Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон нашри матолиб дар матбуоти чинӣ дар бораи марзи ду кишварро "ғаразнок" номид


Ноҳияи Мурғоб дар матлаби журналисти чинӣ бо номи "Помир" ёд шудааст
Ноҳияи Мурғоб дар матлаби журналисти чинӣ бо номи "Помир" ёд шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашри бархе матолиб дар матбуоти чиниро дар бораи марзи давлатии ду кишвар “ғаразнок” номида, аз ин кишварҳо хостааст, ки барои “роҳ надодан” ба чопи чунин матолиб “тадбирҳо андешанд”. Дар як хабари вебсайти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 23 июл гуфта мешавад, ки ин мавзӯъ дар сӯҳбати фосилавии 22-юми июли муовини якуми ВКХ Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Чин дар Душанбе Лю Бин матраҳ шудааст. Дар ин хабар бидуни овардани ҷузъиёти марбут ба нашрияву муҳтавои матолиб, гуфта мешавад, ки “зимни баррасии масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ ҷалб кард, ки мавзӯи марбут ба марзи давлатии ду кишварро ба гунаи ғаразнок бозтоб намудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки пойгоҳҳои хабарии чинӣ муддати охир мақолаеро бо номи "Тоҷикистон бо хоҳиши худ ҳудуди Чинро баргардонд ва суфакӯҳи гумшудаи Помир ба соҳибаш баргашт" нашр мекунад, ки дар он дар мавзӯи заминҳои ба Чин додаи Тоҷикистон хабар дода мешавад. Дар ин матлаб бо такя ба маъхазҳои таърихии Чин ва бе нигоҳе ба сарчашмаҳои таърихии дигар, аз ҷумла муаррихори тоҷик, муаллиф Чу Йао Лу гуфтааст:

"Дар охирҳои ҳукмронии сулолаи Синҳо (1644-1912) бо фишори Ғарб чанде аз ҳудудҳои таърихии Чин пароканда шуданд ва давлат рукуд кард. Баъди асос гузоштан ба давлати навини Чин (1911) баргардонидани заминҳои аздастрафта дар садди аввали ҳукуматдорон буд. Чанде аз ин ҳудудҳо баргардонида шуданд, вале чанде дигар ҳамоно дар ихтиёри ҳамсоякишварҳост. Яке аз ин минтақаҳои хеле қадимӣ Помир ном дорад, ки бо фишори қудратҳои ҷаҳонӣ тӯли 128 сол аз ҷуғрофиёи Чин берун афтода буд".

Инҷо манзури нигоранда аз "қудратҳои ҷаҳонӣ" Русия ва Бритониёи Кабир аст. Вале ба андешаи муаллиф бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ фурсати муносибе расид ва гӯё дасти қудрати Чин дарозтар намуд: "Дар оғози Тоҷикистони навин, ки дар шароити сахти иқтисодӣ қарор дошт, Чин хеле кӯмакҳои "софдилона" намуд. Ҳамин кӯмакҳо боис шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ташаббуси баргардонидани "заминҳои аздастрафта" -ро намуд. Билохира соли 2010 ин гуфтугӯ байни ду кишвар ниҳоӣ шуд ва Чин дубора ба 1158 километри мураббаъ ё квадратии ҳудуди аздастрафтаи худро соҳиб гардид.

Соли 2011 ин минтақаи Помир ба ватани аслии худ, ки 128 сол аз он ҷудо гардида буд, расман пайваст шуд". Ин дар ҳолест, ки мақомот дар Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, 1100 (на 1158) километри квадратӣ дар натиҷаи "ғалабаи дипломатӣ" (ибораи вазири собиқи умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ) ба Чин дода шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар хабари рӯзи 23-юми июлаш мушшахасан ба ин матлаб вокуниш накарда ваё онро мавриди суол қарор надодааст. Танҳо ишора кардааст, ки «бо дарназардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд».

Тасмими мақомоти тоҷик барои ба Чин додани бахше аз қаламравҳо мавриди интиқоди зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG