӣ нашудааст, ҳарчанд дар ин бора баҳсҳо зиёд аст. Абдуманнон Холиқзода гуфт, шояд дар оянда Тоҷикистон таҷрибаи хизмати алтернативиро баррасӣ кунад.

Масъулини Вазорати адлия мегӯянд, кам кардани муҳлати хизмат дар артиш пешниҳоди Вазорати дифоъ мебошад. Мақомоти Вазорати дифоъ дар ин бора то ҳол изҳори назар накардаанд, аммо дар гузашта гуфта буданд, ки мавзӯи кам кардани мӯҳлати хизматро меомӯзанд.

Баъзе аз созмонҳо қаблан даъват карда буданд, ки хидмат дар Тоҷикистон як сол таъйин шавад ва ё ҳар касе имкони хидматро надорад, ба будҷа расман пул супорад. Мӯҳлати ҳатмии дусолаи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон аз муқарраротест, ки аз замони Шӯравӣ омадааст.

Масъалаи кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш беш аз панҷ сол аст, ки идома дорад. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, мавзӯъро меомӯзанд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш дар сурати иҷро шудан, яке аз ислоҳотҳои муҳим хоҳад буд.

Дилафрӯз Самадова
Дилафрӯз Самадова

Дилафрӯз Самадова, намояндаи созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ рӯзи 7-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, коҳиш додани мӯҳлати хизмати сарбозон, боиси пешгирӣ аз "дедовшина" дар артиш мешавад. Чун ба гуфтаи хонум Самадова, амалҳои ғайрионнимавӣ ё "дедовшина" бештар миёни навдаъватшудагон ва сарбозони собиқадор сар мезанад.

"Кам кардани мӯҳлати хизмат яке аз тавсияҳои мо аст, ки ҳамасола пешниҳод мешавад. Ин кор на танҳо барои паст кардани сатҳи "дедовшина", балки барои пайдо шудани шавқ барои хизмат кардан мусоидат мекунад"-таъкид мекунад Дилафрӯз Самадова.

Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ афзуд, ба ҷуз аз коҳиш додани мӯҳлати хизмат, бояд хизмати алтернавтивӣ низ ҷорӣ шавад. Ин намуд хизмат ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, бештар барои онҳое зарур аст, ки бар асоси эътиқоди динии худ дар артиш хизмат карда наметавонанд.

Хидмати алтернативӣ ин аст, ки ба ҷои 2 соли хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват ба кор дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ҷалб мешаванд ва ҳиссаи муайяни дастмузди худро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоъ месупоранд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор-баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари аз ин шумора аз хидмати артиш озод ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG