Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вируси корона "бемории фарогири ҷаҳонӣ" эълон шуд


Италия аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки коронавирус ба таври густурда дар он паҳн шудааст.
Италия аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки коронавирус ба таври густурда дар он паҳн шудааст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 11-уми март барои аввалин бор эълом кард, ки сирояти коронавирус миқёси саросарӣ гирифтааст, яъне пандемия шудааст. Пандемия беморие мебошад, ки ба таври саросарӣ дар қаламрави кишварҳои зиёди ҷаҳон паҳн мешавад ва ба ҳама мардум таъсир мерасонад.

Дар изҳороти раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адҳано Гебрэсус, ки рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми март дар шаҳри Женева нашр шуд, омадааст, коронавирус дар 114 кишвари олам тасдиқ шуда, беш аз 118 ҳазор нафар гирифтори ин беморӣ ҳастанд.

"Акнун, ки коронавируси нав дар кишварҳои зиёд паҳн шудааст, хатари пандемия воқеӣ аст. Аммо ин дар таърих аввалин пандемияе мебошад, ки онро назорат кардан мумкин аст",-гуфт ӯ.

Коронавирус барои аввалин бор охири соли гузашта дар Чин зуҳур намуд. Дар ин муддат 4291 нафар ба ҳалокат расиданд. Аксари қурбониҳо ё худ беш аз 3 ҳазор нафар сокинони Чин будаанд. Баъд аз Чин, ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ аз ҳама бештар дар Италия, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG