Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли карантин шудани Сафорати Тоҷикистон дар Маскав


Назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Гирифтории се корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба коронавирус тасдиқ шудааст ва эҳтимолан дар сафорат карантин эълон шавад.

Дар Сафорати Тоҷикистон рӯзи 14 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукумати Русия аз онҳо дархост кардааст руйхати кормандонеро, ки бо ин се нафар тамос доштанд, дар ихтиёри онҳо гузорад.

Бар асоси меъёрҳои беҳдоштӣ дар Русия, афроде, ки бо гирифторони коронавирус тамос доштанд, аз ташхис мегузаранд ва то 14 рӯз ба карантин фаро мешаванд.

"Дар асл ҳама кормандони сафорат бо ин се нафар тамос доштанд. Аммо ҳанӯз сафорат ба хулосае наомадааст, ки ба кадом шакл кор кунад",- гуфт як ҳамсӯҳбати мо дар Сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Охири моҳи май мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро ба роҳ мондаанд ва шаҳрвандони ниёзмандро бо навбат ба ватан бармегардонанд. Пас аз ин дар назди сафорат муҳоҷироне, ки хоҳиши бозгашт ба ватанро доштанд, ҷамъ омаданд.

Ҳафтаи гузашта онҳо эътироз карданд, ки сафорат дар руйхат онҳоеро ҷой додааст, ки дар асл ниёзманд нестанд. Сафорат иддаои онҳоро рад мекунад ва мегӯяд, дар навбати аввал занони ҳомила ва маъюбонро ба ватан бармегардонанд.

Дар сафорати Тоҷикистон гуфтанд, ки дар сурати эълони карантин дигар муҳоҷиронро қабул карда наметавонанд ва корро бо шеваи бархат ё онлайнӣ ба роҳ мемонанд.

Нигаронӣ аз талошҳои бесарусомони бозгашти муҳоҷирон ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

XS
SM
MD
LG