Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии гуруҳе аз занони қазоқ аз барномаи таъмини манзил


Рӯзи 21-уми май чанде аз модарони серфарзанд дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон талаби бекор кардани "маҳдудият"-и ширкат дар барномаи манзилии "Хонаводаи хушбахт"-ро карданд. Ин барнома барои таъмини қишри осепбазири ҷомеа бо манзили зист равона шудааст.

Заноне, ки пушти дари Вазорати санъат ва рушди зерсохтори Қазоқистон ҷамъ шуда буданд, аз он изҳори норизоӣ карданд, ки соли ҷорӣ тақдими хона танҳо ба 420 оила пешбинӣ шудааст.

"Соли ҷорӣ қабули аризаҳоро кам кардаанд. Тавре маълум шуд, танҳо касоне метавонанд, хона бигиранд, ки то соли 2010 дар навбат сабти ном карда буданд. Касе моро огоҳ накарда буд, ки талабот иваз шудааст. Ман аз соли гузашта ба ин тараф омодагӣ медидам, ҳуҷҷатҳои лозимиро омода кардам. Акнун талошҳои ман барбод хоҳанд рафт", - гуфт Анар Ракимова, модари чаҳор фарзанд, ки дар таҷаммуи занон ширкат дошт.

Бебут Шаханов, муовини раиси кумитаи умури сохтмонӣ ва хоҷагии комуналиву манзилӣ гуфт, ки соли ҷорӣ аз буҷаи давлат барои барномаи "Хонаводаи хушбахт" наздики 118 миллион доллар ҷудо шудааст. Ба гуфтаи вай, ин маблағ байни минтақаҳо тақсим мешавад. Вай афзуд, дар шаҳри Нурсултон тақсими 414 манзил дар назар аст.

"Манзилҳо бо тартиб тақсим мешаванд. Ин ҳам нодуруст хоҳад буд, ки шумо фаразан соли гузашта навбат гирифтед, аммо аз дигарон пештар соҳиби манзил шавед. Аз ҳамин хотир мо маҳдудият ҷорӣ кардем", - гуфт Бейбут Шаханов.

Ин намояндаи мақомоти Қазоқистон афзуд, танҳо дар шаҳри Нурсултон 17,5 ҳазор хонаводаи серфарзанд дар навбати дарёфти манзил номнавис кардаанд.

XS
SM
MD
LG