Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Масҷиди калони Душанбе бинобар коронавирус ба таъхир афтод. САДО


Масҷиди калони шаҳри Душанбе бо сармояи Қатар бунёд шудааст.
Масҷиди калони шаҳри Душанбе бо сармояи Қатар бунёд шудааст.

Ифтитоҳи масҷиди нав дар шаҳри Душанбе, ки қарор буд рӯзи 12-уми март бо ҳузури амири Қатар баргузор шавад, ба таъхир афтодааст.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, 10-уми март дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба далели паҳншавии короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод". Раиси Кумитаи дин афзуд, ки ба ин сабаб амири Қатар сафарашро на танҳо ба Тоҷикистон, ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ қатъ кардааст.

Бузургтарини масҷид дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузоштаанд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори асосии тарҳ Қатар аст, ки барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст. Дар ҷараёни сохтмони он чанд нафар маҷруҳ шудаанд.

Масҷиди бузургтарини Тоҷикистон дар ҳоле мавриди истифода қарор мегирад, ки тайи солҳои гузашта даҳҳо ибодатгоҳи мусалмонон дар кишвар бо баҳонаи надоштани санади расмӣ ваё мувофиқ набудан ба мактабу чойхона ва тарабхона табдил дода шудаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳар сол дар гузоришҳои худ Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани ҳуқуқи мазҳабии мардум танқид мекунанд. Мақомот танқидҳоро ннамепазиранд.

XS
SM
MD
LG