Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Ҳудуди 140 млн сокини Ҳинд бинобар коронавирус бекор мондаанд

Яке аз фурудгоҳҳои Ҳинд.
Яке аз фурудгоҳҳои Ҳинд.

Нашрияи The Financial Times бо истинод ба Маркази ғайридавлатии мониторинги иқтисоди Ҳиндустон навиштааст, ки ҳудуди 140 миллион сокини ин кишвар дар пайи чораҳои мақомот барои мубориза бар зидди коронавирус бе ҷои кор мондаанд.

Ин барканориҳо сатҳи бекориро дар Ҳиндустон аз 8 то ба 26 дарсад боло бурдааст.

Дар Ҳиндустон, ки беш аз 1 миллиарду 300 миллион аҳолӣ дорад, 35 рӯз мешавад, карантини сахт эълом шудааст. То ҳол 33 ҳазор сокини ин кишвар ба коронавирус мубтало шуда, 1074 кас ҷон бохтаанд.

Хабаргузории Bloomberg навиштааст, ки шумораи мубталоён дар ин кишвар афзоиш меёбад. Интизор меравад, мақомоти Ҳиндустон рӯзҳои наздик маҳдудиятҳоро сабуктар кунанд. Коршиносони соҳаи тиб нигаронанд, ки сабуктар шудани карантин боиси афзоиши мубталошавӣ хоҳад шуд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

“TAS” наворҳои Галустянро дар Душанбе аз саҳифаҳояш пок кардааст

Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози тоҷиконро ба бор оварда буд
Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози тоҷиконро ба бор оварда буд

Ширкати сохтмонии “TAS International Group” наворҳои ҳузури Михаил Галустян, ҳаҷвнигори русро дар як ҳамоиш дар Душанбе аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кардааст.

Михаил Галустян, ки бештар ӯро барои нақшҳои таҳқиромезаш нисбат ба муҳоҷирони тоҷик мешиносанд, рӯзи 30-юми сентябр бо даъвати ин ширкат ба Тоҷикистон омада буд.

Масъулони “TAS” сабаби ҳазфи наворҳоро шарҳ надодаанд, вале пештар аксу видеои пешвози ҳаҷвнигори рус ро бо нону намак ва иштирокаш дар муаррифии як тарҳи сохтмониро дар Душанбе нашр карда буд.

Сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон хашми фаъолони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Аксарият даъвати ӯро “таҳқир ба миллат” номида, дархост карда буданд, ки ӯро ба кишвар роҳ надиҳанд.

Галустян ба ин даъватҳо ҳеч вокунише накардааст.

Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози тоҷиконро ба бор оварда буд.

Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" нодону бесавод тасвир ёфтаанд, ки қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд ва гуё ба забони тоҷикӣ гап мезананд.

Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.

Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Russia” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.

Саида Мирзиёева гуфт, бо Трамп мулоқот кард, аммо ҷузъиёт надод

Саида Мирзиёева гуфт, бо Трамп мулоқот кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон ва ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар, бо нашри аксе аз мулоқот бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабар дод.

Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт, ки дидору гуфтугӯ бо раҳбари Иёлоти Муттаҳида барояш мояи ифтихор аст.

Мирзиёева ҳамин хабарро дар саҳифааш дар Телеграм ҳам нашр кард, аммо ҷузъиёт надод. Маълум нест, дар ин дидор дар бораи чӣ суҳбат шудааст. Кохи Сафед ҳам дар ин бора хабаре нашр накардааст.

Саида Мирзиёева бо як сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал ба унвони намояндаи кишвараш суханронӣ кард.

Вай дар мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон салоҳиятҳои худро бештар ва ҷойгоҳашро қавитар кардааст. Саида Мирзиеёваро як муддаии эҳтимолии курсии президентӣ дар оянда дар Узбекистон меноманд.

Вазъи саломатии муҳоҷирони кориро дар Тоҷикистон кӣ месанҷад?

Ҳар сол ҳудуди як миллион нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд
Ҳар сол ҳудуди як миллион нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд

Маркази миллии таҳқиқоти пизишкӣ дар Русия масъули санҷиши тиббии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон таъйин шудааст.

Қарорро дар ин бора Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, рӯзи 28-уми сентябр тасдиқ кард.

Намояндагони ин марказ пеш аз сафар вазъи саломатии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон хоҳанд санҷид. Аз хадамоти ин идора ҳамчунин барои ирсоли гурӯҳии муҳоҷирон ба кор дар Русия истифода хоҳад шуд.

Ҳанӯз Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ин қарор хабар надодааст, аз ҷумла маълум нест, ки идораи санҷиши саломатии муҳоҷирон дар куҷо ва дар чӣ шароит амал хоҳад кард.

Созишномаи ташхиси муҳоҷирон моҳи октябри соли 2025 аз сӯи мақомоти Тоҷикистону Русия имзо шуда, баъди тасвиб аз сӯи порлумонҳои ду кишвар иҷроӣ гардид.

Ин санад "қоидаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин расондани хадамоти дигари тиббиро тибқи қонунгузории Русия ба танзим меорад".

Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.

Муҳоҷирон борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд. Ҳоло рӯшан нест, ки бо гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз сафар, ин мушкили муҳоҷирон то куҷо кам хоҳад шуд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ дар Абхозистон

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Абхозистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:06 0:00

Мақомоти интизомии Абхозистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо ба таблиғи ифротгароӣ ва ҳимояти ошкоро аз фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мешавад.

Дар як видеое, ки мақомоти амниятии Абхозистон рӯзи 2-юми октябр дар Фейсбук нашр кардаанд, гуфта мешавад, Хуршед Ойматови 36-сола аз Тоҷикистон, дар ин ҷумҳурии худхонда иқомат мекард ва пайваста ақидаҳои исломи ифротиро аз тариқи интернет паҳн мекард.

Дар ин видео, ки саҳнаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар як вайронаро ҳам нишон медиҳанд, гуфта мешавад, ӯро дар ҳамкорӣ бо ФСБ ё Хадамоти Амнияти Федеролии Русия дастгир карда, барои муҳокима ба дасти маъмурони амниятии ин кишвар супурдаанд.

Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест, вале дар гузашта афроди дигаре бо айни иттиҳом дар Абхозистон дастгир шудаанд.

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш. Мақомот чӣ мегӯянд, мардум чӣ?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон рӯзи якуми октябр шуруъ шуд.

Расонаҳои давлатӣ аз маросими ботантанаи гусели ҷавонон ва мақомоти баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон “аз сад дарсад” иҷро шудани нақша хабар доданд.

Пушти ин маросими ботантана воқеиятҳои дигарест, ки аксар аз тарси мақомот аз гуфтанашон метарсанд.

Ҳарчанд, мақомот аз ихтиёрӣ ҷалб шудани ҷавонон хабар медиҳанд, чанд падару модар аз шаҳру ноҳияҳои гуногун рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қабл зери фишор фарзандони муҳоҷирашонро аз хориҷ баргардонда, ба артиш фиристоданд.

Мақомот мегӯянд, шароит дар артиш хуб шудааст, вале марги сарбозон дар артиш ва ҷалби ҷавонони маъюб ҳанӯз дида мешавад.

Радиои Озодӣ танҳо дар як соли охир дар бораи марги наздик ба 10 сарбоз ва ҷалби ду ҷавони бемор ба артиш хабар дод.

Шурӯи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

Як маҳбуси амрикоӣ баъди ду сӯзандоруи заҳри қотил зинда мондааст

Маҳбуси амрикоӣ баъди ду сӯзан заҳри қотил зинда мондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

Як зани амрикоӣ, ки соли 1996 барои куштори бераҳмонаи як духтар ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, баъди ду сӯзандоруи заҳри қотил зинда мондааст.

Криста Пайки 50-соларо баъд аз иҷрои бенатиҷаи ҳукми қатлаш ба бемористон бурдаанд.

Ӯ аввалин зане аз аёлати Теннеси аст, ки дар давоми 200 соли охир ба ҳукми қатл маҳкум шудааст.

Як соат пеш аз иҷрои ҳукми Пайка, Додгоҳи таҷдиди назари Амрико амр дод, ки парвандаи ӯро бозбинӣ кунанд. Аз ҷумла, додгоҳ гуфтааст, далелҳои вакилони Криста Пайк дар бораи ин ки ӯ дар хурдӣ мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтааст, бояд аз нав дида шавад.

Чанд соат баъди ин, Додгоҳи олии Амрико ин қарорро бекор кард. Раёсати зиндонҳои Теннеси гуфт, онҳо бар асоси “ҳар банди қоидаҳои иҷрои ҳукми қатл амал кардаанд”. Сарнавишти зан ҳоло маълум нест.

Криста Пайк замоне ки 18-сола буд, ҳамроҳи дӯстдоштааш Тадарил Шипп духтари дигареро бо номи Коллин Слеммер куштаанд. Шипп, ки он замон 17-сола буд, ба зиндони умрбод маҳкум шуд.

Пас аз содир шудани ҳукми қатли Пайк, маълум гашт, ки ӯ дар хурдӣ мавриди хушунати ҷинсии падарандарҳояш қарор гирифтааст.

Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар дар Душанбе чӣ гуфтанд?

Вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ. Душанбе, 1-уми октябри 2026
Вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ. Душанбе, 1-уми октябри 2026

Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар, аз ҷумла аз Русия, рӯзи якуми октябр дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, ҳамкориҳои муштаракро дар роҳи мубориза бо терроризм ва дигар ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ таваҷҷуҳи бештар ба “муқовимат ба шаклҳои муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла истифодаи фанновариҳои нав барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ ва мағзшӯии ҷавонону наврасон дар интернет” равона карда шуд.

Қабл аз ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо вазирони корҳои дохилии Русияву Беларус, Узбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Арманистон ва Молдова гуфтугӯ дошт.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, ҷонибҳо дар бораи рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нав ва ҳуши маснуӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор изҳори андеша кардаанд.

Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ соли 1996 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ин кишварҳои собиқи шӯравӣ барои мубориза бо қонуншиканиву ҷинояткорист.

Мақомоти интизомии ин кишварҳоро дар гузашта барои он танқид кардаанд, ки дигарандешон ё сиёсатмадорони мухолифро бо ҳар баҳона боздошт карда, барои муҳокима ба якдигар месупоранд.

Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар дар Душанбе чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00

“Фавран ва бечунучаро озод кунед.” Даъват ба раҳоии Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ
Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ

Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаро аз зиндон озод кунад.

Созмони “Вакилон Ҳомии Вакилон”, қароргоҳаш дар Ҳолланд, бо нашри як баёния гуфтааст, вакили тоҷик ҳеч гуноҳ надорад ва аз ин рӯ мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро ва “Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бечунучаро озод кунанд”.

Рӯзи 28-уми сентябр аз замони боздошти вакили дифои тоҷик 11 соли расо сипарӣ шуд.

Ӯро, ки соли 2015 аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, баъди созмони террористӣ эълон шудани он дастгир карда, сипас бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 сол зиндон маҳкум карданд.

Созмони “Вакилон Ҳомиёни Вакилон” гуфтааст, тамоми иттиҳомот сохтаву бофта аст ва худи Бузургмеҳр Ёров ҳам ҳангоми муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва фақат аз ҳаққи муттаҳамон ба ҷиноят ҳимоят кардааст.

Яке аз кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳам боздошти Бузургмеҳр Ёровро худсарона ва ғайриқонунӣ хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро аз зиндон раҳо кунад.

Ҳарчанд ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров бар асоси ду Қонуни афв дар солҳои 2019 ва 2021 кӯтоҳ карда шуд, вале соли 2023 мақомот парвандаи ҷиноии дигареро ба зидди ӯ боз карданд ва ӯ бояд камаш то соли 2043 дар зиндон бимонад.

Ҳукми ӯ бар асоси Қонуни афви имсол ҳеч тағйире накард.

Дар гузашта Созмони Милал ва ҳам созмонҳои зиёди ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқудонҳои дигар танқид карда, хостаанд, ки онҳоро озод кунад, вале ин даъватҳо то кунун бепосух мондаанд.

Бузургмеҳр Ёров 55-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 вакили мудофеъ буд ва раёсати анҷумани “Сипар”-ро ба уҳда дошт.

Талаби раҳоии вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

На беш аз 1 миллион рубли нақд. Маҳдудияти нав дар Русия

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз баровардани пули зиёди нақд аз Русия маҳрум шудаанд.

Қарорро дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 29-уми сентябр имзо кард.

Акнун шаҳрвандони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон (кишварҳои узви Иттиҳгоди иқтисодии АвруОсиё) ва инчунин Тоҷикистону Узбекистон ва Озарбойҷон ҳақ доранд, танҳо то 1 миллион рубли нақд (баробар ба дувоздаҳ ҳазор доллар)-ро аз Русия берун баранд.

Пештар як мусофир ҳақ дошт, аз Русия то 8,5 миллион рубли нақд, муодили 100 ҳазор долларро бо худ гирад.

Рӯзноманигор ва иқтисоддони тоҷик Пайрав Чоршанбиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими Путин бештар на ба миқдори пул, балки ба шеваи интиқоли пули муҳоҷирон метавонад таъсир гузорад.

Ӯ афзуд: “Муҳоҷироне ҳастанд, ки моҳҳои дароз дар Русия кор карда, барои харидани мошину бунёди хона ё баргузории тӯю маърака ва хароҷоти дигари калон пулҳои ҷамъкардаи худро нақд ба Тоҷикистон меоранд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон акнун маҷбур мешаванд, аз хадамоти бонкӣ ва интиқоли расмии пул истифода кунанд,” -- гуфт Чоршанбиев.

Аз моҳи марти соли 2022 дар Русия берун бурдани пул (асъор)-и хориҷӣ ба миқдори беш аз 10 ҳазор доллар манъ аст.

Ду кушта ва чор захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Киев

Киев, 30-юми сентябри 2026
Киев, 30-юми сентябри 2026

Мақомоти Украина рӯзи 30-юми сентябр гуфтанд, дар ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Русия ба Киев ва минтақаҳои атрофи он, ду кас, аз ҷумла як кӯдак кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.

Тимур Ткаченко, раиси вилояти Киев, дар саҳифааш дар Телеграм навишт, пайкар ё ҷасади як кӯдаки кушташударо аз зери вайронаҳо берун овардаанд.

Ӯ афзуд, дар ин ҳамла хонаҳои мардум, анбору мошинҳо ва биноҳои дигари иҷтимоӣ низ осеб дида, дар чанд гӯша сӯхтор сабт шудааст.

Нерӯҳои ҳавоии Украина эълон карданд, ки Русия дар тӯли шаб бо чанд мушаки баллистикӣ ва 188 паҳпод ба Украина ҳамла кард ва вилояти Киев ҳадафи асосияш буд.

Русия дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои худро ба пойтахти Украина шиддат бахшидааст.

Вазорати дифои Русия 30-юми сентябр тасдиқ кард, ки ба он чи як маркази иртиботот ва зербунёди энергетикии пуштибони тавлидоти низомӣ дар Киев ва минтақаҳои атрофи он меномад, бо истифода аз “силоҳҳои дақиқи дурбурд ва паҳподҳои ҳамлавар” “ҳамлаи густарда” анҷом додааст.

навшуда

22 хориҷиро дар Душанбе бо гумони танфурӯшӣ дастгир кардаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Душанбе аз боздошти 22 духтари хориҷӣ хабар додаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба танфурӯшӣ машғул буданд ва акнун аз Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.

Раёсати корҳои дохилии пойтахт рӯзи 30-юми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ин духтарон дар як марказе, ки хориҷиён иҷора гирифта, ба ҷойи танфӯрушӣ табдил додаанд, кор мекарданд.

"Дар натиҷаи санҷишҳои фаврӣ муайян гардид, ки шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи “Hulbuk Palace” маркази дилхушӣ ташкил намуда, онро ба фоҳишахона табдил додаанд," -- гуфта шудааст дар баёнияи расмӣ.

Шарҳи боздоштшудаҳо дастрас нест.

22 хориҷиро дар Душанбе бо гумони танфурӯшӣ дастгир кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00

Мақомот нагуфтаанд, ки онҳо шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд, аммо дар аксҳои нашркардаи мақомот дида мешавад, ки ё аз Чин ё аз ягон кишвари дигари Осиёи шарқӣ ҳастанд.

Дар ду соли охир боздошти духтарони хориҷӣ, бахусус аз Чин бо иттиҳоми танфурӯшӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Аввали моҳи августи имсол мақомоти интизомии Душанбе аз боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвари ҳамсоя хабар доданд, ки ба танфурӯшӣ машғул будаанд.

Моҳи октябри соли гузашта ҳам мақомоти интизомии Душанбе аз боздошти як нафар бо иттиҳоми “ташкили фоҳишахона” ва 15 духтаре хабар дода буданд, ки ба танфурӯшӣ машғул будаанд.

Дар Тоҷикистон барои танфурӯшӣ фақат ҷарима таъйин шудааст, вале барои мусоидат ба ин кор ҷазо сахттар ва ҳукми зиндон аст.

Боздошти шаш кас барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия

Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки дар Русия кормандони идораи муҳоҷират ва маъмурони милисаро дар мусоидат ба кору муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам карда, ба ҷавобгарӣ бикашанд
Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки дар Русия кормандони идораи муҳоҷират ва маъмурони милисаро дар мусоидат ба кору муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам карда, ба ҷавобгарӣ бикашанд

Мақомоти интизомии Русия як гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки ба қавли онҳо ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул будаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як видео, ки тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имконпазир нест, гуфт, ин гурӯҳи 6-нафарӣ даҳҳо шаҳрванди хориҷиро дар вилояти Маскав сабти ном кардаанд.

Дар ин видео гуфта мешавад, ки дар байни боздоштшудагон ду корманди идораи муҳоҷирати Русия низ ҳастанд.

Ба қавли намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, ин афрод як шеваи ғайриқонунии сабти расмӣ дар идораҳои муҳоҷират, кори ғайриқонунӣ ва ба даст овардани шаҳрвандии Русияро ба роҳ монда ва барои ин корашон пули зиёд мегирифтанд.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна мақомоти интизомӣ аз маҳалли боздошт санадҳои расмӣ, мӯҳр ва дигар ҳуҷҷатҳо мусодира мекунанд.

Дар умум, ба гуфтаи мақомоти Русия, 20 мавриди сабти ғайриқонунии хориҷиён ва муҳоҷирони кориро маълум кардаанд ва айни замон даст доштани афроди дигар ба ингуна фаъолияти ғайриқонунӣ таҳқиқ мешавад.

Мақомоти Русия умдатан худи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро ба кору иқомати ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд.

Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки онҳо кормандони идораи муҳоҷират ва ҳам маъмурони милисаро дар мусоидат ба кору муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия муттаҳам карда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд.

Насли бабри барфии Тоҷикистон дар Русия зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон теъдоди бабри барфӣ афзуда, аз марзи 500 сар гузаштааст
Дар Тоҷикистон теъдоди бабри барфӣ афзуда, аз марзи 500 сар гузаштааст

Як бабри барфӣ, ки соли 2019 бо ҳадафи наҷоти ин ҷонвари зебо аз Тоҷикистон ба Русия бурда шуд, ду бачаи нав ба дунё оварда, саршумори умумии бабр ё паланги барфиро дар як мамнуъгоҳи азими ин кишвар ба 21 адад расонидааст.

Раҳбарияти мамнӯъгоҳи Саяно Шушенски Русия гуфтааст, бачаҳои бабри модина, ки “Таджичка” ё “Тоҷик” ном дорад, дар видеоҳои мушоҳидавӣ сабт шудаанд ва ин хабари хуше барои онҳост.

Аз Тоҷикистон ба Русия бурдани бабри барфӣ таҷрибаи нодир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Бабри зодаи Бадахшони Тоҷикистон дар ҳафт соли гузашта 9 бача ба дунё овардааст ва наслҳояш хубу солим ҳастанд.

Ҳадаф аз овардани бабр аз Тоҷикистон ба Саяно Шушенск афзоиши насли бабри барфӣ дар ин мамнуъгоҳи бузург дар вилояти Красноярски Русия будааст.

Ба навиштаи дафтари матбуоти мамнуъгоҳ, бабри Тоҷикистон акнун модарбузург ё бибӣ ҳам шудааст, чун фарзандони аввалини ӯ ҳам соҳиби бача ҳастанд.

Дар Тоҷикистон теъдоди бабри барфӣ афзуда, аз марзи 500 сар гузаштааст. Ин ҷонваре, ки дар вартаи нобудӣ қарор дорад, фақат дар 12 кишвар боқӣ мондааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Насли бабри Тоҷикистон дар Русия зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00
навшуда

Даъвати Михаил Галустян ба Тоҷикистон баҳс барангехт

Михаил Галустян. Акс аз бойгонӣ
Михаил Галустян. Акс аз бойгонӣ

Михаил Галустян, ҳаҷвнигоре аз Русия, ки дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақшҳои таҳқиромезаш дар мавриди муҳоҷирони корӣ мешиносанд, ба шаҳри Душанбе даъват шудааст.

Ин тасмим эътирози баъзе фаъолонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард.

"TAS International Group", ки қарор аст дар пойтахти Тоҷикистон бинои баландтаринро бисозад, дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, Галустян 30-юми сентябр дар барномаи фарҳангии ин ширкати сохтмонӣ ҳузур пайдо мекунад.

Намояндагони ширкат ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи ҳадафи даъвати Михаил Галустян ҳанӯз посух надодаанд.

Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози фаъолони тоҷикро ба бор оварда буд.

Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" нодону бесавод тасвир ёфтаанд, ки қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд ва гуё ба забони тоҷикӣ гап мезананд.

Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.

Исфандиёри Назар, шоири тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бояд сафари Михаил Галустянро ба Душанбе лағв кунад. Ӯ гуфтааст, нафаре, ки “миллати моро таҳқир кардааст”, набояд ба Тоҷикистон биояд ва мо ба “таҳқиргари худ каф занем”.

Дар айни замон чанде аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки сафари Михаил Галустян ва дидани Тоҷикистони муосир шояд дидгоҳи ӯ ва ҳамназарашонро тағйир хоҳад дод.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Аммо Орзу Исоев, шоир ва рӯзноманигори тоҷик, дар вокуниш ба даъват шудани Галустян аз Русия ба Душанбе гуфт, “мутмаинам, бо омадану дидани ӯ андешаи соири русҳо, ки дар кишварашон мардуми Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷиконро таҳқиру таҳдиду тазйиқ мекунанд, дигар намешавад, зеро сохтор чунин бунёд шудааст."

Ӯ афзуд, "бе Галустян ҳам, русҳои зиёде аз ҷабҳаву ҷанг фирор карда, дар маркази шаҳри Душанбе ва кишварҳои дигар ба фаровонӣ рехтаанд. Мо ҳар рӯз мо онҳоро мебинем. Онҳо аз зебоиҳои Тоҷикистон, аз ободиҳо дар ТикТоку Инстаграм наворҳо пахш мекунанд. Ин, албатта, барои ман қобили қабул аст, аммо ҳеч вақт ба сохторе, ки аслу бунёдаш саркӯбгароёна аст, бо меҳру отифа ҷавоб додан фоида надорад. Инро як навъ тарс мепиндоранд. Галустян меояд, яъне чӣ? Меравад ва саҳначаҳое аз шукӯҳ, шаҳомат ва зебоиҳои мо таҳия мекунад? Ман дар ин марвид шак дорам."

Назари худи ҳунарманд маълум нест.

Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Russia” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.

Даъвати Галустян ба Тоҷикистон ҷанҷолӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Барканории Фарзона Ғафурзода, додраси Додгоҳи Истиқлол

Фарзона Ғафурзода дар гузашта ба ҳайси ёвари як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон кор кардааст
Фарзона Ғафурзода дар гузашта ба ҳайси ёвари як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон кор кардааст

Фарзона Ғафурзода ҳамагӣ пас аз тақрибан якуним сол кор аз мақоми додраси Додгоҳи шаҳри Истиқлол (вилояти Суғд) барканор шудааст.

Фармони аз мақом рондани ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 29-уми сентябр имзо кард.

Дар он Фарзона Ғафурзода ба содир кардани кирдоре муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".

Назари худи ӯ ба фармон маълум нест ва ин ҳам рӯшан нест, ки Фарзона Ғафурзода бо кадом рафтору амалкардаш шаъну эътибори додрасҳои тоҷикро пас задааст.

Аммо он додрасҳоеро, ки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта бо айни иттиҳом аз кор рондааст, баъдан бо гуноҳи ришвахорӣ ё суистифода аз мақом ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Танҳо дар моҳи декабри соли 2025 се додрас бо айни сабаб, яъне паст задани шаъну эътибори додрас дар Тоҷикистон аз мақомашон барканор шуданд.

Низоми додгоҳии Тоҷикистон ва рафтори додрасҳо солҳост, ки танқид мешавад. Додрасҳоро ба он муттаҳам мекунанд, ки пойбанди мақомот ҳастанд ва ҳарчӣ, ки додситонҳо мехоҳанд, иҷро ва ҳукмҳои ноодилона содир мекунанд.

Худи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми декабри соли 2024 эътироф кард, ки фасоду ришвахорӣ дар байни додрасҳо мояи амиқи нигаронӣ аст. Ӯ ин оморро овард, ки дар 10 моҳи соли 2024 кормандони низоми додгоҳӣ 26 ҷиноят содир кардаанд.

Раисҷумҳур он замон ҳамчунин гуфт, дар даҳ соли гузашта нисбат ба беш аз сад нафар, аз ҷумла 45 додрас, муовинон ва раисони додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Бисёре аз ин ҷиноятҳо ришвахорӣ, қаллобӣ, фаро рафтан аз ваколатҳо, эълони ҳукмҳои ноодилона номбар шуданд.

Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таъйину барканор мешаванд ва танқидҳо зиёданд, ки ҳангоми таъйини онҳо лаёқат ва донишҳо ба қадри кофӣ ба эътибор гирифта намешаванд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG