Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 5460 нафарро ба "карантин" фаро гирифтаанд


Яке аз маконҳои каратин. Аксро аз маҳалли Зимчуруд фиристоданд
Яке аз маконҳои каратин. Аксро аз маҳалли Зимчуруд фиристоданд

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз хуруҷи коронавирус аз моҳи феврал то 25-уми март 5460 нафар​ро ба "карантин" фиристодаанд.

Ин афрод аз хориҷ ба кишвар омада, ду ҳафта зери назорати пизишкон хоҳанд буд.

Ба қавли мақомоти Вазорати тандурустӣ, аз ин шумор аллакай ду ҳазор нафар ба хона ҷавоб шуда, наздики севуним ҳазор кас давраи карантинро паси сар мекунанд.

Дар миёни онҳо 107 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ будаанд.

Мақомот мегӯянд, нафарони аз хориҷ омада, давраи карантинро дар бемористони касалиҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо сипарӣ мекунанд.

Дар як ҳафтаи ахир шикоятҳо аз шароити нигоҳдорӣ дар маконҳои каратинӣ зиёд шуд. Ҳафтаи равон чанд нафари бозгашта аз Русия ва Дубай бо нашри аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят карданд, ки шароити нигоҳдориашон дар маконҳои карантинӣ тоқатфарсост.

Вазорати тандурустӣ дар пайи ин шикоятҳо ин нафаронро ба ҷойи дигар интиқол дод.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар кишвар то ҳол сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо назорат ба хотири пешгирӣ аз ин вирус ҷиддист.

Аммо мунтақидон мегӯянд, Тоҷикистон то ҳол хатари вируси навро ҷиддӣ нагирифтааст ва аз таътили мактабу донишгоҳ ва ҷашнҳои пуриздиҳом худдорӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG