Дар чанд ҷумла
Муҳоҷирон дар Тула аз мақомот хостанд, ки онҳоро баргардонанд. ВИДЕО
Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик аз шароити, ба гуфтаи онҳо, "тоқатфарсо, ҳуҷраҳои нам ва бархӯрди нодурусти нозирон" дар боздоштгоҳи вилояти Тула шикоят доранд.
Онҳо баъди раҳо шудан аз зиндон бояд ба Тоҷикистон фиристода мешуданд, аммо бинобар баста будани марзҳо ва қатъи парвози ҳавопаймоҳо моҳҳо боз дар боздоштгоҳи Тула дармондаанд.
Раҳмоналӣ Мавлонов пас аз 10 соли зиндон акнун ду моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Ӯ рӯзи 29-уми июн дар паёме видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "нозирони боздоштгоҳ ба мо мегӯянд, ба касе даркор нестед. Дар ҳамин ҷо мемиред. Шароити боздоштгоҳ бениҳоят вазнин аст."
Дар поёни паёми видеоӣ аз мақомот хоҳиш шудааст, бошандагони боздоштгоҳ аз Тоҷикистон кумак кунанд, то ҳарчи зуд ба ватан баргарданд.
Мавлонов ва ҳамроҳонаш дар Тула танҳо муҳоҷироне нестанд, ки пас аз солҳо будан дар зиндон дубора дар шароити сахти боздоштгоҳҳо қарор гирифтаанд. 24 муҳоҷири дигари тоҷик, ки низ солҳои дароз дар зиндон буданд ва моҳи апрел муҳлати ҳабсашон ба поён расид, дар боздоштгоҳи Мордовия афтоданд.
Онҳо рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ аз гуруснанишинии худ паём доданд. Талаби онҳо аз мақомоти тоҷик ин аст, ки ҳар чӣ зудтар онҳоро ба Ватан интиқол диҳанд.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пештар бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳ суҳбат карда буданд ва аз онҳо хостаанд, "сабр кунанд".
Бинобар қатъ шудани парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аз нимаи дувуми моҳи март ихроҷ ва ё депортатсияи муҳоҷирони тоҷик ба ватан номумкин шуд ва онҳо дар шароити ногуворе қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо ташкили чанд парвози чартерӣ қисме аз муҳоҷирони дар боздоштгоҳҳо бандмондаро аз Маскав ва Санкт-Петербург бозгардонд.
Мақомоти Русия шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар боздоштгоҳҳо афтоданд ва моҳҳо боз мунтазири ихроҷ аз ин кишвар ҳастанд, ошкор намекунанд.
Аммо дар зиндонҳои Русия бинобар омори охирин 7 ҳазор тоҷикистонӣ адои ҷазо мекунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дафни як ҷавони тоҷик, ки дар Нижнекамск кушта шуд
Рамазоналӣ Басиров, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамск дар Тотористони Русия кушта шуд, дар зодгоҳаш, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, дафн кардаанд.
Як манбаъ дар ҳукумати ин ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ бо ин ҷавон 13-уми август дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача баргузор шуд.
Рамазоналӣ Басиров шаби 9 ба 10-уми август дар ҳамлаи паҳподии Украина ба шаҳри Нижнекамск ҷон бохт. Дар ин ҳодиса се зодаи дигари Тоҷикистон захмӣ шуданд. Ҳашт муҳоҷир аз Узбекистон низ қурбонии ин ҳодиса буданд.
Рамазоналӣ Басиров 30 сол дошт ва ба гуфтаи наздиконаш дар як ширкати сохтмонӣ ба ҳайси ронандаи мошини борбардор кор мекард. Аз ин ҷавон се фарзанд ятим монд.
Намояндагони ҷомеаи тоҷикони Нижнекамск пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки харҷи фиристодани ҷасади Басировро корфармо ва ҳукумати Тотористон пардохт мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ба хонаводаи ин ҷавон ҷуброни молӣ додаанд ё не.
Як фонд ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз медиҳад
Фонд ё Бунёди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои дастгирии буҷа ба Тоҷикистон 200 миллион доллар қарз медиҳад.
Созишномаи мазкурро 13-уми август Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон бо намояндаи навтаъини ин созмони молӣ Ярослав Мандрон дар Душанбе имзо карданд.
Дар гузориши Вазорати молия омадааст, 200 миллион доллар дар се марҳила ба кишвар дода мешавад. Дар навбати аввал Тоҷикистон 100 миллион ва дар ду давраи баъдӣ 50-миллионии дигар дарёфт мекунад.
Аммо шарту шароити ин қарз маълум нест. Намояндагони Вазорати молия танҳо гуфтанд, маблағ “барои таъмини устувории молияи давлатӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ” сарф мешавад.
Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Тибқи омори ахир, Тоҷикистон аз ин созмони молӣ 104,93 миллион доллар қарздор аст.
Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли имсол 2,9 миллиард доллар ҳисоб шудааст. Рақаме, ки ба тақрибан чордаҳ дар сади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст. Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст.
Вокуниши расмӣ ба кушта шудани як сокини Дарвоз аз тири силоҳбадастон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони як сокини Дарвоз, ки аз тири силоҳбадастон аз Афғонистон кушта шуд, изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Дафтари матбуоти президент 14-уми август навишт, Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Дарвоз дастур додааст, ки мақомот ба хонаводаи Ҷасминаи Ширинҷон (Ятимзода) кумак расонда, тарбияи кӯдаки хурдсоли ӯро зери назорат гиранд.
Дар хабарномаи расмӣ бидуни овардани ҷузъиёти бештар омадааст, Ҷасминаи Ширинҷон "13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст".
Мақомот мегӯянд, сохторҳои дахлдор тафтиши қазияро оғоз намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам дар робита ба ин ҳодиса, ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ фиристодааст.
Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки як нусхаи он дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, аз ҷониби Афғонистон талаб шудааст, ки "масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд ва барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.
Навор дар Инстаграм:
Дар бораи кушта шудани ин Ҷасминаи Ширинҷон, сокини 21-солаи деҳаи Даштак дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон нахуст Радиои Озодӣ хабар дода буд.
Чанд манбаи огоҳ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "ин сокини ноҳияи Дарвоз аз шикамаш тир хӯрда, дар роҳ ба сӯйи бемористони марказии ноҳия ҷон дод."
Дар он тарафи марз, дар ноҳияи Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон, даргирии нерӯҳои ҳукумати "Толибон" ва афроди як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ, Ҷумъахони Фотеҳ, ҷараён дорад.
Нусайи Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст.
Лаҳзаи суқути чархбол:
СММ: Миллионҳо зани афғон бо мушкилоти равонӣ рӯбарӯянд
Ҳамзамон бо панҷумин солгарди бозгашти Толибон ба қудрат, бахши занони СММ мегӯяд, аз 10 зан 7 нафари онҳо дар Афғонистон бо мушкилоти равонӣ рӯбарӯ ҳастанд ва маҳдудиятҳои ҷоришуда бар занон ва духтарон, омили асосии ин вазъият мебошад.
Бахши занони СММ рӯзи 12 август дар гузорише ба ҳамин муносибат гуфтааст, ки маҳдудияти дастрасии занон ва духтарон ба таҳсил, кор ва хадамоти тандурустӣ, ҳамчунин хушунатҳои хонаводагӣ, инзивои иҷтимоӣ ва дастрасӣ надоштан ба имконот, аз омилҳои таъсиргузор бар мушкилоти равонии онҳо аст.
Дар ин гузориш омадааст, ки наздик ба 11 миллион зан ва духтар дар Афғонистон ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.
СММ дар ин гузориш гуфтааст, ки аз соли 2021 ба ин сӯ Толибон беш аз 100 фармон алайҳи занон ва духтарон содир кардаанд, ки табъизро ниҳодина ва ҳуқуқи асосии онҳоро нақз кардааст.
Аз замони бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021, маҳдудиятҳои густурда бар омӯзиш ва кори занон ва духтарон вазъ шудааст.
СММ ва шуморе аз ниҳодҳои байналмилалӣ борҳо дар бораи паёмадҳои ин маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии занон ҳушдор додаанд.
Беш аз $400 миллион ёрии амниятии Амрико ба Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида аз соли 1991 то кунун ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 400 миллион доллар кумаки амниятӣ кардааст.
Карсон Релитс Рокер, кордори сафорати Амрико дар Душанбе, дар як нигоштааш гуфтааст, ин ёриҳо асосан барои ҳифзи сарҳад, мубориза бо терроризм, омӯзиши нерӯҳои амниятӣ ва рушди зербунёдҳо дар марз сарф шуданд.
Мақолаи ӯ бахшида ба 250-солагии истиқлоли Амрико ва 35-солагии муносибати Вашингтону Душанбе рӯзи 13-уми август нашр шуд.
Ба иттилои ӯ, Вашингтон дар ин муддат беш аз даҳ дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сохта ё таъмир кардааст. Аз ҷумла, бунёди қисми сарҳадии “Айвоҷ” дар ноҳияи Шаҳритус, ки 14,5 миллион доллар харҷ дошт.
“Ин кумакҳо ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон имкони назорат ба қаламрави васеъ ва кӯҳистонӣ ва имкони вокуниши фаврӣ ба ҳамлаҳо дар сарҳадро медиҳад,” – афзудааст ӯ.
Карсон Релитс Рокер дар мақолааш гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида танҳо дар панҷ соли охир барои беҳтар кардани тавоноиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм қариб 40 миллион доллар додааст.
Вай ҳамзамон аз нақши Душанбе барои пуштибонӣ аз амалиёти байнулмилалии зиддитеррористӣ, баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, ситоиш намудааст.
Ба гуфтаи ӯ, агарчи Тоҷикистон “дар рӯ ба рӯи таҳдиди террористони ҷаҳонӣ ба соҳибихтиёрӣ ва субот” қарор дошт, ба ҳавопаймоҳои Амрико иҷоза додааст, ки дар хокаш поин биоянд ва сӯзишворӣ бигиранд.
Кордори сафорати Амрико бори дигар пуштибонии кишварашро аз Душанбе баён дошта, “Тоҷикистони амну соҳибихтиёр”-ро ба нафъи тамоми минтақа донистааст. “Мо якҷоя муборизаро бар зидди терроризм, ки кишварҳои моро таҳдид мекунад, идома хоҳем дод,” – хулоса кардааст ӯ.
Додугирифти Тоҷикистон ва Амрико зиёд нест, аммо Иёлоти Муттаҳида ҳар сол ба воситаи барномаҳои гуногун ба Душанбе миллионҳо доллар мадад мекунад. Соли 2025 ширкатҳои Тоҷикистону Амрико бо ҳам ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар созишнома имзо карданд.
Карзай гуфтааст, барои беҳбуди кишвараш дар Афғонистон монд
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёии "Корйере делла Сера" гуфтааст, дар Афғонистон монд, то барои беҳбуди вазъи кишвараш талош кунад.
Ӯ гуфтааст, акнун замони оштӣ аст ва кӯшиш мекунад масъалаҳои Афғонистонро аз зовияи "ҷумҳурият" ё "иморат" набинад.
Карзай афзудааст, хосташ фароҳам шудани заминаи зиндагии хуб барои ҳамаи афғонистониҳо ва кор ба нафъу рифоҳи кишвар аст.
Вай дар бораи маҳдудиятҳо бар занону духтарон гуфтааст, "омӯзиш як мавзӯи сиёсӣ нест. Чӣ интихобот бошад ва чӣ набошад, мактабҳо бояд боз бошанд".
Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфтааст, ҳамаи мардуми Афғонистон мухолифи омӯзиши занону духтарон нестанд ва ба нақши таърихии Робиаи Балхӣ, Гавҳаршод Бегим ва Ойиша Дурронӣ дар арсаи омӯзиш ва адабиёт ишора кардааст.
Рӯзномаи итолиёии “Корйере делла Сера” гузориш додааст, ки Карзай дар Кобул зери ҳокимияти “Толибон” амалан дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
Ин мусоҳиба онлайн аз Милан ва пас аз шаш моҳи интизор анҷом шудааст.
Ҳомид Карзайи 68-сола муддати 13 сол Афғонистонро раҳбарӣ кард. Вай соли 2001 ва пас аз фурӯпошии ҳокимияти аввали "Толибон" раҳбари ҳукумати муваққатӣ таъйин шуда буд.
Ҳамлаи Украина ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Русия
Хадамоти амнияти Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар се киштии низомӣ ва баъзе иншооти бандарии Русияро дар пойгоҳи баҳрии "Новороссийск" бо мушак ва паҳпод задаанд.
Бар асоси баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи 12-уми август дар "Телеграм" нашр шуд, ду киштӣ бо номҳои "Адмирал Эссен" ва "Адмирал Макаров" ҳомили мушакҳои "Калибр" будаанд ва киштии севум сӯхтрасон будааст.
Дар баёния таъкид шудааст, ки ҳамла ба ин пойгоҳи баҳрии Русия аз назари стратегӣ аҳамияти зиёде дорад.
"Хадамоти амнияти Украина дар ҳоли кам кардани тавони Русия барои назорати Баҳри Сиёҳ ва истифода аз нерӯҳои баҳрияш барои идомаи ҷанг бо Украина аст," -- гуфта шудааст дар баёния.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бо таъйини ин хабар, эълон кард, ки нерӯҳои кишвараш дар амалиёти густурда ва камсобиқа ба пойгоҳҳои баҳрии Русия дар Новороссийскй ҳамла карданд.
Вазорати дифои Русия ҳанӯз ба иддаои Украина вокунише нишон надодааст.
“Ғарқ шуд.” Марги як марзбони дигари тоҷик дар канори дарёи Панҷ
Як афсари Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ дар канори дарёи Панҷ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ғарқ шуда, ҷон додааст.
Мақомот дар ин бора ҳеч иттилоъ намедиҳанд.
Як манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон 12-уми август бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “капитан Ҷаҳонгир Давлатов 26 сол дошт”.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҳодиса рӯзи 6-уми август дар дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух дода, ҷасади афсарро баъди ташхис ба наздиконаш дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт додаанд.
“Ҷаҳонгир Давлатов ва ҳамкоронаш ба кӯли як корхонаи тило барои оббозӣ рафтаанд. Кӯл чуқур будааст. Ӯ ғарқ шудааст. Ҳамкорон пайкарашро аз об берун оварда, ба мақомот хабар доданд,” -- афзуд манбаъ.
Дараи Зарбуз дар лаби дарёи Панҷ ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Ҳоло дар ин минтақа ду ширкат ба заршӯйӣ машғуланд.
“Ин ширкатҳо барои шустани сангу шағал кӯлҳои калон сохта, об ҷамъ кардаанд,” – гуфт мусоҳиби мо дар ниҳодҳои интизомии Хатлон.
Дар ду моҳи охир ин бори чорум аст, ки афсару сарбозони Нерӯҳои марзбонӣ дар вилояти Хатлон ғарқ шуда, ҷонашонро аз даст медиҳанд.
Мирзобобур Мирраимови 20-сола моҳи июни имсол дар Қубодиён ба дарёи Ому афтод. Дар Идораи ҳолатҳои фақулодаи вилояти Хатлон рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфтанд, ки то кунун ҷасади ӯро наёфтаанд.
Дар охири моҳи июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба рӯдхонаи сероби Панҷ даромада, ҷасадашон баъди чанд рӯз пайдо шуд.
Дуохонӣ бо иҷозаи расмӣ. Тартиби нав дар Тоҷикистон
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон тартиби нави дуохониро муайян кардааст.
Дар Тоҷикистон, ки беш аз навад дарсади аҳолияш мусалмон аст, гоҳе барои табобат, дурӣ аз чашми бад ё ҷинбарорӣ дуо мехонанд.
То кунун ҳар рӯҳонӣ метавонист, ки ба беморон дуо хонад.
Аз ин ба баъд чунин маросимро танҳо рӯҳониёни расмӣ метавонанд анҷом диҳанд. Яъне, аъзои Шӯрои уламо, сархатибҳо, имомхатибҳо, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, муовинони онҳо ва муаззинҳо.
Маросими дуохонии занон ва кӯдакон бе ҳузури шахсони маҳрами онҳо, яъне мардони хонавода, ба мисли падару бародар ва шавҳар манъ шудааст.
Тартиби нави гузаронидани дуохонӣ моҳи июни имсол аз ҷониби раиси Кумитаи дин ба имзо расида, онро хабаргузории "Азия-Плюс" 11-уми август нашр кард.
Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, рӯзи 12-уми август ҳадаф аз қабули тартиби навро "пешгирӣ аз муроҷиати сокинон ба муллоҳои ғайрирасмӣ" донист.
"Вақтҳои охир сокинон ба ном муллову фолбинҳое муроҷиат мекарданд, ки бо амалҳои худ шаъну эътибори рӯҳониёнро паст мезаданд. Ҳамчунин, танзими маросими дуохонӣ аз сӯи рӯҳониён ва ходимони динӣ дар сатҳи қонунгузорӣ буд," – афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки мақомот ин қоидаҳоро барои ҳифзи шаҳрвандон аз ифротгароӣ ва қаллобӣ муҳим медонанд, нозирони ҳуқуқи башар онҳоро маҳдудияти шадиди навбатӣ ба озодии дин мешуморанд.
Покистон аз созиш миёни Эрон ва ИМА дар рӯзҳои наздик хабар дод
Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири дифои Покистон мегӯяд, Эрон ва Амрико ба "шакле аз созиш", наздик шудаанд.
Ин мақомдори баландпояи покистонӣ рӯзи 13 август дар гуфтугӯ бо "Bloomberg" афзуд, "нишонаҳои мушоҳидашуда тайи 2-3 рӯзи ахир далели наздик шудан ба як созиш аст".
Ҳамзамон Муҳсин Нақавӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон, "дар чорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба", ба Теҳрон сафар кард.
Ӯ бо шуморе аз мақомоти эронӣ, аз ҷумла, Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилии Эрон дидор кардааст.
Як муовини Рамазон Раҳимзодаро иваз кардаанд
Дар ҷараёни як тағйироти кадрӣ рӯзии 1 август Ҷамшед Машрабзода, писари Хол Машрабов, раиси собиқи Кумитаи андоз, муовини Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, таъйин шудааст.
Генерал Машрабзода аз моҳи январи имсол то кунун раёсати дастгоҳи Вазорати корҳои дохилиро бар уҳда дошт.
Ӯ 48-сола аст ва хатмкардаи Академияи андоз ё молиёти Русия, Донишгоҳи соҳибкорӣ ва Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Пештар дар Раёсати умури дохилии Душанбе ва баъзе аз ноҳияҳои он ва инчунин дар мақоми раиси Бюрои “Интерпол” ва сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ кор кардааст.
Ҷамшед Машрабзода дар мансаби наваш полковник ё сарҳанг Илҳомиддин Вализодаро иваз кардааст. Вализода низ 48-сола аст ва рӯзи 11-уми август сардори Раёсати умури дохилии минтақаи Рашт таъйин гашт.
Вай аз моҳи апрели соли 2025 муовини вазири корҳои дохилӣ буд.
Дар гузашта дар мақоми сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзободу Вахшу Бобоҷон Ғафуров ва муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон кор кардааст.
Рӯзи 11-уми август дар чанд ниҳоди вобаста аз ВКД низ дигаргунии кадрӣ анҷом гирифтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон онҳоро "кадрҳои соҳибтахассусу варзида" номид. Баъзе аз намояндагони мухолифон онро ҷойивазкунии кадрҳое донистаанд, ки на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим таъйин мешаванд.
Додгоҳи Сурия Башор Асадро дар ғайбаш ба қатл маҳкум кард
Додгоҳе дар шаҳри Димишқ раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия Башор Асадро дар ғайбаш ба эъдом ё қатл маҳкум кард.
Ҳукм рӯзи 11-уми август содир шуд.
Башор Асадро ба "ҷинояти ҷангӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" гунаҳкор донистаанд.
Дар ин рӯз ҳукми қатли Моҳир Асад, бародари Башор Асад ва чанде аз чеҳраҳои ҳукумати пешини Сурия низ содир шуд.
Додгоҳ дар бораи Отиф Наҷиб, писари холаи Башор Асад, гуфтааст, ӯ "шуморе аз боздоштшудагонро шиканҷа карда, масъули марги бисёре аз онҳо аст" ва ба иттиҳоми куштори барқасдона ва шиканҷа ба қатл маҳкум мешавад.
Ҳукумати 51-солаи Ҳофиз ва писараш Башор Асад дар Сурия моҳи декабри соли 2024 дар пайи пешравии чандрӯзаи шӯришиён бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ поён ёфт.
Башор Асад ва ҳамсару фарзандонаш он замон ба Маскав паноҳ бурданд ва зери ҳимояти ҳукумати Русия қарор доранд.
Ҳукумати Башор Асад наздик ба 12 сол бо мухолифонаш ҷангид. Дар натиҷаи ҷангҳои дохилии Сурия зиёда аз 600 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.
Ҳалокати як ҷавон бар асари ҳамлаи гуроз дар Хатлон
Дар ҳамлаи хуки ёбоӣ ё гуроз дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, Давлаталӣ Каримови 33-сола ҷон бохтааст.
Ҳодиса рӯзи 25-уми июл рӯй дода, Радиои Озодӣ ҷузъиётро нав дастрас кард.
Як манбаъ дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рӯзи 11-уми август гуфт, "воқеа замоне рӯй дод, ки Давлаталӣ ҳамроҳи падараш ба кишоварзӣ машғул буд".
"Хук аз пушт ҳамла карда, ба рони пой ва аъзои дигари бадани Давлаталӣ осеби сахт расондааст. Падараш кӯшиш кардааст, ки монеи хунравии зиёд шавад, аммо ӯро наҷот дода натавонистааст," - афзуд мусоҳиби мо. Ӯ нахост, ки номаш навишта шавад.
Гурозҳо дар гузашта ба сокинони гӯшаҳои дигари вилояти Хатлон низ ҳамла ва ё киштзорони онҳоро нобуд кардаанд. Онҳо соли 2015 дар ноҳияи Восеъ як духтари даҳсоларо куштанд.
Ҷангалбонҳо мегуянд, теъдоди хукҳои ваҳшӣ ё гурозҳо дар минтақаи Кӯлоб ба ҳашт ҳазор сар мерасад. Ду сол пеш ин рақам ба панҷ ҳазор баробар буд.
Шикори гуроз дар Тоҷикистон иҷоза дода шудааст, вале бисёре аз сокинон гӯшти онро ҳаром шумурда, шикор намекунанд.
Тасдиқи кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Нижнекамск
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки як шаҳрванди кишвар дар ҷараёни ҳамлаи паҳподӣ ба Нижнекамски Тотористон кушта шудааст.
Як манбаъ, дар Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 11-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди кушташуда Рамазоналӣ Басиров, сокини 30-солаи вилояти Суғд буд.
Дар Вазорат гуфтанд, давоми рӯз маълумоти бештар дар бораи ин нафар пахш хоҳад шуд.
Ҳамла ба Нижнекамск шаби 9 ба 10-уми август рух дод. Мақомоти Русия иддао карданд, ки паҳподҳои украинӣ иншооти мулкӣ ва саноатии Нижнекамскро ҳадаф қарор додаанд.
Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, нерӯҳои ин кишвар ба корхонаи истеҳсоли нафти "Танеко" зарба заданд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки дар ин ҳамла асосан шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 8 узбекистон ва як тоҷикистонӣ кушта шуданд.
Дар ин ҳодиса ҳамчунин ҳудуди 20 шаҳрванди дигари хориҷӣ захмӣ шудаанд. Шахсияти онҳо маълум нест.
Сурия: Бо Русия дар бораи ду пойгоҳи низомӣ ба созиш расидем
Вазорати корҳои хориҷии Сурия эълон кард, ки Димишқ ва Маскав пас аз ҳудуди якуним сол гуфтугӯ, дар бораи сарнавишти ду пойгоҳи низомии Русия дар хоки Сурия ба созиш расиданд.
Хабаргузории расмии Сурия рӯзи 10-уми август ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гузориш дод, ки пойгоҳи ҳавоии "Ҳумаймим" ва пойгоҳи баҳрии "Тартус" бар асоси тартиботи нав ба "Маркази муштараки омӯзиш ва такмили ихтисос" табдил хоҳанд ёфт.
Ба иттилои Димишқ, бар асоси тартиботи нав, манфиатҳои ҳам Русия ва ҳам Сурия ҳифз хоҳад шуд.
Бар асоси ин гузориш, дар тафоҳумномаи ду тараф дастикам се моҳ барои такмили раванди иҷрои созиш дар назар гирифта шудааст ва дар ин байн иншооти ғайринизомии мавҷуд дар ҳар ду пойгоҳ ба ҳукумати Сурия супурда хоҳанд шуд.
Русия ҳанӯз ба таври расмӣ дар бораи ин созиш изҳори назар накардааст.
Асъад Аш-Шайбонӣ, вазири корҳои хориҷии Сурия, рӯзи 9-уми август аз ду пойгоҳи "Ҳумаймим" ва "Тартус" боздид кард, то иншооти шомили ин тафоҳумномаро баррасӣ кунад.
Русия дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия аз муҳимтарин пуштибонҳои президент Башор Асад буд ва ҳузури низомии он дар "Ҳумаймим" ва "Тартус" нақши муҳиме дар ҳимоят аз ҳукумати ӯ дошт.
Сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар соли 2024 зарбае ба нуфузи минтақавии Маскав ворид кард, аммо Владимир Путин аз он замон барои ҳифзи робита бо ҳукумати нави Сурия ва нигаҳ доштани ин ду пойгоҳи Русия дар ин кишвар талош кардааст.
Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури Сурия аз замони ба қудрат расидан то кунун ду бор дар Маскав бо Владимир Путин дидор кардааст. Бо ин ҳол, Димишқ борҳо аз Русия хостааст Башор Асадро, ки пас аз сарнагунии ҳукуматаш ҳамроҳ бо ҳамсараш ба Маскав рафтааст, ба Сурия бозгардонад.