Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумораи гирифторон ба коронавирус дар Қазоқистон


Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон.
Шаҳри Нурсултон, Қазоқистон.

Вазорати тандурустии Қазоқистон шоми 17-уми март эълом кард, ки шумораи умумии мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар афзоиш ёфта, ба 33 нафар - 15 кас дар шаҳри Алмато ва 18 тан дар шаҳри Нурсултон расидааст.

Аз 19-уми март дар ин ду шаҳри бузургтарини Қазоқистон ба далели паҳни коронавирус карантин эълом хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, Қазоқистон аз 16-уми март вазъи изтирорӣ эълом, фаъолияти марказҳои тиҷориву фурӯшгоҳҳои бузургро маҳдуд, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва вуруду берун рафтан аз ин кишварро манъ кард. Мулоқоти ҳукуматӣ ва нишастҳои хабарӣ онлайнӣ баргузор мешаванд.

XS
SM
MD
LG