Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти амрикоиҳо аз коронавирус бештар назар ба ҷанги Ветнам аст


Бруклини Ню-Йорк. Интиқоли як бемор ба муассисаи тиббӣ
Бруклини Ню-Йорк. Интиқоли як бемор ба муассисаи тиббӣ

Дар 18 рӯзи гузашта шумори олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА ду баробар афзуда 1 миллион нафарро ташкил дод ва талафоти инсонҳо бар асари ин беморӣ бештар назар ба талафоти амрикоиҳо дар ҷанги Ветнам ҳисоб шудааст.

То рӯзи 28 апрел сеяки беш аз се миллион олудашудаҳо дар сайёра ва чоряки беш аз 216 ҳазор ҳалокшудаҳо бар асари COVID-19-ро амрикоиҳо ташкил кардаанд. Агар дар солҳои ҷанги Ветнам 58220 амрикоӣ ҷон додааст, шумори талафот бар асари коронавирус ба 58348 нафар расидааст.

Омори ноумедкунанда дар ҳоле нашр мешавад, ки бархе иёлоти Амрико ва ҳам чанде аз кишварҳои аврупоӣ нақшаи тадриҷан сабук кардани маҳдудиятҳои дар паи пандемия ҷоришударо амалӣ мекунанд. Вале мутахассисони тиб ҳамоно аз хатари бозгашти мавҷи дуюми вирус ҳушдор медиҳанд. Раҳбарони Итолиё, Испания ва Фаронса, ки кишварҳояшон бештар аз ҳама дар Аврупо осеб дидаанд, мегӯянд, ки маҳдудиятҳоро кам-кам аз байн мебаранд. Дар Чин рӯзи 13-ум аст, ки мақомот аз набуди талафоти ҷонӣ хабар медиҳанд ва ҳамин омор сабаб шуд, ки дар моҳи май ҷаласаи ҳукуматӣ даъват шавад. Вале коршиносон мегӯянд, ки ба омори Чин чандон эътимод надоранд, чунки ин кишвар матбуоти ғайрирасмиро шадидан назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG