Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулода дар Қирғизистон, баъд аз 14 мавриди гирифторӣ ба коронавирус


Ҳукумати Қирғизистон бо пешниҳоди Шӯрои амният аз 22-юми март дар ин кишвар ба хотири паҳншавии коронавирус вазъи фавқулодаи саросарӣ эълон кард. Мақомҳои маҳаллӣ дар Қирғизистон пештар дар як минтақаи ҷанубии ин кишвар вазъияти изтирорӣ эълон карда буданд. Дар Қирғизистон то кунун 14 мавриди гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шудааст. Ду ҳолати онро дар шаҳри Бишкек сабт кардаанд. Бархе аз онҳое, ки дар Қирғизистон дучори ин вирус шуданд, ахиран аз Арабистони Саудӣ баргашта буданд. Аз замони кашфи коронавирус дар Чин то кунун беш аз 270 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба он гирифтор шуда, беш аз 11 ҳазори дигар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG