Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ дар Бишкек зидди қонуни "дасткории иттилоот". Пахши зинда


Гирдиҳамоии эътирозӣ дар Бишкек. 29-уми июни 2020
Гирдиҳамоии эътирозӣ дар Бишкек. 29-уми июни 2020

Дар шаҳри Бишкек ба зидди қонун "Дар бораи дасткории иттилоот" тазоҳурот карданд. Норозиён аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков талаб доранд, ки қонунро имзо накунад.

Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 25-уми июн тарҳи қонун "Дар бораи дасткории иттилоот"-ро қабул карданд. Ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ 79 вакил раъйи мусбат ва 10 тани дигар раъйи манфӣ доданд, аммо қонун ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳоло президент ин имконро дорад, ки қонунро имзо кунад ва ё рад намояд.

Иштирокдорони гирдиҳамоӣ дар Бишкек дар даст шиорҳои "Мо ғулом нестем" доштанд. Пештар рӯзноманигорон, созмонҳои журналистӣ ва фаъолони ҷомеаи маданӣ низ аз президенти Қирғизистон хостанд, қонунро имзо накунад.

Коршиносони расонаӣ ва ҳуқуқшиносон мегӯянд, лоиҳаи қонун озодии баён ва ҳаққи шаҳрвандонро ба дастрасии иттилоот маҳдуд мекунад. Бунёди ҷамъиятии “Институти Медиа Полисӣ” дар муроҷиатномаи худ таъкид намудааст, ки тарҳи қонун “Дар бораи дасткории иттилоот” бо Конститутсияи Қирғизистон ихтилоф дорад.

Тарҳи қонун дар бораи дасткории иттилоот моҳи май аз тарафи вакилони порлумон Гулшот Асилбоева ва Айнура Усмонова таҳия шудааст.

Дар он таъкид шудааст, дар ҳолати нақзи қонун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мавриди то марҳилаи додгоҳӣ маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоотеро мегирад, ки дар он аломатҳои дурӯғ ё иттилои номуътамад мавҷуданд.

Як қатор вакилон зидди ин тарҳи қонун садо баланд карданд. Ба гуфтаи вакил Наталя Никитенко, шаҳрвандони Қирғизистон имрӯз танҳо бо табиат ва озодии сухан метавонанд, ифтихор дошта бошанд.

"Тамоми талошҳо барои маҳдуд кардани озодии сухан барои ҳукумат хеле бад тамом шудааст. Бояд аз таърихи худ ибрат бигирем. Фанновариҳои нав тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст ва ин ҳамаро қатъ кардан имкон надорад. Тарҳи қонун характери сиёсӣ дорад. Кӣ мақоми назораткунанда мешавад? Вазорати фарҳанг? Ниҳоди давлатӣ наметавонад, тамоми маълумотро баррасӣ кунад. Хароҷотро кӣ пардохт мекунад? Тиҷорат? Онро бар шонаҳои андозсупорандаҳо, шаҳрвандони одӣ бор мекунанд. Аз онҳо бипурсед, ки оё розӣ ҳастанд, барои Интернет пули бештар сарф кунанд? Одамон аллакай ҷавоби худро додаанд”, -- афзуд вакили порлумон.

XS
SM
MD
LG